ТАРБИЯТ ЗОДАИ ДОМОНИ МОДАР АСТ

Ҷомеаи муосир пур аз тазоду талошҳо ва мушкилоти руҳиву равонист. Бинобар он, таълиму тарбияи кӯдак дар ҷомеаи имрӯза аз ҳарвақта дида хеле муҳим аст. Фикру эҳсос, иродаю хислат, шууру ахлоқи кӯдак аввалин бор дар оила ташаккул ёфта, муҳимтарин хислатҳои одобу ахлоқро аз волидайн меомӯзад, яъне, устоди аввалини кӯдак волидайн мебошанд. Онҳо дар оила кунҷков мешаванд, чунки мехоҳанд бо ашёҳое, ки онҳоро иҳота кардаанд, ошноӣ пайдо намоянд.
Дар марҳалаи инкишоф кӯдакон бо гармию сардӣ, сахтию нармӣ, вазнинию сабукӣ ҷисмҳоро эҳсос менамоянд ва бо ёрии падару модар бо муҳити атроф ошноӣ пайдо намуда, зеҳну тафаккури худро сайқал медиҳанд. Бозичаҳои рангоранг аввалин асбобҳои аёнии таълимии кӯдакон мебошанд. Устодони аввалини дониш, яъне, падару модарро мебояд дар ин кор бениҳоят пурсабр ва меҳрубон бошанд ва ба саволҳои бешумори «чаро ин хел мешавад? ва «барои чӣ?»-и кӯдакон оромона ҷавоб гуфта тавонанд.
Падару модар бояд бо тамкину оромӣ ба фарзанди худ ҳама чизро омӯзонда, роҳи дурустро ба ӯ нишон бидиҳанд. Доир ба парвариш ва одоби фарзандон дар асари «Кимиёи саодат»-и мутафаккири барҷаста Муҳаммад Ғазолӣ омадааст: «Фарзанд амонатест дар дасти падару модар ва дилаш чун об соф асту чун гавҳар нафис ва нақшпазир чун мум, аз ҳамаи нақшҳо холист. Чун замин пок аст ҳар тухме, ки дар он афканӣ, бирӯяд, агар тухми хайр афканӣ ба саодати дин ва дунё расад. Агар бар хилофи он кунанд, бадбахт шавад ва аз ӯ корҳои ношоиста ба вуҷуд ояд, дар дунё ва қиёмат дар азоби он фарзанд падару модар низ шарик бошанд».
Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» имкониятҳои бисёр хубе фароҳам омад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа нисбат ба тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро ҳис намуда, барои иҷрои талаботи он кӯшиш ба харҷ диҳад.
Бояд падару модар ҳанӯз аз рӯзи ба дунё омадани тифлашон фикри тарбия ва саводнок шудани онро дар худ дошта бошанд. Тавре ривоят шудааст: «Падару модари ҷавон аз Абӯалӣ ибни Сино мепурсанд, тарбияи кӯдаки ҳафтрӯзаамонро аз кай оғоз кунем? Ӯ посух гуфтааст, ки аллакай ҳафт рӯз дер кардед, зеро тарбия аз рӯзи таваллуд оғоз меёбад».
Мутаассифона, баъзе аз волидон дар таълиму тарбияи фарзандон бетарафӣ зоҳир менамоянд. Ин ба он боис мегардад, ки фарзандон дар роҳи хато ба воя расида, оқибат ба ҳама гуна амалҳои номатлуб даст мезананд. Чунин волидайн аз кирдору бетарафии худ пушаймон низ мегарданд, вале чунонки дар урфият мегӯянд, «пушаймонӣ надорад оқибат суд».
Модарро мебояд нисбат ба тарбияи фарзандон хеле ҷиддӣ бошад ва фарзандони азизи худро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кунад. Чунонки шоир мефармояд:
Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест,
Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.
Рафтори модар аз пайи сармашқи кӯдакон,
Беҳтар зи ҳар китобу зи ҳар гуна дафтар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хусуси муҳим будани тарбияи фарзандон аз тарафи падару модари онҳо таъкид намудаанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус, падару модар, бояд наслеро тарбия карда ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ва ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад».
Доктори илми педагогика, профессори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Бибиҳафиза Маҷидова ба он назар аст, ки падару модар, мураббиён, омӯзгорон ва шахсони онҳоро ивазкунанда вазифадоранд, ки кӯдакро ҳамчун инсони комил тарбия намуда, пеш аз ҳама, ба инкишофи зеҳнии ӯ аҳамияти махсус зоҳир намоянд, барои соҳибмаълумот ва соҳибкасб шуданаш ёрӣ расонда, ӯро ба ҳаёти мустақилона омода созанд.
Ба ақидаи директори МТМУ №91-и ноҳияи Рӯдакӣ Фаррух Гурезов, тарбияи ифтихори ватандорӣ дар қалби фарзандон маҳз дар давраи истиқлол ҳамчун яке аз шартҳои асосии пойдории давлат ва миллати тоҷик эътироф гардид. Ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ аз иродаи қавии падару модар вобаста аст. Дуруст тарбия намудани фарзандон дар ин руҳия барои ояндаи нек замина мегузорад.
Аз ин бармеояд, ки тарбияи аввалиндараҷа аз хонавода сарчашма мегирад ва устоду раҳнамои ҳар як шахс, пеш аз ҳама, падару модар ба шумор мераванд. Пас, зарур аст, ки волидайни муҳтарам дар роҳи дуруст ба воя расидани фарзандон камари ҳиммат баста, онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд, ҳуқуқу манфиатҳои фарзандонро ҳифз намоянд, зеро кӯдакон ояндаи моянд.
Дар ин замина чандин омилҳоеро ҳам метавон номбар кард, ки боиси ба вуҷуд омадани рафтори номутаносиб дар ниҳоди фарзандон мегардад. 1. Тарбияи фарзандонро ба шахсони ғайр вогузор намудан. 2. Ба вазъи маишӣ ва иҷтимоии фарзандон эътибор надодан. 3.Ба фарогирии дониш ҷалб нанамудан ва гурез аз муассисаи таълимӣ. 4. Дар сари кӯчаву бозор ба муздурӣ машғул шудан. 5. Бо мақсади ба даст овардани даромади ройгон роҳи дуздиву ғоратгариро пешаи худ сохтан ва монанди инҳо. Дар ин масъала Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳар як падару модарро вазифадор мекунад, ки дар таълим ва тарбияи фарзанди хеш ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, чунки пешрафти ҷомеа ба тарбияи дурусти насли наврас вобастааст.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»