ДАР ТАРБИЯ ҲАМА МАСЪУЛАНД

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 13 сол сипарӣ мегардад. Тайи ин муддат дар иртибот ба талаботи моддаву бобҳои он, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва пешгирии насли наврас ва ҷавонон аз амалу рафторҳои номатлуб дар муассисаҳои таълимӣ, идораву корхонаҳо ва амсоли инҳо корҳои зиёди назаррасе анҷом дода шуданд. Аммо, бо вуҷуди ин, дар ин масъала, мақомоту ниҳод, алалхусус, муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон масъулияти тарбияи насли наврасро ба дӯши якдигар ҳамл карда, ба таври фарогиру ҳамаҷониба ба иҷрои қонуни мазкур муносибати яктарафа зоҳир менамуданд. Ҳосил он гардид, ки на ҳамеша ва на ба гунаи ҷиддию масъулиятхоҳона ба тарбияи хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир мегардид ва ҳолатҳои қонунвайронкунию даст ба амалҳои ҷиноӣ задан аз ҷониби насли наврас ва ҷавонон зиёд мушоҳида шуд. Маҳз ба ҳамин масъала дахл карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо таассуф зикр намуданд: «Ҳамзамон ба ин, таъкид месозам, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи кишвар дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст». Аз ин рӯ, зарурати дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир қабул кардани қонуни зикршуда ба миён омад. Дар ибтидои моҳи май лоиҳаи қонун дар таҳрири нав дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Номи ин санади муҳим ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иваз карда шуд. Дар таҳрири нави қонун якчанд модда илова шудааст. Акнун дар таълиму тарбияи насли наврас на танҳо волидон, балки дигар ниҳоду сохторҳо, аз қабили омӯзгорону муассисаҳои таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомеа масъул буда, дар сурати рух додани ҳодисаю амалҳои номатлуб ҷазои маъмурӣ барои масъулон яксон аст.
Қонуни мукаммалгардида аз 7 боб ва 25 модда иборат аст. Ҳамчунин, дар моддаи 8-и қонун ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати муайян кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон ва дар моддаи 9 ваколатҳои ин мақом барои амалӣ гардондани сиёсат дар ин самт муқаррар шуданд. Ҳамчунин, дар масъалаи фарзандони худро таҳти сарпарастии хешу пайвандон гузоштану бе расмиёт ба давлатҳои дигар сафар кардани падару модарон мушкилиеро дар қонун ба вуҷуд оварда буд. Дар таҳрири нави қонун ин мушкилот бартараф гардида, дар сархати 7, моддаи 1 дар баробари падару модар, ҳамчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак, воқеан, дар таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд.
Мусаллам аст, ки тибқи қонуни ҷадид таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ то синфи 11 ҳатмӣ гардид. Вобаста ба ин, дар заминаи тағйиру иловаҳо, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои волидоне, ки садди роҳи фарзандонашон баъди хатми синфи 9 мегарданд, шадидтар мешавад. Дар робита ба тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҷумҳурӣ низ ислоҳоту дигаргунӣ (дар моддаҳои 90 ва 464) ворид карда хоҳад шуд. Дар ин замина, чанде қабл аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва ба он як силсила тағйироту иловаҳо ворид гардид. Аз ҷумла, барои минбаъд дар рӯзҳои иди Рамазону Қурбон ид намудани кӯдакон манъ карда шуд. Чунин тағйироту иловаҳо ба моддаи 9-и лоиҳаи Қонун «Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид гардид, ки мувофиқи он дар рӯзҳои Рамазон ва Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд.
Дар воқеъ, дар боби 1-и қонуни зикршуда «Муқаррароти умумӣ» дар моддаи «Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур таъкид гардидааст:
1.Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст. Қонун, ҳамчунин, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст. Мақсад аз тағйироту иловаҳо ба ин қонун дар масъалаи исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак), тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, падару модарон дар ҳамкории самарабахш бо муассисаҳои таълимӣ бояд барои пешгирии рафтору амалҳои аз ҷониби наврасон – хонандагон тибқи қонун манъшуда саъйю талош намуда, дар ин масъала дар ҷамъомадҳои умумимактабӣ ин тағйироту иловаҳоро ба мактабиён шарҳу тавзеҳ бидиҳанд. Тайи чанд соли охир тақлид ва пайравии кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона ба як раванди фарогир табдил гардид. Кор то ҷое расид, ки волидон на танҳо худ либосҳои миллатҳои дигарро ба бар мекарданд, балки чунин тарзи либоспӯширо ба писарону духтарони худ талқину таъкид менамуданд. Дар натиҷа ҷомеаро фавҷи наврасону ҷавонони либосҳои ба фарҳанги мо бегона ба баркарда фаро гирифт. Дар ин маврид як нуқтаро зикр кардан аз фоида холӣ нест, ки ҳар амали тақлидгароёна дар заминаи ноогоҳӣ аз моҳияту ҳадафи пешниҳодшудаи ин ҷузъиёт (аз қабили либосҳои фарҳангӣ бегонаро ба бар кардану риш мондан ва ғайра) сурат мегирифт, ки ҳамакнун тибқи тағйироти воридшуда ба Қонуни зикршуда «воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид». Дар хусуси тантанаҳои намоишкорона ҳангоми бозгашти ҳоҷиён бо оростани зиёфатҳои пурдабдаба низ солҳои охир дар васоити ахбори омма сару садоҳо зиёд паҳн гардиданд, ки ҳосили ин ҳама маъракаҳои бемоҳият ба ҷуз харҷу исрофи беҳуда чизи дигаре набуд. Моддаи 13–и қонун минбаъд дар доираи оила гузаронидани маъракаҳои гуселу пешвози ҳоҷиёнро пешбинӣ карда, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шудааст.
Ҳамчунин, дар моддаи 10-и қонуни болозикр – «Тӯйи домодию арӯсӣ» тағйирот ворид ва гузаронидани на зиёда аз 2 маърака пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари ба тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуд.
Дар ин қисмати тағйироту иловаҳо ба сокинони кишвар тавсия ва пешниҳод мегардад, ки маблағҳои барои додани зиёфат ё оши тӯйро ба иҷрои амалҳои хайр сарф намоянд.
Дар умум, дар асоси ин тағйироту иловаҳо бояд қайд кард, ки масъулияти падару модарон ва омӯзгорон баланд гардида, онҳо муваззафанд, ки назоратро аз болои амалу рафторҳои наврасону мактабиён тақвият бахшида, нагузоранд, ки онҳо муқаррароти мавҷудаи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон карда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро дар боби 5-и қонун «Муқаррароти хотимавӣ», моддаи 15-«Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур» возеҳу равшан таъкид гардидааст:
1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бо ин мақсад беҳ мебуд, то талаботи қонуни зикршуда бо тағйироту иловаҳои воридкардашуда аз ҷониби ҳамагон риоя гардад ва ба амалҳои исрофкорона роҳ дода нашавад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»