НОМГӮЙИ МАВЗУЪҲОИ НАМУНАВӢ БАРОИ БАХШҲОИ МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА МИЁНАИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024

1. Масъалаҳои муҳимми рушди маориф барои машварати васеи кормандони соҳаи маориф
1. Татбиқи ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои давраи солҳои 2030” — омили рушду пешравӣ ва беҳдошти раванди таълиму тарбия
2. Саҳми мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр (ноҳия) дар беҳдошти соҳаи маориф
3. Ҳамкории шуъбаи маориф ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба афзалиятнокии соҳаи маориф
4. Фаъолияти шуъбаи маориф ҳамчун мақомоти маҳаллии соҳа дар рушд ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия
5. Мактаб, оила ва аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас
2. Мудир ва мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф
1. Арзёбиҳои дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар низоми баҳогузории 10-хола-тақозои замон дар баланд бардоштани сифати таълим
2. Ҷанбаҳои муҳимми рушди муттасили касбии омӯзгор ва таснифоти онҳо
3. Меъёрҳои баҳогузории 10-хола ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ
4. Муносибати сохторӣ ва функсионалӣ дар таълим ва афзалияти онҳо
5. Мутобиқсозӣ ва истифодаи изҳорот (хиштчаҳо) дар ҷанбаи “Шакли кор” дар раванди ташхиси дарс
6. Роҳ ва усулҳои асосии омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорон (аз таҷриба)
7. Муносибати босалоҳият дар раванди таълим ва афзалияти он дар беҳтар гардидани сатҳ ва сифати таълим
8. Нақши мушовир дар рушди касбии омӯзгор
9. Технологияи муосири педагогӣ ва тарҳрезии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
10. Сохтори хадамоти методии муассиса ва вазифаҳои он дар раванди таълим
11. Роҳбаладӣ-яке аз шаклҳои асосии фаъолияти кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маориф
12. Истифодаи васоили ташхис дар раванди мушоҳидаи дарс
13. Арзёбии миллӣ ва арзёбии байналмилалӣ (PISA)
14. Нақши Шурои методӣ дар худомӯзии омӯзгорон
15. Нақши иттиҳодияи методии омӯзгорони фаннӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот
16. Тафаккури интиқодӣ ва роҳҳои рушди он дар раванди таълим
17. Хадамоти методӣ ва роҳҳои такмили он дар муассисаҳои таълимӣ
2. Бахши директори муассисаи таҳсилоти умумӣ
1. Директор-роҳбари умумии муассисаи таълимӣ
2. Зарурати гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон.
3. Директор-менеҷмент ва менеҷер
4. Ҳуҷҷатнигорӣ ва ҳуҷҷатдорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
5. Нақши фаъолияти муштараки директор ва муовини директори муассисаи таълимӣ оид ба корҳои таълим дар самти идоракунӣ ва назорат
6. Роҳҳои ҳамкорӣ бо падару модари хонандагон ва аҳли ҷомеа дар татбиқи низоми баҳогузории 10-хола дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
7. Муносибати босалоҳият дар раванди таълим ва афзалияти он дар беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим
8. Нақши Шурои педагогӣ дар идоракунии раванди таълиму тарбия
9. Нақши ҳамоҳангсозии фаъолияти Шурои педагогӣ ва Шурои методӣ дар беҳдошти раванди таълиму тарбия
10. Методологияи таҳлили дарси омӯзгорон аз ҷониби роҳбарият ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон
11. Тартиби ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
12. Роҳҳои ғанӣ гардонидани фонди ғайрибуҷавии муассисаҳои таълимӣ
13. Нақши Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон (АВО) дар рушди заминаи моддӣ-техникӣ ва кадрии муассисаҳои таълимӣ
14. Рақамикунонии раванди таълим — талаботи замон
15. Истифодаи интернет дар раванди омӯзиши омехта ва машваратҳои маҷозӣ (онлайнӣ)
16. Роҳҳои ҷалби хатмкунандагони синфи 9-и муассисаи таълимӣ барои гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ
3. Бахши муовинҳои директор оид ба таълим
1. Меъёрҳои баҳогузории 10-хола ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфҳои 5-6
2. Роҳҳои гузаронидани мониторинги сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ
3. Тартиби омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ
4. Идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ
5. Технологияи муосири таълим-омили рушди маҳорати касбии омӯзгор
6. Талаботи асосии таҳияи ҷадвали дарсӣ дар муассисаи таълимӣ
7. Намуд ва шаклҳои арзёбиҳо ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар низоми баҳогузории 10-хола
8. Кумаки методӣ ба мутахассисони ҷавон ва нақши он дар рушди маҳорати касбии онҳо
9. Фаъолияти муназзами Шурои методӣ-кафолати суботи раванди таълим
10. Маҳфилҳои фаннӣ ва тарзи тартиб додани нақшаи кории онҳо
11. Нақши маҳфилҳо дар раванди касбинтихобкунии хонандагон
12. Дарси муосир ва талабот ба он
13. Омӯзиш, таҳлил ва назорати дафтар ва рӯзномаи хонандагон-омили баланд бардоштани сифати таълиму тарбия
14. Муносибати босалоҳият ва роҳҳои татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
15. Таҳияи нақшаи дарсии яксоата бо назардошти муносибати босалоҳият ба таълим
16. Омӯзиши омехта ва роҳҳои ташкили он дар муассисаи таълимӣ
4. Бахши муовинони директор оид ба корҳои тарбия
1. Мавқеи муовини директор оид ба корҳои тарбия дар тарбияи ҳуқуқии хонандагон
2. Роҳҳои ҳамкорӣ бо падару модари хонандагон ва аҳли ҷомеа дар татбиқи низоми баҳогузории 10-хола дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
3. Саҳми оила ва муассисаи таълимӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак
4. Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тарбияи ахлоқии хонандагон
5. Тартиби гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ ва аҳамияти онҳо дар рушди ҷаҳонбинию маънавии хонандагон (аз таҷриба)
6. Низоми тарбияи ватандӯстии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба)
7. Нақши муовини директор оид ба корҳои тарбия дар самти роҳнамоии интихоби касби хонандагон (аз таҷриба)
8. Роҳу усулҳои омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами роҳбарони синф (аз таҷриба)
9. Мафҳум, мақсад ва заминаҳои тарбияи худогоҳӣ, худшиносии хонандагон дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Ҳамкории муовини директор оид ба корҳои тарбия бо падару модарон- омили муҳимми тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон
11. Нақши комиссияҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
12. Нақши чорабиниҳои адабӣ дар тарбияи маънавии хонандагон
13. Инноватсия дар ташкил ва гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ
14. Баҳогузорӣ ба рафтори хонандагон дар низоми баҳогузории 10-хола
15. Нақшаи чорабиниҳои муассисаи таълимӣ доир ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
6. Бахши роҳбарони синф
1. Роҳбари синф ва нақши он дар тарбияи ахлоқӣ ва худшиносии хонандагон
2. Роҳҳои пешгирии низоъҳои байнимактабии хонандагон (аз таҷриба)
3. Ҳамкории оила, муассисаи таълимӣ ва роҳбари синф дар таълиму тарбияи хонандагон
4. Омилҳои пайдоиши зуҳуроти манфӣ дар кӯдак ва роҳҳои бартарафсозии он (аз таҷриба)
5. Роҳҳои ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ (аз таҷриба)
6. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
7. Ҳамкориҳои муовини директор оид ба корҳои тарбия ва роҳбари синф бо падару модарон-омили асосии тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон
8. Нақши роҳбари синф дар ҷалб намудани хатмкунандагони синфи 9 барои гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ
9. Омилҳои асосии ташаккули қобилияти зеҳнии хонандагон бо истифода аз технологияи муосири таълим
10. Ҳамкории мактаб, оила ва аҳли ҷомеа дар пешгирии ҷинояти наврасону ҷавонон
11. Тарбияи ахлоқии хонанда-вазифаи муҳимми оила ва муассисаи таълимӣ
12. Талабот ва мақсади асосӣ дар таҳияи нақшаи тарбиявии роҳбарони синф
13. Ҳамкории роҳбари синф бо ташкилотҳои худидоракунии муассисаҳои таълимӣ
14. Ҳуқуқҳои роҳбари синф ва ҳуҷҷатнигории онҳо дар шароити муосир
15. Омӯзиш, таҳлил ва назорати дафтар ва рӯзномаи хонандагон-омили баланд бардоштани сифати таълиму тарбия
16. Интихоби мавзуъҳо барои дарсҳои тарбиявӣ дар асоси 18 унсури Кон­сепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Тарз ва шакли гузаронидани маҷлисҳои синфӣ
18. Тартиби истифодаи журналҳои синфӣ
19. Ҳамкории роҳбари синф бо АВО-и муассисаи таълимӣ дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
20. Роҳҳои самараноку шавқовар ташкил ва гузаронидани соатҳои тарбиявӣ
7. Бахши равоншиносони муассисаҳои таълимӣ
1. Саҳми равоншиноси муассисаи таълимӣ дар ташаккули қобилияти зеҳнии хонандагон
2. Асосҳои психологии муътадил гардондани муносибатҳои байниҳамдигарии хонандагон ва падару модарон
3. Заминаҳои психологӣ ва педагогии рушди тафаккури инноватсионии наврасону ҷавонон дар раванди истифода аз технологияи муосири таълим
4. Нақши равоншиноси муассиса ва саҳми шахсони бонуфузи маҳал дар инкишофи тафаккури зеҳнии хонандагон
5. Роҳу усулҳои пешгирии қонунвайронкунӣ ва косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон
6. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли хурди мактабӣ ва роҳҳои рушди онҳо
7. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли миёнаи мактабӣ ва методҳои таълиму тарбияи онҳо
8. Нақши машварати психологӣ дар муътадил гардондани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ
9.Омилҳои пайдоиши зуҳуроти манфӣ дар кӯдак ва роҳҳои бартараф намудани онҳо
10. Нақши китоб дар ташаккули зеҳнии хонандагони хурдсол
11. Ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии хонандагон дар раванди таълим
12. Истифодаи роҳҳои фаъол гардондани хонандагон дар ҷараёни таълим
13. Талаботи психологӣ-педагогӣ дар раванди таълим
14. Хусусиятҳои ташаккули равонии хонандагони синфҳои ибтидоӣ
15. Хусусиятҳои психикӣ ва маърифатии хонандагон
16. Роҳҳои инкишофи эҳсос ва идроки хонандагон ҳангоми баргузории машғулиятҳо
17. Роҳҳои ҷалб намудани хатмкунандагони синфи 9-и муассисаи таълимӣ барои гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ
8. Бахши мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ
1. Роҳҳои истифодаи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф ва аҳамияти онҳо дар инкишофи ҳуввияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва худогоҳии хонандагони мактаб-интернатҳо (аз таҷриба)
2. Тарбияи мактаббачагони мактаб-интернат аз диди талаботи муосири ислоҳоти маориф
3. Тарбия-воситаи муҳимми маълумот ва фарҳангу маърифати хонандагони мактаб-интернат
4. Роҳу усулҳои ташкили худидоракунии тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳо
5. Тарбияи хонандагони мактаб-интернат дар руҳияи росткорӣ, масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ
6. Роҳҳои инкишофи маҳорат, қобилият ва малакаҳои меҳнатию зебоипарастии тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳо
7. Усулҳои фаъол гардондани хонандагони мактаб-интернат дар дарс
8. Роҳу усулҳои дарёфт, омӯзиш, ҷамъбаст ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар мактаб-интернатҳо (аз таҷриба)
9. Роҳбарӣ ва назорат ба фаъолияти роҳбарони синф ва мураббияҳо
10. Нақши мураббӣ дар ташкилу гузаронидани вақти холии (мақсаднок) тарбиятгирандагон
9. Бахши педагогикаи истисноӣ (инклюзивӣ)
1. Роҳу усулҳои корбарӣ бо кӯдакони имконоташон маҳдуд ва ҳамкорӣ бо падару модарони онҳо дар МИК
2. Заминаҳои ҳукуқӣ, равонӣ ва педагогии ташкили таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Фаъол гардондани кӯдакони сустшунаво ва деркаршуда дар раванди корҳои тарбиявӣ
5. Ба касбомӯзӣ ҷалб намудани кӯдакони имконоташон маҳдуд
6. Ташаккули шуури ахлоқии кӯдакони дорои имконоташон маҳдуд дар раванди таълим
7. Дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия намудани хонандагони имкони маҳдуддошта
8. Заминаҳои педагогӣ–иҷтимоии тарбияи кӯдакони имкони маҳдуддошта дар раванди таҳсилоти фарогир
9. Хусусиятҳои таълими савод дар синфҳои 1-уми муассисаҳои ёрирасон (кӯдакони узви биноияшон осебдида)
10. Мушкилоти тарбия ва таъмин намудани омодагии кӯдакони имкони маҳдуддошта ба ҳаёти оилавӣ
10. Бахши китобдорони муассисаҳои таълимӣ
1. Нақши китобхона дар муассисаи таълимӣ
2. Феҳристи китобҳои серхонанда дар китобхона
3. Роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи китобхонаи муассисаи таълимӣ
4. Нақши чорабиниҳои беруназсинфию фарҳангӣ дар бедор намудани майлу рағбати хонандагон ба китоб
5. Нақши китоб дар ҳаёти шахсии хонандагони муассисаҳои таълимӣ
6. Роҳҳои самараноки ҷалби хонандагон ба китобхона
7. Нақши китобхонаи муассисаи таҳсилоти умумӣ дар такмили маҳорати педагогии омӯзгорон ва ҷаҳонбинии хонандагон
8. Китоб — манбаи дониш ва омили муҳимми ташаккули маърифат ва ҷаҳонбинии хонандагон
9. Фарқияти китобхонаи электронии муассисаи таҳсилоти умумӣ аз китобхонаи анъанавӣ
10. Шаклҳои ҷалби хонандагон ба китобу китобхона
11. Ҳамкории китобдори муассисаи таълимӣ, роҳбарони синф ва падару модар дар масъалаи ба иҷора додани китобҳои дарсӣ дар муассисаи таълимӣ
12. Китобхонаи муассисаи таълимӣ ва нақши он дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
11. Бахши роҳбарони созмони хонандагон
1. Созмони хонандагон: идоракунӣ, банақшагирии фаъолият ва саҳми он дар таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
2. Фаъолият ва самтҳои зинаи “Ахтарон”-и Созмони хонандагон (аз таҷриба)
3. Фаъолият ва самтҳои зинаи “Ворисони Сомониён”-и Созмони хонандагон (аз таҷриба)
4. Фаъолияти аъзои зинаи сеюми Созмони хонандагони “Сомониён” (аз таҷриба)
5. Тартиби ба роҳ мондани фаъолияти созмон дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба)
6. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои Созмони хонандагон
7. Нақши аъзои Созмони хонандагон дар пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро
8. Усулҳои истифодаи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар фаъолияти Созмони хонандагон
9. Тартиби ҷиҳозонидани кабинети Созмони хонандагон ва ҳуҷҷатнигории он
10. Усулҳои ҳамкории роҳбари Созмони хонандагон бо роҳбарони синфҳо дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба)
11. Тартиби қабул ба узвияти Созмони хонандагон
12. Нақши роҳбари созмон ва аъзои ӯ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявию тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба)
12. Бахши мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ
1. Роҳу усулҳои шинос намудани кӯдакон бо табиати ғайризинда
2. Сайругашти мақсаднок дар табиат ва бардошт аз он
3. Тарбияи муносибати зебоипарастии кӯдакон ба табиат
4. Роҳу усулҳои инкишоф додани мушакҳои даст ва ангуштони кӯдакони синни томактабӣ тавассути машқ ва машғулияти расмкашӣ
5. Тарбияи зебоипарастии кӯдакони синни 4-5-сола дар муассисаҳои томактабӣ
6. Нақши бозиҳои миллии тоҷикӣ дар тарбияи хештаншиносии кӯдакони синни томактабӣ
7. Ҳифзи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии кӯдакон
8. Усули гузаронидани машғулияти инкишофи нутқ дар гурӯҳи якуми хурд
9. Муҳиммияти баргузории машғулияти ташаккули тасаввуроти математикӣ дар кӯдакони гурӯҳи миёна (4-5-сола)
10. Асоси талабот доир ба ташкил ва баргузории машғулиятҳои таълимӣ
11. Бозиҳои дидактикӣ ҳамчун усули ташаккули математикӣ дар қобилияти кӯдакони синни калони томактабӣ
12. Аҳамияти бозиҳои серҳаракат дар тарбия ва инкишофи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ
13. Нақши волидайн дар тарбияи кӯдакони синни томактабӣ
14. Нақши бозиҳои дидактикӣ дар инкишофи қобилияти математикӣ дар кӯдакони синни томактабӣ
15. Мавқеи кабинети методӣ дар рушди маҳорати касбии мураббиён ва тарзи таҷҳизонидани он
16. Роҳҳои расонидани кумаки дастурдиҳӣ ва методӣ ба оилаҳое, ки кӯдакони синну соли томактабиро дар хона тарбия мекунанд
17. Тарбияи худшиносии кӯдакон ба воситаи афсона ва дигар жанрҳои фолклорӣ
13. Бахши Маркази гурӯҳҳои инкишофи кӯдак
1. Усулҳои омӯзондани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо кӯдакони синни омодагӣ ба мактаб
2. Нақши бозиҳои сужетдор дар тарбияи кӯдакони синни томактабӣ
3. Усулҳои инкишофи мушакҳои хурди даст ва калони пойҳо дар кӯдакони синни омодагӣ ба мактаб
4. Аҳамияти суруд дар тарбияи маънавии кӯдакон (аз таҷриба)
5. Нақши машғулияти суробсозӣ дар рушди тасаввуроти кӯдакон
6. Инкишоф ва тарбияи ҳисси худшиносию худогоҳӣ дар кӯдакони синни омодагӣ ба мактаб
7. Усулҳои кор бо омӯзгор-мураббиёни ҷавон ҷиҳати рушди касбии онҳо
8. Нақши Маркази инкишофи кӯдак дар омодасозии кӯдакон ба мактаб
9. Усулҳои тарбияи «Дӯстдории табиат, дӯст доштани Ватан аст»
10. Инкишофи шахсият ва тарбияи маънавии кӯдакон дар марказҳои инкишофи кӯдак
11. Аҳамияти бозиҳои серҳаракат дар тарбия ва инкишофи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ
12. Ҳамгироии машғулиятҳои инкишофи нутқ ва математика дар гурӯҳи кӯдакони синни томактабӣ
13. Омӯзиши инкишофи нутқ ва саводомӯзӣ дар марказҳои инкишофи кудак
14. Бахши синфҳои ибтидоӣ (таълим бо забони тоҷикӣ)
1. Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими синфҳои ибтидоӣ
2. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар синфҳои ибтидоӣ (аз таҷриба)
3. Марҳила ва воситаҳои арзёбии хонандагон дар раванди таълими фанни забони модарӣ
4. Меъёрҳои баҳогузории 10-хола ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ
5. Методикаи ҳалли масъалаҳо ба воситаи муодила дар синфҳои 3-4
6. Методикаи таълими назм дар синфҳои ибтидоӣ
7. Роҳҳои луғатомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ
8. Таҳлили ҳарфӣ-овозӣ дар синфҳои 1-2 ва аҳамияти он (аз таҷриба)
9. Методикаи таълими ҳисса ва каср дар синфҳои 3-4
10. Тарзи истифодаи кортҳои таълимӣ дар раванди таълими синфҳои ибтидоӣ
11. Тартиби таҳияи мақсадҳои таълимӣ дар синфҳои ибтидоӣ
12. Методикаи таълими ҳиҷо ва аз сатр ба сатри дигар гузаронидани ҳиссаи калима
13. Методикаи ҳалли масъалаҳои матнӣ ва таркибӣ аз фанни математика дар синфҳои ибтидоӣ
14. Давраи мутобиқшавии хонандагон ба мактаб ва аҳамияти ҷалби онҳо дар ин марҳала
15. Аҳамияти машқҳои гимнастикӣ дар дарси тарбияи ҷисмонии синфҳои ибтидоӣ.
16. Методикаи таълими диаграмма аз фанни математика дар синфҳои 3-4
17. Методикаи гузаронидани нақли хаттӣ аз фанни забони модарӣ дар синфҳои 2-4
18. Тарғиби ҳисси ватандӯстӣ ва ватандорӣ дар соатҳои тарбиявии синфҳои ибтидоӣ
19. Таркиби калима ва калимасозӣ дар синфҳои 3-4
20. Омӯзиши роҳҳои фаъол гардондани хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълим (аз таҷриба)
21. Тарбияи экологии хонандагони синфҳои ибтидоӣ
15. Бахши синфҳои ибтидоӣ (таълим бо забони русӣ)
1. Роль творческие задания по русскому языку в начальных классов
2. Внеклассный занятия на уроках русского языка в начальных классов
3. Использования интерактивных методов в деятельности преподавателей начальных классов
4. Использования нагладных пособый важные факторы формирования.
5. Пути подготовки детей к школе и трудности периода перехода из семый в школу. Задача преподавателья 1-го класса (из опыта)
6. Роль методических объединений преподавателей в усовершенствовании профессиональных навыков преподавателей начальных классов
7. Формирования умственные развитие начальных классов по математики
8. Методы пробуждения стремлении учеников начальных классов в использовании художественных книг (рассказов, сказок, стих, пословицы и поговорок)
9. Формирования желании интерес учеников начальных классов в процессе изучению информационно художественной литературы
10. Формирования творческих возможностей, самостоятельности, активности учеников в преподование начальных классов
11. Целевого и интелектуального изучения предмется искусство и труда в начальных классов
12. Пути осуществлении законов сложении и умножений в арифметических операцый
13. Пробуждении желаний и интерес учеников начальных классов в решении математических упражнений
14. Пробуждения интерес и энтузиазм учеников начальных классов к изучению информационно художественной литературы
15. Работа с гласными звуками на уроках русского языка ва 2 классе
16. Бахши синфҳои ибтидоӣ (таълим бо забони ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ)
1. Бошланғич синф ӯқувчиларини таълим беришда билим, малака ва маҳоратини баҳолаш
2. Бошланғич синф ӯқувчиларининг дунёқарашини шакллантиришда тарбиявий соатнинг роли
3. Бошланғич синф ӯқувчилари фаолиятида интерактив (ҳамкорлик усули) методидан фойдаланиш
4. Камкомплект синфларда ӯқувчиларнинг фикрий қобилиятини шакллантириш йӯл ва усуллари
5. Ӯқувчиларнинг фикрий қобилиятини ривожлантиришда кӯргазмали куролларнинг аҳамияти
6. Ӯқувчиларни мактабгача тайёрлаш пайтида оилададан мактабга ӯтиш қийинчиликларини бартараф этиш йӯллари
7. Ӯқитувчиларнинг касбий маҳоратини оширишда методбирлашманинг роли
8. Бошланғич синфларда ӯқувчиларни китоб ӯқишга бӯлган қизиқишини оширишда бадиий китобларнинг аҳамияти (ҳикоя, эртак, шеър ва топишмоқлар)
9. Бошланғич синф ӯкувчилари тӯғрилик, ротгӯйлик масъулиятини ҳис этиш каби инсоний хислатлар руҳида тарбиялаш
10. Табитшунослик (атроф олам) фанини таълим бериш жараёнида ӯқувчиларнинг билим, малака маҳорат ва қизиқишини ошириш
11. Бошланғич синф ӯкувчиларини бадиий адабиётга бӯлган қизиқишини орттириш йӯл ва усуллари
12. Биринчи синфда товуш ва ҳарфни таълим бериш жараёнида қийинчиликларни бартараф этиш йӯллари
13. Бошланғич синфларда ӯқувчиларнинг қобилият, мустақилик ва фаоллигини ошириш йӯл ва усуллари
14. Бошланғич синфларда «Санъат ва меҳнат» фанини таълим беришда санъат ва меҳнатни севиш тарбияси
15. Қӯшиш ва кӯпайтириш амалларни ҳаётга татбиқ этиш йӯл ва усуллари
17. Бахши забон ва адабиёти тоҷик, алифбо ва матни ниёгон ва маърифати оиладорӣ
1. Истифодаи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 дар раванди дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик
2. Меъёрҳои баҳогузории 10-хола ба дониш маҳорат ва малакаи хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёт
3. Корҳои беруназсинфӣ аз фанни адабиёт ва нақши меҳварии онҳо дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон 4. Роҳу усулҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо
5. Эссе-омили инкишофи фикрии хонанда
6. Ҷанбаҳои методии гузаронидани имлои санҷишӣ
7. Тарзи гузаронидани чорабинии беруназсинфӣ аз фанни адабиёт дар мавзуи «Об-манбаи ҳаёт»
8. Муносибати босалоҳият ба таълим-тақозои замон
9. Омилҳои асосии ташаккули зеҳнии хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик (аз таҷриба)
10. Тарзи таълими воситаҳои тасвири бадеӣ дар синфи 7
11. Санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар рушди зеҳнии хонандагон (аз таҷриба)
12. Роҳҳои истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик
13. Меъёри баҳо дар корҳои хаттӣ ва ҷавобҳои шифоҳии хонандагон
14. Масъалагузорӣ ва моҳияти он дар рушди неруи зеҳнии хонанда
15. Истифодаи усули ҳамкорӣ (интерактивӣ) дар таълими достони «Писари Ватан»-и М. Турсунзода дар синфи 11
16. Усули таълими боби «Фонетика» (овошиносӣ) дар синфи 5
17. Риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар раванди иҷрои корҳои хаттӣ
18. Хусусиятҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар раванди таълими гурӯҳи фанҳои филологӣ
19. Ҳадафҳои асосии таълими имло аз фанни «Алифбо ва матни ниёгон»
20. Роҳҳои таълими калимаҳое, ки дар таркибашон «айн», «ғайн» ва «ҳамза» доранд
21. Тарзи таълими ҳуруфи мунфасила (аз таҷриба)
22. Роҳҳои омӯзиши навишти ҳуруфи ниёгон
23. Роҳу усулҳои таълими ҳарфҳои муттасила
24. Бо роҳу усулҳои фаъол таълим додани ҳуруфи ниёгон
25. Маърифати оиладорӣ ва мавқеи он дар тарбияи наврасон
26. Методҳои баргузор намудани чорабиниҳои беруназсинфӣ аз фанни «Маърифати оиладорӣ»
18. Бахши забони давлатӣ
1. Ҷанбаҳои хештаншиносӣ, гуманистӣ ва ватанпарастӣ дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо дар ҷараёни дарсҳои забони давлатӣ
2. Дарси проблемавӣ ва аҳамияти он рушди дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон
3. Аҳамияти санҷишҳои тестӣ дар дарсҳои забони давлатӣ
4. Риояи меъёри «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар дарсҳои забони давлатӣ
5. Аҳамияти муносибати босалоҳият ба таълим дар самти рушди маҳорату малакаи хонандагон ва неруи зеҳнию ақлонии онҳо
6. Роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони давлатӣ
7. Роҳҳои инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон тавассути мутолиаи китобҳои бадеӣ
8. Истифодаи усулҳои ҳамкорӣ (интерактивӣ)-и таълим дар дарсҳои забони давлатӣ
9. Роҳҳои пешгирӣ намудани ғалатҳои имлоӣ, китобатӣ ва услубии хонандагон дар раванди дарсҳои забони давлатӣ
10. Роҳҳои шавқовар гузаронидани дарс (бо саволномаҳои тестӣ, вара­қаҳои фардӣ, муаммоҳо, бозиҳои грамматикӣ ва чайнвордҳо)
19. Бахши русский язык и литература
1. Актуализация содержания внеурочной работы в общеобразовательных учреждениях
2. Формирования культуры чтения школьников на уроках русского языка
3. Повышение читательской и речевой культуры современных школьников
4. Использование современных педагогических технологий на уроках русского языка
5. Усиление речевой направленности курса русского языка
6. Опыт преподавания русского языка в условиях нерусской среды
7. Из опыта работы передовых учителей русского языка и литературы района (города)
8. Использование технических средств обучения на уроках русского языка
9. Проблемы повышения грамотности школьников в современных условиях
10. Новые подходы к организации и содержанию традиционных и инновационных форм методической работы по русскому языку и литературе
11. Кабинет русского языка и литературы в школе как средство повышения познавательного интереса к обучению школьников
12. Мониторинг качество знаний учащихся-основа систематизации знаний по русскому языку и литературе
13. Методика работы с одарёнными детьми, подготовка к предметной олимпиаде
14. Использование информационной компьютерной техналоги на уроках русского языка
15. Инновационные методы и способы их использования на уроках русского языка
16. Преимущество всемирной компьютерной сети Интернета в изучении русского языка
20. Бахши забонҳои хориҷӣ (англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ, ин мавзуъҳо барои ҳамаи забонҳои хориҷӣ муштарак истифода мешаванд)
1. Саҳми забони модарӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ
2. Алоқамандӣ, умумият ва омилҳои фарқкунандаи забонҳои хориҷӣ
3. Нақши муносибати гуфтугӯӣ (диалогическая речь) зимни омӯзиши забонҳои хориҷӣ
4. Луғат, луғатомӯзӣ ва нақши он зимни омӯзиши забонҳои хориҷӣ
5. Саҳми забони хориҷӣ дар ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва нутқи хонанда
6. Истифодаи таълими муносибати босалоҳият дар раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ
7. Истифодаи усулҳои интерактивӣ ва кор бо варақчаҳо дар раванди забономӯзӣ
8. Омили муҳим дар раванди марҳалаи аввали омӯзиши забонҳои хориҷӣ
9. Нуктаҳои муҳимми «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» дар пешрафти фаъолияти забономӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
10. Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ
11. Роҳҳои беҳдошти таълими забонҳои хориҷӣ ва нақши омӯзгори соҳибкасб ва соҳибтаҷриба дар ин самт
12. Муҳити мусоиди таълими забонҳои хориҷӣ
13. Аҳамият ва муҳиммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир
14. Нақши методика ва усулҳои муҳим дар раванди забономӯзӣ
15. Истифодаи меъёрҳои низоми баҳогузории 10-хола дар раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ
16. Нақши кабинети лингофонӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ
17. Нақши кори мустақилона, кор аз рӯйи расм дар ташаккули забономӯзии хонанда ва қобилияти фикрронии ӯ дар дарсҳои забонҳои хориҷӣ
18. Зарурати тасрифи феълҳо дар калимаву ҷумласозӣ ҳангоми таълими забонҳои хориҷӣ
19. Истифодаи муносибатҳои босалоҳият дар таълими забонҳои хориҷӣ
21. Бахши таърих ва ҳуқуқи инсон
1. Истифодаи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023) дар раванди таълими таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ
2. Истифодаи маълумоти оморӣ, диаграммаҳо дар раванди таълими таърихи халқи тоҷик
3. Ташкили дарси намунавӣ бо истифода аз тахтаи электронӣ
4. Аҳамияти омӯхтани истилоҳот ва луғат дар таълими фанни таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ
5. Омода намудан ва истифодаи харитаи мавзуӣ дар дарс
6. Тарбияи ватандӯстӣ дар раванди таълими таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ
7. Ташкил ва гузаронидани «Дарс-конференсия» аз фанни таърихи халқи тоҷик
8. Истифодаи адабиёти бадеӣ дар раванди таълими дарси таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ вобаста ба мавзуи дарсӣ
9. Нақши китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров дар раванди омӯзиши маводи иловагӣ дар дарсҳои таърихи халқи тоҷик
10. Омода намудани муаррифинома (презентатсия) ҳангоми баёни мавзуи нав ва аҳамияти он дар азхудкунии мавзуи дарсӣ
11. Аҳамияти тест дар арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон аз фанҳои таърих ва ҳуқуқи инсон
12. Роҳҳои ташкили ахбори сиёсӣ ҳангоми ба роҳ мондани қисми ташкилии дарс ва аҳамияти он дар раванди ҷаҳонишавӣ
13. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарси таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ
14. Истифодаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таълими фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон
15. Маҳфили «Ҳомиёни ҳуқуқ» ва мавқеи он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон
16. Омӯзиши санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таълими асосҳои давлат ва ҳуқуқ
17. Роҳҳои ташкил ва гузаронидани конференсияҳои илмию назариявӣ бо хонандагони синфҳои 10-11 бахшида ба “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ”
18. Истифодаи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар дарсҳои таърих
19. Чорабиниҳои беруназсинфӣ ва нақши онҳо дар баланд бардоштани дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон
20. Ҷиҳозонидани кабинети фаннӣ, таъмин бо маводи таълимию методӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон
21. Арзёбӣ ва меъёрҳои низоми баҳогузории 10-хола ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар раванди таълими дарсҳои таърих ва ҳуқуқи инсон
22. Бахши математика ва нақшакашӣ
1. Таълими проблемавӣ дар дарсҳои математика — асоси ташаккули зеҳнии хонандагон (аз таҷриба)
2. Аҳамияти бозиҳои шавқовар дар таълими математика
3. Нақши иттиҳодияи методӣ дар рушди касбии омӯзгорони математика
4. Истифодаи технологияи муосири таълим дар дарсҳои математика
5. Арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм (аз таҷриба)
6. Меъёрҳои арзёбии дониши шифоҳӣ ва хаттии хонандагон дар низоми баҳогузории 10-хола аз фанни математика дар синфҳои 5-6
7. Кори мустақилонаи хонандагон — воситаи тақвияти малакаҳои эҷодии хонандагон
8. Чорабиниҳои беруназсинфӣ аз математика — воситаи баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон
9. Методикаи омӯзиши ҳалли масъалаҳои геометрӣ (дар мисоли созишҳои геометрӣ)
10. Роҳҳои гуногунии ҳалли системаи муодилаҳои иратсионалӣ
11. Методикаи омӯзиши графики функсияи квадратӣ дар синфи 9
12. Методикаи ҳалли масъалаҳои матнӣ бо ёрии системаи муодилаҳои дараҷаи дуюм
13. Истифодаи масъалаҳои матнӣ дар татқиқи ҳосила
14. Нақши кабинети математика дар ташаккули маҳорату малакаи хонандагон
15. Нақшаи тақвимӣ-мавзуӣ аз фанни алгебраи синфи 10 ва таҳияи он тибқи Стандарт ва барномаи фаннӣ
16. Банақшагирии таълими фанни математика дар асоси муносибати босалоҳият дар таълим
17. Роҳҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанни математика
18. Нақши фанни математика дар рушди зеҳнии хонандагон
19. Стандарт ва барномаи фанни математика дар таҳияи нақшаи тақвимӣ
20. Роҳҳои ҳалли масъалаҳои мантиқӣ аз фанни математика
21. Истифодаи формулаҳои геометрӣ дар ҳалли масъалаҳои математикӣ
22. Тартиби гузаронидани шабнишиниҳои математикӣ бо иштироки олими соҳа.
23. Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи математикӣ» дар муассисаҳои таъ­лимӣ (аз таҷриба)
24. Роҳҳои рушди фаъолияти эҷодии хонандагон тавассути бозиҳои математикӣ
25. Роҳҳои истифода намудани васоити аёнӣ ҳангоми дарс
26. Роҳҳои дурусти истифодаи интернет ҳангоми дарс (аз таҷриба)
27. Роҳҳои самараноки истифодаи технологияи иттилоотӣ ҳангоми дарсҳои математика (аз таҷриба)
28. Роҳҳои кор бо хонандагони болаёқат аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
23. Бахши физика ва астрономия
1. Мавқеи таълими фанни физика дар амалӣ намудани «Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар»
2. Татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» дар дарсҳои физика ва нуҷум (аз таҷриба)
3. Роҳҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанни физика
4. Моҳияти ҳалли масъалаҳо дар ҷараёни таълими фанни физика
5. Мавқеи кабинет ва озмоишгоҳ дар таълими фанни физика (аз таҷриба)
6. Нақши корҳои санҷишӣ дар арзёбии сатҳу сифати дониши хонандагон аз фанни физика
7. Истифодаи бозиҳои таълимӣ ва масъалаҳои шавқовар дар раванди таълими физика
8. Муносибати босалоҳият дар таълими мавзуи “Майдони электрӣ. Шадидияти майдони электрӣ”
9. Муносибати функсионалӣ дар таълими фанни физика
10. Тарзи ба нақша даровардани дарси яксоата бо дар назардошти муносибати босалоҳият дар таълими фанни физика (аз таҷриба)
11. “Мегаолам”-мафҳуми астрофизикӣ ва кайҳонии ҳозиразамон дар таълими фанни астрономия
12. Нақши олимони тоҷик дар кашфи олами кайҳон
13. Роҳу усулҳои банақшагирии таълими фанни астрономия
14. Мушкилоти таълими фанни астрономия ва роҳу усулҳои ҳалли онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба)
15. Методи мушоҳидаи олами кайҳон дар раванди таълими фанни астрономия
24. Бахши химия
1. Истифодаи усулҳои интерактивӣ дар таълими фанни химия (аз таҷриба)
2. Таҷҳизонидани кабинети химия — талаботи замон
3. Тавсифи элементҳои химиявӣ аз рӯйи мавқеяшон дар системаи даврӣ
4. Бо усули графикӣ ҳал намудани масъалаҳои химиявӣ
5. Усулҳои омӯзиши карбогидрогенҳои сер дар синфи 10
6. Роҳҳои омӯзонидани системаи муосири элементҳои химиявӣ
7. Гидролизи намакҳо ва тартиб додани муодилаи гидролизи намакҳо дар таълими химия
8. Мавқеи ҳалли масъалаҳои гуногуни химиявӣ дар таълими химия
9. Муайян кардани дараҷаи оксидшавии элементҳо бо истифода аз усулҳои нави таълим
10. Усули ҳалли масъалаҳо оид ба ёфтани моддаҳои номаълуми органикӣ ва ғайриорганикӣ
11. Бо усули муносибати босалоҳият омӯзонидани мавзуи «Электроманфияти элементҳои химиявӣ» ба хонандагон
12. Муҳиммияти омӯзиши мавзуи аммиак, истеҳсол ва истифодаи он дар ҳаёт
13. Нақши «Ҳафтаҳои фаннӣ» ва «Маҳфилҳои фаннӣ» дар баланд бардоштани дониш ва маҳорати хонандагон
14. Роҳу усулҳои тайёр намудани хонандагони боистеъдод ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз фанни химия (аз таҷриба)
15. Роҳу усулҳои ташкил ва гузаронидани корҳои лабораторӣ ва амалӣ аз фанни химия дар синфҳои 10-11 (аз таҷриба)
16. Методикаи таълими гидрооксидҳо
25. Бахши биология ва экология
1. Рушди ҷаҳонбинии илмӣ, донишҳои замонавӣ, бо тафакккури техникӣ яке аз ҳадафҳои «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» дар дарсҳои биология ва экология
2. Таълими мавзуи “Муҳофизати рустаниҳои нодир ва нестшаванда” дар раванди таълими фанҳои биология ва экология
3. Омилҳои антропогенӣ сабабҳои дигаргуншавии иқлим дар дарсҳои биология ва экология
4. Усулҳои омӯзиши ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки боигариҳои табиат дар дарсҳои биология ва экология
5. Назари эволютсияи биохимиявӣ ва марҳалаҳои инкишофи Замин дар дарсҳои биология
6. Бо усули муносибати босалоҳият омӯзонидани мавзуи «Пешгирӣ аз бемориҳои меъдаю рӯда» дар дарсҳои биология
7. Рушди тарбияи экологӣ ва донишҳои экологии хонандагон дар замони муосир
8. Арзёбии донишу малака ва маҳора­ти хонандагон дар дарсҳои экология ва биология дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим
9. Гузаронидани дарси кушод бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз фанни экология (аз таҷриба)
10. Усулҳои таълими ҳалли масъалаҳои генетикӣ ва биологӣ
11. Таълими мавзуи “Генетика ва таърихи инкишоф”
12. Усули таълими мавзуи “Биосфера ва инсон” дар синфи 11
13. Тарзи таълими мавзуи “Аҳамияти нармтанаҳо дар табиат ва ҳаёти инсон”
14. Омилҳои таъсири инсон ба ҷомеаи табиӣ
15. Таърихи инкишофи замин ва олами органикӣ
26. Бахши география ва асосҳои иқтисодиёт
1. Роҳҳои самараноки истифодаи харитаи мактабӣ ва дигар маводи иловагии таълим дар дарсҳои география
2. Пул. Таърихи пайдоиш ва вазифаҳои он дар раванди ҷаҳонишавӣ
3. Ташкили бозӣ ва саёҳат ҳамчун воситаи донишандӯзии хонандагон дар раванди дарсҳои география
4. Роҳҳои истифодаи воситаҳои аёнии муосир дар дарсҳои география
5. Бонкҳо. Сабабҳои пайдоиш ва нақши онҳо дар раванди иқтисодиёти ҷаҳон
6. Мушоҳида ва таҷриба-воситаи фаъол гардондани хонандагон дар раванди омӯзиши фанни геграфия,
7. Даромади оилаҳо. Нобаробарии даромад ва оқибатҳои он
8. Бозор ва хусусиятҳои он. Омилҳои асосии рӯй овардан ба бозори ҷаҳонӣ
9. Воситаҳои фаъол гардондани хонандагон дар дарсҳои география
10. Муносибати босалоҳият дар дарсҳои география ва асосҳои иқтисодиёт
27. Бахши суруд ва мусиқӣ
1. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои «Наврӯзи хуҷастапай», «Ваҳдати миллӣ», «Меҳргон ҷашни миллист», «Дар ситоиши модар» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба)
2. Роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи дарси суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз таҷриба)
3.Нақши санъат ва фарҳанг дар тарбияи зебоипарастии кӯдакон ва наврасон
4. Мавқеи муассисаи таълимӣ, оила ва муҳит дар тарбияи эстетикии хонанда
5. Муҳиммияти омӯзиши суннатҳои қадимаи санъат ва мусиқии мардумӣ тавассути асбобҳои миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
6. Усулҳои омӯзиш ва технологияи таълими фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфҳои 5-6
7. Хусусиятҳои фарқкунандаи омӯзиши фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
8. Методҳои инноватсионии таълими дарси «Суруд ва мусиқӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
28. Бахши технология (таълими меҳнат) ва санъати тасвирӣ
1. Роҳҳои ҷалби хонандагон бо мақсади интихоби мақсадноки касб вобаста ба талаботи бозори меҳнат
2. Ташкил ва ҷиҳозонидани гӯшаи интихоби касб дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба)
3. Нақши ҳунаромӯзӣ дар чорабиниҳои беруназсинфӣ
4. Омӯхтани касбҳои миллӣ ва роҳҳои пайдо намудани майл ба касбҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй
5. Нақши роҳбари синф ва омӯзгорони фаннӣ дар таблиғу ташвиқи интихоби касб дар байни хонандагон
6. Манбаъҳои шиносоӣ бо касбҳои гуногун ва роҳҳои соҳиб шудан ба касби дилхоҳ
7. Ҳунарҳои миллӣ ва эҳёи онҳо
8. Тарзи ташкил ва таҷҳизонидани кабинети интихоби касб
9. Тарзи гузаронидани корҳои ташвиқотӣ оид ба интихоби касб дар байни хонандагон
10. Истифодаи технологияи нави таълим дар раванди машғулиятҳои таълимӣ аз фанҳои технология (таълими меҳнат) ва санъати тасвирӣ (аз таҷриба)
11.Тартиб додани нақшаи тақвимӣ ва дарсӣ аз фанҳои технология (таълими меҳнат) ва санъати тасвирӣ
12. Истифодаи самараноки воситаҳои аёнӣ дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) ва санъати тасвирӣ
13. Ташкили самараноки фаъолияти маҳфил яке аз омилҳои баланд бардоштани майлу рағбати хонандагон дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) ва санъати тасвирӣ
14. Усулҳои таълими “Тасвир аз асл” дар ҷараёни дарси санъати тас­вирӣ (аз таҷриба)
15. Ба таври мақсаднок ва бошуурона ба роҳ мондани омӯзиши фанни «Санъат ва меҳнат» дар синфҳои ибтидоӣ
16. Мавқеи фанни технология (таълими меҳнат) дар гузаронидани чорабиниҳои баруназсинфӣ ва беруназмактабӣ
17. Татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълими фанҳои технология (таълими меҳнат) ва санъати тасвирӣ
29. Бахши технологияи иттилоотӣ
1. Риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми ҷиҳозонидани кабинети технологияи иттилоотӣ
2. Банақшагирии маводи омӯзишӣ дар маҳфили технологияи иттилоотӣ ва ҷалби хонандагон ба он
3. Истифодаи барномаҳои компютерӣ дар ҳалли мисолу масъалаҳо
4. Нақши фанни технологияи иттилоотӣ дар худтакмилдиҳии касбии омӯзгорон
5. Нақши технологияи иттилоотӣ дар гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои тестӣ
6. Роҳу усулҳои таҳияи барномасозӣ дар таълими фанни технологияи иттилоотӣ
7. Тарзи ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои тестӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ
8. Чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ва самаранокии онҳо дар ҷараёни таълими фанни технологияи иттилоотӣ
9. Роҳҳои омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ дар раванди таълим
10. Роҳҳои таҳияи лоиҳаҳои таълимии хонандагон ҳангоми корҳои амалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ
30. Бахши тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ
1. Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва равнақи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ
2. Истифодаи салоҳиятҳои фаннӣ дар машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ
3. Салоҳиятҳои фанни тарбияи ҷисмонӣ дар синфҳои ибтидоӣ
4. Раванди инноватсионии таълим давр машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ
5.Тартиби ҷиҳозонидани толор ва майдончаҳои варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба)
6. Аҳамияти тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ дар дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ
7. Роҳу усулҳои методикаи муосири таълими машқҳои сафороӣ (аз таҷриба)
8. Аҳамияти машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар тарбияи ватанпарастии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ
9. Ташаккули шахс ва тарбияи ҳисси ватандӯстии хонандагон дар раванди таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ
10. Истифодаи дурусти технологияи инноватсионии таълим дар раванди омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ
11. Роҳҳои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии хонандагон дар раванди таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ
12.Тартиби банақшагирии машғулиятҳои фанни омодагии ибтидои ҳарбӣ барои синфҳои 10-11
13. Тартиби ҷиҳозонидани майдончаҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба)
14.Мавқеи роҳбари омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонписарон
15. Аҳамияти машқҳои саҳроии ҳарбӣ-варзишӣ дар тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии хонандагон (аз таҷриба)
16. Усулҳои муайян намудани омодагии варзишӣ ва ҳарбии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба)
17. Роҳҳои тайёр намудани хонандагон ба чорабиниҳои варзишии беруназсинфӣ
18. Роҳҳои ҷалби хонандагон ба гурӯҳҳои варзишгарони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба)