ИЛМУ МАОРИФ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

(30.05.2024, шаҳри Душанбе)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди мушкилоти замон, соҳаи маорифро аз муҳимтарин самтҳои пойдорию бақои давлат ва рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ эълон ва ба такомулу тараққии он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд карданд, ки «Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд».
Миллати тоҷик дар дарозои таърих бо абармардони бофазлу дониш ва родмардону давлатмардони меҳандӯсташ дар олами мутамаддин ба ҳайси мардуми тамаддунофар эътироф гардидааст. Агар ба саҳифаҳои таърихи миллати хеш бо таҳқиқ назар кунем, шоҳиди бузургтарин дастоварду комёбиҳои ин миллати бохираду донишманд мегардем, ки бо неруи тавонои ақлонии худ аҳли оламро ба некию некукорӣ, ахлоқи ҳамида, меҳандӯстию инсонпарварӣ ҳидояту раҳнамоӣ кардаанд. Дар замони муосири давлатдории миллӣ маҳз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли илму маориф ва ҷомеа мунтазам дастоварду мушкилоти ин ё он соҳаи ҳаётан муҳимми кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳо ва баҳри расидан ба дастовардҳои бештар дастуру ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунанд. Дар суханронии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024) низ ба таври фарогир дастовард ва мушкилоти ин соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.
Нақши зиёӣ дар ҷомеа
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид намуданд, ки «мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».
Аз саҳифаҳои таърих бармало мегардад, ки маҳз устодону омӯзгорон ҳамчун неруи пешбаранда дар ҷомеа нақши барҷаста доранд. Онҳо неруи интиқолдиҳандаи тамаддуну фарҳанг ва илму дониши гузаштагон ба наслҳои оянда ба ҳисоб рафта, дар ин миён робитаи байни омӯзгору шогирд бар пояи меҳру ихлос ва эҳтиром сурат мегирифт.
Афкори таълимию тарбиявии мутафаккирони барҷаста Унсурулмаолии Кайковус, Носири Хусрав, Фаридаддини Аттор, Низомулмулк, Абулмаҷди Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ ва дигарон имрӯз низ аҳаммияти баланди таълимию тарбиявӣ доранд.
Ба ин мазмун, тадриҷан афкори педагогии мутафаккирони тоҷик такмил ёфта, онҳо ҷойгоҳи илму донишро дар ҳаёти инсон ва ҷамъият муҳим арзёбӣ кардаанд. Мусаллам аст, ки илму дониш ба рафтору кирдор ва муносибати инсон таъсири амиқ мерасонад, аз ин рӯ, дар ин самт, ҳар як шахс бояд мунтазам бо омӯзишу мутолиа ва фаро гирифтани донишҳои муосир талош варзад.
Ҳамзамон, дар осори арзишманди ниёгонамон мавқеи омӯзгор шоиста арзёбӣ гардида, дар ҷодаи таълиму тарбия дар байни толибилмон соҳиби обрӯю эътибори баланд мебошад ва ба пешаи худ муҳаббат дорад. Ӯ бо рафтори худ бояд дар ниҳоди шогирдон хислатҳои ҳамидаи инсониро парвариш бахшида, аз нигоҳи равониву педагогӣ қобилияти хонандагонро рушд диҳад. Дар зимн, муаллим бояд аз ҷиҳати ахлоқӣ, эстетикӣ, донишу ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ҳамидааш тавонад инсони шоистаро ба камол расонад, зеро ҳар як амал ва дар умум, зоҳиру ботини ӯ ба хонандагон намунаи ибрат бошад.
Ҳангоми тадрис истифода аз осор ва андешаҳои педагогии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар шоирону мутафаккирони тоҷику форс манфиатбор буда, бешубҳа, ба ташаккули инсони солим ва дорои ҷаҳонбинии пешрафта мусоидат бинмуда, дар тарбияи насли навраси ватандӯст саҳмгузор аст.
Маориф – омили рушди кишвар
Рушди босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ, ҷорӣ гардидани технологияҳои нав, вусъати ҷараёни ҳамгироӣ, аз байн рафтани марзҳо барои интихоби ҷойи истиқомат, таҳсил ва кор ба дӯши низоми маориф вазифаҳои муҳимро вогузор мекунад. Дар кишварҳои пешрафта низ гоҳо рушди низоми маориф аз суръати рушди иқтисод қафо мемонад. Таъмини рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонии меҳнат ва ба талаботи он ҷавобгӯ сохтани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ саъйю талоши мудовимро тақозо мекунад.
Вобаста ба хусусиятҳои ҳар давр ва ҳадафу мақсадҳои мушаххасе, ки дар назди соҳаи маориф қарор дорад, соҳаи маорифи кишварро дар даврони истиқлол метавон ба панҷ марҳала ҷудо кард:
Марҳалаи якум. Солҳои навадуми асри гузаштаро дар бар мегирад. Мусаллам аст, ки дар оғози истиқлол Тоҷикистон гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки дар он замон татбиқи ҳадафҳои нави соҳаи маориф мураккабу мушкил буд. Аз ин рӯ, дар он замон, асосан, ба нигоҳ доштани кадрҳо ва фаъолияти бонизоми муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин, барқарор кардани муассисаҳои таълимии харобгардида эътибор дода шуд. Хусусан, барқарору таҷдид ва бунёди муассисаҳои таълимии нав зиёд гардид.
Марҳалаи дуюм. Барқарории сулҳу субот дар кишвар имкон фароҳам овард, ки дар даҳсолаи дуюм (2001-2010) тарҷумаи китобҳои дарсӣ аз забони русӣ, таҳияи китобҳои нав бо забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба роҳ монда шавад. Дар зимн, бо ҷорӣ намудани муносибатҳои нав дар раванди ба роҳ мондани таълиму тарбия қадамҳои устувор гузошта шуда, ба омода кардани омӯзгорони ҷавон ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони варзида корҳои муфид анҷом пазируфт. Дар ин давра, заминаҳои қонунгузорӣ ва таҳияи асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф оғоз гардида, тадриҷан таҳким ёфт.
Марҳалаи сеюм. Солҳои 2010-2015-ро дар бар мегирад. Аз оғози соли 2010 бори аввал дар кишвар ҷалби муаллифон дар асоси озмун ва таҳияи китобҳои дарсии ба истилоҳ насли нав аз забони модарӣ ва математика барои синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шуд. Ҷорӣ гардидани маблағгузории сарикасӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ва низоми кредитии таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ аз муҳимтарин дастовардҳои ин давра ба ҳисоб меравад.
Марҳалаи чорум. Дар ин давра (солҳои 2015-2020), пеш аз ҳама, нақшаву барномаҳои таълим таҷдиди назар карда шуд. Ҷорӣ шудани муносибати босалоҳият ба таълим, зарурати такмили барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ ба миён омад ва ин ҷараён то имрӯз идома дорад.
Марҳалаи панҷум. Аз соли 2020 то имрӯзро дар бар мегирад. Ин давра ҳам аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва ҳам аз ҷиҳати шаклу сохтор ба рушди соҳаи маориф такони ҷиддӣ мабахшад. Қабули «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муҳимтарин дастоварди давраи нав мебошад.
Ин ҳама гувоҳи он аст, ки низоми маориф ҳамеша дар ҳоли тағйироту таҳаввулот ва ислоҳоти ҷиддӣ қарор дорад ва ҳамқадам бо замон рушд менамояд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, муассисаҳои типи нав, яъне, гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем».
Таваҷҷуҳ ба рушди сармояи инсонӣ
Ҳукумати мамлакат ба таълиму тарбия ва дастгирии хонандагону донишҷӯёни лаёқатманд мунтазам таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Бо таъмин гардидани Ваҳдати миллӣ ва оғози ҳазораи нав сармоягузорӣ ба маорифи миллӣ бештар гардид. Дар баробари ин, Пешвои миллат мунтазам бо аҳли илму маориф вохӯриву суҳбатҳо оростанд, ки ба пешрафту рушд ва таҳкими соҳаҳои маориф ва илм мусоидат карданд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маориф мулоқот анҷом дода, ҳамеша таъкид менамоянд, ки маҳз омӯзгорон ва аҳли илму маорифи кишвар дар душвортарин рӯзҳо дар паҳлуи ман буданд, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат ва Президентро дастгирӣ, ташвиқ ва татбиқ намуда, аҳли ҷомеаро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, амният ва оромию осоиштагӣ ҳидоят менамоянд.
Маълум аст, ки фазои сиёсии ҷаҳони муосир рӯз то рӯз буҳронию ноамн мегардад ва муборизаи давлатҳои абарқудрат барои пиёда намудани манфиатҳои хеш бештар мешавад. Дар ин миён, дар сиёсати ҷаҳонӣ муборизаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, пайдо шудани ҷараёнҳои тундгаро, тағйирёбии иқлим ва ғайра баҳсҳои зиёде ба вуҷуд меорад, ки дар ин замина танҳо шахси худшиносу худогоҳ ва донишманду ватандӯст метавонад мубориза барад. Бинобар ин, сармоягузорӣ ба неруи инсонӣ асоси пойдориву устувории давлату миллат ва сулҳу субот ба шумор меравад. Дар чунин шароити хатарзо ва пуртаҳдид бо ҳифзу нигоҳ доштани падидаҳои сиёсии истиқлолу ваҳдат ва суботи сиёсӣ танҳо ҷомеае пойдор мегардад, ки дорои илму дониш ва маърифати баланди худшиносӣ бошад.
Аз ин рӯ, дар шароити муосири давлатдорӣ бо дарназардошти равандҳои зикршуда зарур аст, ки низоми таълиму тарбия дар заминаи арзишҳои миллӣ амалӣ карда шавад, зеро гиромидошти арзишҳои миллӣ ва тарғибу ташвиқи онҳо яке аз омилҳои пойдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Хушбахтона, дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоии Пешвои миллат маорифи миллӣ ташаккул ёфта, ба ин васила, тадриҷан бо амалӣ намудани як қатор барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва бунёди иншооти муосири таълимӣ ба ҳадафҳои олии хеш наздик мегардем.
Ба ин маънӣ, маорифи миллии кишвар рушд мекунад, мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва сатҳу сифати таълим баланд мегардад. Шоистаи таъкид аст, ки шароит, фазои корӣ ва зиндагии омӯзгорон дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар гардида, мунтазам маоши онҳо ва дигар кормандони соҳаи маориф баланд бардоштаву зиндагиву шароити маишии онҳо созгор мешавад.
Анҷом
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар мулоқоти аввалин (28-уми августи соли 1995) бо фаъолони соҳаи маориф таъкид карда буданд: «То замоне ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавият, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст».
Албатта, аз он замон то имрӯз тадбирҳои зиёд андешидаву роҳандозӣ гардида, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон таъмин ва шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Таҷдиди мазмуну мундариҷаи таҳсилот, ки ҳам ба милликунонии таҳсилот ва ҳам барои воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот замина гузошт, аз дастовардҳои муҳимми замони истиқлол дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, стандарт, нақша ва барномаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар ва ба арзишҳои миллӣ мутобиқ гардонда шуданд. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ- гуманитарӣ дар заминаи арзишҳои миллӣ ва пешрафта ҷорӣ шуд. Моро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, педагогикаи миллии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои умумибашарӣ роҳандозӣ намоем. Дар ин замина, Пешвои миллат бамаврид таъкид карданд: «Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла, ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст».
Эҳсон САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»