ҚУДРАТУ ЭЪҶОЗИ СУХАНИ ҲОФИЗ

Дар адабиёти классикии тоҷику форс ҳар як шоир бо маҳорату ҳунари сухангустарии худ ҷойгоҳи хосаро дорост. Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад мулаққаб ба Ҳофиз, яке аз шоирони нобиға ба шумор рафта, дар сархати соҳибдевонҳои машҳуру мондагори адабиёт қарор дорад. Дар хусуси қудрати сухани муъҷизаомези шоири «лисонулғайб» донишманди фарҳехтаи тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар матлаби «Шоири шоирони асрҳо ва наслҳо», аз ҷумла, чунин гуфтааст:
«Мутолиаи «Девон»-и ин бузургтарин гӯяндаи ғазал ва садрнишини он дар тамоми давру замонҳо, пеши ҳамаи миллатҳо ва қавмҳо моро ба ин натиҷа овард, ки сабке, ки дар ғазали форсии тоҷикӣ бо номи сабки Ҳофиз ё ғазали ҳофизвор шуҳрат дорад, дорои унсурҳои зерин аст.
1. Корбурди хуштарину зеботарин, поку беғаштарин, латифтарину дилкаштарин, ширинтарину мавзунтарин таркибу таъбир. 2. Унсури дигари барҷастаи сабки шеъри Ҳофиз истеҳком дар забон ва баён аст. 3. Фаровонии тасвир, маънӣ ва нуктаҳои шоирона…».
Ҳофиз шоири ғазалсарост ва дар гуфтани ғазал на танҳо дар асри хеш, балки қарнҳои минбаъда низ шуҳрати тамом доштааст. Ҳарчанд дар сурудани ин навъи шеърӣ ҳамшеваю ҳамсабки Хоҷуи Кирмонӣ будани худро таъкид мекунад:
Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо,
Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.
Аммо ба эътирофи кулли ҳамасрон ва ноқидони сухани гузаштаву имрӯза, мазмуну маънӣ ва тасвирҳои шоиронаи Ҳофиз дар қиёс бо дигар шоирони ғазалсаро, аз ҷумла, Саъдию Хоҷу хеле болотару баландтар аст. Тавре ки донишманди саршинос Шиблии Нуъмонӣ дар асари бунёдии хеш «Шеър-ул-аҷам» зикр мекунад:
«Хоҷа Ҳофиз аз як тараф, ғазалро тавре басту тавсеа дод, ки ахлоқ, фалсафа, тасаввур, панду мавъизат, сиёсат ҳар қисм мазоминро дар он дохил карда, аз тарафи дигар, ин хусусиятро ҳам маҳфуз дошта, забоне, ки махсуси ғазал аст, яъне, латофату ширинӣ ва рангиниву зарофате, ки бояд барои он даркор бошад, ҳамаро риоят намуда, нагзоштааст, ки чизе дар ин миёна аз қалам бияфтад». Воқеан, Ҳофиз ҳамчун фарзанди замони худ дурӯягию каззобӣ, мунофиқӣ ва баҳсу мунозираҳои зоҳидони риёкор, ҳамзамон, муборизаҳои намояндагони мазҳабҳои гуногунро ба мушоҳида гирифта, пучу бебақо будани ин талошҳои бебунёдро басо ҳунармандона баён мекунад:
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Вобаста ба ҳамин масъала, яъне, ҳукм баровардану фатво додан дар заминаи ҳадсзаданҳои беасос низ ошкоро изҳор медорад:
На қозиям, на мударрис, на муфтиям, на фақеҳ,
Маро чӣ кор, ки манъи шаробхора кунам?
Ҳофиз дар баъзе ғазалҳояш маъниву мазмунҳои олиро на бо истифода аз санъатҳои бадеии ташбеҳу истиора, муболиға, иғроқ ва ғайра, балки вожаву таркибҳои содаву одӣ ифода мекунад, ки бозгӯйи эъҷози баёни шоирии ӯ ба шумор меравад. Аз ҷумла:
Такя бар ҷои бузургон натавон зад ба газоф,
Магар асбоби бузургӣ ҳама омода кунӣ.
Ё дар ин байти машҳур:
На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,
На ҳар кӣ оина созад, сикандарӣ донад.
Аммо истифодаю корбасти саноеъи бадеӣ дар ғазалиёти Ҳофиз дар сатҳи олӣ қарор дошта, ин нуктаро адабиётшиноси маъруфи тоҷик, шодравон Холиқ Мирзозода ба таври махсус хотиррасон намудааст:
«Шеъри Ҳофиз аз санъатҳои лафзиву маънавӣ хеле бой аст ва барои ифодаи мазмуни баланд хизмат кардааст».
Балоғати гуфтор тамоми ғазалҳои шоирро фаро гирифтааст. Эътирозу додхоҳӣ ва исёну ошӯби ботинии ӯ гоҳо ба андозае ҷӯш мезанад, ки шоирро аз инсонҳои муқаррарӣ болотар ҷилва медиҳад:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем,
Қудрати эъҷози сухани шоир то он манзалат аст, ки ӯ, бешак, соҳиби неруву дониш ва фаҳмиши тасаввурнопазир мебошад ва ин бардошт аз байти зерин ҳосил мешавад:
Гадои майкадаам, вақти мастӣ бин,
Ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунам.
Воқеан, «ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кардан» на аз ҷониби ҳар шоири сухангустар меояд. Аммо Ҳофиз дар ин байт аз имконоту неруи бузурги инсон ҳарф дар миён меандозад ва хеле дилкашу ҷозиб ва бо фасоҳат.
Ҳофиз нигоҳу биниши шоиронаи фарох дорад ва дар радифи ифодаи андешаҳои баланд, ба тасвири нодиракоронаи манзараҳои табиат рӯ меорад ва дар латофату нозукадоӣ доди суханро медиҳад:
Соқӣ, биё, ки шуд қадаҳи лола пур зи май,
Томот то ба чанду хурофот то ба кай?
Хуллас, Ҳофизи Шерозӣ шоирест, ки ғазалҳои ӯ бо вуҷуди таҳқиқу таҳлили фаровон ҳанӯз розу муаммоҳое дорад нокушода, ки омӯзишу пажуҳиши доманадорро тақозо дорад.

Ҳадиса ХИДИРОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №13, шаҳри Кӯлоб