Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ (27 июни соли 1997) дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Бунёди роҳу пулҳо, нақбу неругоҳҳо, сохтмонҳои азими саноатӣ, муассисаҳои нави таълимию фарҳангӣ ва ғайра аз ҷумлаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд, ки кишвари моро ба марҳалаи сифатан нави рушду пешрафт ворид намуд. Дар баробари ин, Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардад. Ба роҳ мондани равобити хориҷӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари озоду соҳибистиқлол аз муҳимтарину мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ва сиёсати хориҷӣ дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёфт. Бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд, нақшаву барномаҳои бунёдкоронаву созанда, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба ҷомеаи байналмилалӣ шиносониданд, ки дар таърихи навини сиёсати хориҷии Тоҷикистон он рӯз воқеан, муҳим ба шумор меравад. Рӯйдоди мазкур бо мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ, аз як тараф, баҳри кормандони дипломатияи кишвар судманд бошад, аз ҷониби дигар, барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад.
Ҳамин тариқ, зина ба зина сиёсати хориҷии кишвар рушду такомул ёфта, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, марбут ба об, масоили экологӣ ва ҳифзи пиряхҳо бузург гардид.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин намудани мардуми сайёра бо оби ошомиданӣ, ҳалли проблемаҳои экологӣ ва ҳифзи пиряхҳо саҳми босазо мегузоранд. Бо ташаббус ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмин бо оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Пешниҳодҳои мазкур ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолият дар самти пешгирии хатарҳои тағйирёбии иқлим, таъмини мардуми сайёра бо оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо мусоидат мекунанд. Масъалаи норасоии оби ошомиданӣ мушкилоти тамоми аҳли сайёра мебошад ва ҳар сол ҳазорон нафар аз истеъмоли оби ифлос ба ҳалокат мерасанд ва барои ҳалли ин мушкилот шахсе зарур буд, ки талош намояд ва ин мавзуъро дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дарвоқеъ, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ, ҳифзи пиряхҳо, таъмини аҳли сайёра бо оби ошомиданӣ бузург буда, ҳалли онҳо дар пешгирии паёмадҳои офатҳои табиӣ ва ҳифзи саломатии аҳли сайёра такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамин аст, ки аз замони расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушди соҳаҳои кишвар ба ташаббусҳои башардӯстона низ таваҷҷуҳ ва нигоҳи аҳли сайёраро ба ин проблемаҳо ҷалб карданд, ки ҳалли онҳо ногузир аст. Пешниҳоди нахустин дар он замон, ки кишвар аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ нав раҳо гардида, мушкилоти зиёде дар соҳаҳои хоҷагии халқ вуҷуд дошт, аз як тараф, ташаббускору дурандеш будани Пешвои миллатро бозгӯ кунад, аз ҷониби дигар, аз зуҳур ёфтани симои барҷастаи ин шахсияти таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки мехоҳад, ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳиду ваҳдатгаро бошад ва дар роҳи таъмини хушиву саодат талош намояд.
Дар ин самт нахустин пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ (1 октябри соли 1999) вобаста ба эълон намудани соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза мебошад. Дар асоси ташаббуси мазкур 20 сентябри соли 2000-ум дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид. Бори нахуст дар шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид, ки дар он масоили умдаи таъмин намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо оби тоза мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нуктаи муҳим он аст, ки форуми мазкур заминаи воқеиро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо аксар кишварҳои сайёра ба вуҷуд овард ва нишон дод, ки дар оянда масъалаи тағйирёбии иқлим ва нарасидани оби тоза ба мушкилоти асосии сайёра табдил меёбад. Зарур аст, ки дар ин самт ҳамкориҳоро тақвият бахшид ва дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат намуд.
Дуюм, барои боз ҳам вусъат бахшидани фаъолият дар ин самт пешниҳоди дигари Сарвари давлат 23 декабри соли 2003 дар Маҷмаи умумии СММ вобаста ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” қабул гардид. Дар ин замина Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул намуд ва солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. Аҳамияти даҳсолаи мазкур аз он иборат аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан ба ҳалли мушкилоти оби сайёра талош варзид.
Сеюм, эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010) мебошад. Дар заминаи ташаббуси мазкур, 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар ҷамъбаст эъломияи он, барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ва натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул шуд.
Ташаббуси мазкур ҳамкориҳои устуворро миёни давлатҳои ҷаҳон қавӣ гардонд ва табодули афкорро миёни пажуҳишгарон вусъат бахшид. Ин омил нишон медиҳад, ки маҳз ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад дар роҳи ҳалли проблемаҳои сайёра мусоидат намояд.
Иқдоми чоруми Тоҷикистон, ки дар форуми 7-уми умумиҷаҳонии об, моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ муаррифӣ гардид, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифт. Вобаста ба ин, 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қабул намуд, ки он аз 22 марти соли 2018 шуруъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қабул кард.
Мусаллам аст, ки об ҳамчун омили муҳимми рушди устувор ва зиндагибахши ҳаёти инсоният мебошад. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ниёз дорад ва он заминаи рушди кишварҳои ҷаҳон дониста мешавад. Бо тараққиёти технология ва зиёд гардидани корхонаҳои саноатии бузург, тағйирёбии иқлим мушкилоти оби тозаро дар ҷаҳони муосир ба вуҷуд овардааст.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» (20.06.2018, ш. Душанбе) таъкид доштанд, ки «дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани мушкилоти иқтисодӣ мегардад. Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди об метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфиро ба бор орад. Маҳз ҳамин ду омил – тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард».
Дарвоқеъ, даҳсолаи мазкур, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳо ба вуҷуд меорад ва метавон ҳалли мушкилоти мазкурро дар ҳамбастагӣ бартараф кард. Гузаронидани конфронсу симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ ва қабули қарору эъломия вазифаҳои мушаххасро дар назди аҳли ҷомеа мегузорад ва кишварҳои ҷаҳонро водор месозад, ки бештар ба «энергияи сабз» таваҷҷуҳ намоянд, ки ин омил, аз як тараф, неруи барқи аз ҷиҳати табиӣ бехатар ба аҳолиро таъмин мекунад, аз ҷониби дигар, вазъи экологии ҷаҳонро ба танзим медарорад ва мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаро бартараф месозад.
Дар шароити бавусъати тағйирёбии иқлим, ки ҳифзи манбаъҳо ва таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, дар ин ҷода Тоҷикистон давлати ташаббускору пешгом дар сиёсати ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27, 07.11.2022, Миср) зикр намуданд, ки «…ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-юм қарор дорад, яъне, аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд».
Ибтикори панҷуми Тоҷикистон, эълон намудани соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо» такмилбахши ташаббусҳои пешин буда, зарурати нигоҳдории бойигариҳои табиатро маънидод мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаву ташаббускор доир ба ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, ҳомии оби тоза ва кӯҳҳо дар ҷаҳон шинохта шудааст, ки ин ба татбиқи Рӯзномаи рушди устувор-2030 иртибот мегирад.
Ин эътироф ва қадршиносии ҷомеаи ҷаҳонӣ далели он аст, ки кишвари Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат ва муаррифии кишвар дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Дар доираи ин ташаббусҳо стратегия, санадҳои муҳиму зарурӣ ва ҳамкории муштарак ҷиҳати пешгирии ҳифзи ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ мусоидат хоҳанд кард.
Таҳқиқ таҳлилу муайян мекунад, ки масъалаҳои тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ва дигар мушкилот дар оянда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дошта, хисороти зиёдеро ба бор хоҳад овард. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли онро пешниҳод кардаанд. Маълум аст, ки ҳодисаҳои табиатро бартараф намудан аз доираи неруи инсон берун аст, вале имкон дорад, ки онҳо пешгирӣ ва ё кам карда шаванд. Дар ин замина зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи дуруст ва самараноку муфиди манбаъҳои табиат эътибор диҳем. Яъне, инсонро зарур аст, ки бо табиат муросо намояд ва ҳаргиз зидди он амал накунад, ки ба гармшавии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо оварда расонад. Дар ин самт ҷомеаи ҷаҳониро мебояд, дар ҳамбастагӣ амал кунад, ҷиҳати пайдо кардани роҳҳои ҳалли баромадан аз бунбасти экологӣ пажуҳишҳои фарогирро пешниҳод намояд. Пешниҳодҳои байналмилалии Тоҷикистон низ ба ҳамин самт нигаронида шудаанд, то кишварҳои ҷаҳон дар ин масъала маблағгузориро бештар намоянд ва хушкшавии дарёву баҳрҳоро пешгирӣ кунанд. Дар замони муосир тағйирёбии иқлим бештар ба омилҳои инсонӣ рабт мегирад ва бепарвоии одамон бо партовҳои газҳои гулхонаӣ ба гармшавии иқлим дар сайёра оварда мерасонад. Дар баробари ин, таҳқиқҳои густурда дар сатҳи ҷаҳонӣ бояд сурат гирад ва роҳҳои пешгирии мушкилоти экологӣ нишон дода шавад. Инчунин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои пажуҳишӣ бояд дар сатҳи баланд ҷараён гирад, то муайян карда шавад, ки сабаби обшавии бусуръати пиряхҳои кишвар кадом аст ва омилҳои пешгирии он бо истифода аз технологияи пешрафта мушаххас гардад.
Шоистаи таъкид аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ба таври фарогир инъикос ёфтаанд, ки аз як ҷониб, нақши Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон нишон диҳанд, аз сӯйи дигар, ба баланд шудани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби пажуҳишгарону публитсистон ба таври фарогир омӯзишу таҳқиқ ва дар ин боб китобу рисолаҳои арзишманд таълиф шавад.
Воқеан ҳам, ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари озоду соҳибистиқлол баланд гардонд ва нақши Сарвари давлати тоҷиконро ҳамчун шахсияти таърихӣ дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври аҳсан нишон дод.
Насриддин ОХУНЗОДА,
номзади илми филология