Масъалаи муҳимме, ки имрӯз дар назди аҳли ҷомеа қарор дорад, ба кӯдакистонҳо ҷалб намудан ва таълиму тарбияи кӯдакон бо роҳу шеваҳои гуногуну шавқовар аз ҷониби мураббиёну омӯзгорон ба шумор меравад. Раванди мазкурро амали саҳлу осон пиндоштан ва ба он муносибати яктарафа намудан хатост. Ин омил, қабл аз ҳама, ба дурандешию хиради падару модари тарбиятгиранда вобастагии амиқ дорад. Тавре ки мактабшиноси варзида, корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Тӯтихон Девоншоева китоби «Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ» зикр намудааст: «Тайёр будани кӯдак ба мактаб на танҳо дар қобилияти қироати шеъру нақли афсонаҳо, шинохтани ҳарфҳо, овозҳои ҳамсадову садонок, донистани ҳисоб дар доираи то 20 ва ҳоказо муайян мегардад, балки омодагии ҳаматарафаи кӯдак, инчунин, аз мустаҳкам намудани саломатии руҳӣ ва ҷисмонӣ, таъмини рушди маънавӣ ва ташаккул додани шахсият, қобилияти зеҳнӣ, ҳосил намудани ҳиссиёти мусбии ҳар яки онҳо иборат аст».
Аз ин рӯ, дар ин самт робитаи падару модарон бо муассисаҳои томактабӣ, мураббиёну омӯзгорон бояд дар сатҳи баланд қарор дошта бошад. Фарзандро ба кӯдакистон фаро гирифтану бо ҳамин тамоми масъулиятро (мутаассифона, ин омил ба як раванди нигаронкунанда табдил ёфтааст) ба дӯши мураббиён ҳавола кардан бар зиёни кор буда, бо ин роҳ ҳеҷ гоҳ дурри мақсуд ба каф нахоҳад омад. Ҳангоме ки кӯдак дар кӯдакистон ба омӯзишу таълим ва тарбия дар машғулиятҳо шуруъ мекунад, вай вобаста ба гурӯҳҳои синнусолӣ ба азхуд кардани донишҳои аввалия мепардозад. Мураббия дар машғулиятҳо ба тарбиятгиранда нахуст бозиҳои мухталифи шавқоварро меомӯзонад, ки ин бозиҳо ба ташаккули рушди нутқи кӯдак мусоидат мекунад. Тавре ки маълум аст, бозиҳо ба сюжетӣ, маърифатӣ, серҳаракат, дидактикӣ ва ғайра ҷудо шуда, дар баробари мураббиён волидон низ дар муҳити хона ба ташкил ва гузаронидани бозиҳо бояд машғул шаванд. Василаи асосӣ ва заминавии ташкили бозиҳо бо кӯдак бозичаҳои гуногун маҳсуб меёбад. Аммо ин маънои онро надорад, ки падару модар барои ба бозӣ ҷалб намудани кӯдакони хеш аз дилхоҳ бозича истифода кунанд. Интихоби бозичаҳо, аз қабили лӯхтакҳо, мошинчаҳо ва тавассути маводи махсус (аз ҷумла, пластилин) сохтани суроби одамону ҳайвонот, ашёи ҳархела муҳим мебошад. Зеро дар раванди баргузории машғулиятҳо дар муассисаи томактабӣ ва муносибату муоширати волидон бо фарзандон дар муҳити оила хислату атвори онҳо ташаккул ёфта, мустаҳкаму собит мегардад.
Ин марҳала бағоят муҳимму калидӣ ва метавон гуфт, барои кӯдак сарнавиштсоз мебошад. Дар хона волидон бояд саъйю талош кунанд, ки кӯдаки онҳо ба иҷрои кореву амале пайваста машғул шуда, зинҳор танбалу нозук ба воя нарасанд. Дар кӯдакон парваридани хислатҳои неку ҳамидаи инсонӣ, амсоли дилсӯзию меҳрубонӣ, ҳурмати волидону калонсолон, меҳнатдӯстӣ, талошу кӯшиш барои омӯзиш ва ғайра зарур буда, ҳам дар кӯдакистон ва ҳам дар оила дар самти тарбия набояд ба бепарвоию фориғболӣ роҳ дод, зеро кӯдак аз андак беаҳамиятӣ метавонад, коҳишу инҷик, худписанд, тарсу ва ба як сухан, аз адабу тарбия дур ба камол бирасад. Мазмун, бояд тамоми кӯшишро ба харҷ дод, ки кӯдак ба кирдору хислатҳои манфӣ (ношоиста) одат накунад. Баръакс, ӯро метавон ба амалҳои неку созанда, бо ҳар роҳу шеваи муассиру судманд одат кунонд. Ин ду омил аз муҳити хонаводаю кӯдакистон вобастагии амиқ дорад. Ҳамин тавр, зина ба зина омӯзиши тарбиятгиранда дар кӯдакистон сурат гирифта, ташаккулу таҳаввул меёбад. Омӯзишу сабақ гирифтан дар машғулиятҳои таълимӣ низ набояд яктарафа амалӣ гардад. Тасаввурот пайдо кардан дар бораи муҳити атроф, ашёву моддаҳо ва дониш омӯхтан як тарафи фаъолият буда, дар тарбиятгирандагон ташаккул додани тарбияи зеҳнӣ–фикрронӣ ҷанбаи дигари ҳалкунанда ба ҳисоб меравад.
Дилбар ХОЛОВА,
мураббияи кӯдакистони №17-ишаҳри Ваҳдат