ТАРБИЯИ ЗЕБОИПАРАСТӢ МУҲИМ АСТ

Дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба зинаҳои таҳсилот эҳсоси зебоипарастӣ ва завқи бадеии хонандагонро бедор ва парвариш кардан ба мақсад мувофиқ аст. Чунин навъи тарбия, ки яке аз қисматҳои таркибии тарбияи ахлоқии насли наврас аст, ба ташаккули симои маънавӣ, идеали эстетикӣ ва ахлоқии онҳо алоқаи ногусастанӣ дорад. Мактаб вазифадор аст, ки дар ниҳоди шогирдон нисбат ба зебоии сарвати маънавии мардум эҳсоси наҷиб парварад ва дар заминаи он фарҳанги эстетикии шахсро ташаккул диҳад. Барои ноил гардидан ба тарбияи эстетикии хонандагон ташкил намудани маҳфилҳо аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Шакли дигари тарбияи эстетикии хонандагон, ташкил кардани мусобиқаҳо оид ба расмкашӣ байни созмонҳои талабагист. Хонандагон метавонанд дар мавзуъҳои «Баҳори диёри мо», «Гули дӯстдоштаи ман», «Деҳаи мо» ва ғайраҳо расмҳои кашидаашонро пешниҳод кунанд. Ин боиси инкишофи ҳаматарафаи завқи бадеии бачагон ва эҳсоси зебоипарастии онҳо мегардад. Ҳис кардани чизҳои дидаю шунида як навъ равзанае ба олами зебоист. Он манбаи покии ахлоқ, боигарии маънавӣ ва камолоти ҷисмонӣ мебошад.
Тарбияи зебоипарастӣ ба тарбияи ҷисмонии шахс алоқаи зич дорад. Агар хонанда ҳаматарафа аз ҷиҳати ҷисмонӣ инкишоф наёбад, олами атрофро бо ҳама рангҳояш тасаввур карда наметавонад. Дар мактаб маҳфили ҳаваскорони санъат воситаи муҳимми бедор намудан ва инкишофи ҳиссиёти эстетикии мактабиён буда, ташкили дурусти он ба андӯхтани дониш, маҳорат, малакаҳои суруд ва мусиқӣ, дарки мазмуни асарҳои санъат мусоидат карда, ба ҳолати руҳии инсон тобишҳои мусбати эмотсионалӣ мебахшад.
Баҳри баланд бардоштани завқи бадеӣ ва эҳсоси зебоипарастӣ, ба театру осорхонаҳо ҷалб кардани хонандагон манфиатнок хоҳад буд. Ин корро ба таври коллективона ташкил намудан беҳтар аст. Чунки ҳангоми ин ё он спектакл шояд суолҳо ҳам пайдо гарданд, дар ин сурат омӯзгор метавонад саривақт бо хонандагони синф онро ҳаллу фасл намояд. Барои мисол, агар спектакли «Эдип» бошад, тамошобинро ба таърихи асри шашуми пеш аз милод ошно намуда, бо ҳодисаҳои печ дар печи худ хонандагонро ба сайри таърихии Юнон мебарад. Дар баробари ин, аксар ҳодисаҳои дар намоишнома рухдода аз нигоҳи фарҳанг, маросим ва ахлоқи ҷомеа баҳсталабанд. Бинобар ин, масъалаи мазкур хонандагонро аз як тараф, агар ба омӯзиш ва муқоисаи фарҳангу тамаддуни халқҳои олам раҳнамун намояд, аз тарафи дигар, расму оин, маросим ва анъанаи дигар халқҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Омӯзиши ин гуна асарҳо бо ҷанбаи ахлоқии хеш метавонанд, толибилмонро ба роҳ надодан ба фарҳанги зиддиахлоқии мардумони Машриқзамин раҳнамун созад.
Тамошои осорхонаҳо низ ҳамин гуна хусусиятро доро мебошанд. Як расми калонҳаҷм, новобаста ба шакли санъати рассомӣ, дар кӯдак завқи зебоипарастиро бедор менамояд. Дар робита бо ҳамин вохӯрӣ бо муаллифи ин ё он расми таърихии зебо ё ҳар гуна расми дилхоҳ бачаро бо коргоҳи рассом шинос намуда, таърихи тавлиди ин ё он расм муайян мегардад.
Роҳҳои тарғиби зебоипарастӣ, албатта, гуногунанд. Танҳо омӯзгор бо ташаббускориҳои хеш метавонад ба ҳадафҳои дарпешгузоштааш ноил гардад. Ташкил кардани саёҳат ба ҷойҳои таърихии маҳал (агар ба таълимгоҳ наздиктар башанд), вохӯриҳо бо одамони касбу кори наҷиб аз ҷумлаи тарғиби зебоипарастии хонандагон буда метавонанд.
Бахтиёр АБДУЛЛОЕВ,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик,
сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилоти
Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор