МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН ДАР МАДДИ НАЗАР

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023) соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Дар шароити кунунӣ такмили тарбияи ҳуқуқии наврасону ҷавонон яке аз масоили умда ба шумор рафта, зимнан, давраи худмуайянкунии он ба таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ алоқаманд аст.
Масъалаи ғанӣ гардонидани таҷрибаи тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ҳамчун як амри аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим, дар ҳуҷҷатҳои асосии соҳаи маориф, аз ҷумла, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъсири низоми муосири маориф ба ташаккули рушди маънавии насли наврас вобаста ба талаботи ҷомеа, ташаккули ҳувияти миллӣ дар ҷа­вонон таъкид гардида, ҳамзамон, пешгирии зуҳуроти нажодӣ, динӣ ва ифротгароии сиёсӣ дар байни ҷавонон қайд карда шудааст.
Дар шароити муҳити таҳсилотии гуногунфарҳангӣ ташаккули қобилиятҳои худшиносӣ ва рушддиҳӣ бидуни маърифати ҳуқуқӣ дар муҳити ҷамъиятӣ, дарк ва самтгирӣ ба интихоби бошуурона, муайян кардани роҳи зиндагӣ, омода намудани насли наврас ба таҷрибаи ғанигардонии тарбияи ҳуқуқӣ душвор аст. Бинобар ин, ҷустуҷӯи воситаҳо, усулу шаклҳои дастгирии педагогии ғанӣ гардонидани таҷрибаи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон, ки таъсири манфии омилҳои муҳити зистро то ҳадди ақал кам мекунад, муҳим мебошад.
Таҳлилу мушоҳидаҳо ва омӯзиши таҷрибаи тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон имкон доданд, ки якчанд ихтилофи дар ин самт мавҷудбуда муайян карда шавад:
– талаботи афзоишёбанда дар баррасии воситаҳо ва имконоти тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва асосноккунии нокифояи назариявии масъалаи мазкур;
– талаботи вазъи воқеӣ дар таъмини илмию методии тақвият бахшидани таҷрибаи тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва коркарди нокифояи воситаҳои муҳимми таҳқиқи падидаи мазкур дар назария ва амалияи муосири педагогӣ.
Вобаста ба ихтилофоти ишорашуда вазифаҳои зерин бояд ҳаллу фасл карда шаванд:
– дақиқ кардани сохтор ва мазмуни мафҳуми тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон;
– ошкорсозии неруи педагогии муассисаҳои таълимӣ дар ғанигардонии таҷрибаи тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон.
– барномаи мукаммали раванди ғанигардонии таҷрибаи такмилёбии тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон бо роҳи омӯзиш ва гузаронидани таҷрибаҳо;
– коркарди тавсияҳои илмӣ-методӣ, ки ҷараёни таҷрибаи ғанигардонии тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавононро ба таври самаранок таъмин менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон дар сурате тақвият бахшида мешавад, ки агар мавқеи худи наврасону ҷавонон оид ба аз худ намудани меъёрҳои маърифати ҳуқуқӣ афзалият пайдо кунад; ғанигардонии мазмуни маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон бо арзишҳои аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ ва раванди ғанигардонии таҷрибаи такмилёбии маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон дар асоси талаботи ҷомеаи муосир ба ҳисоб гирифта шавад. Дар баробари ин, бояд ба наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» дар муҳити иҷтимоӣ ва нақши он дар ташаккули мавқеи ҳаётии онҳо, ки дар асоси ҳавасмандсозӣ ба ҳалли вазифаҳои мубрами ахлоқӣ муайян карда шуданд, ошкор гарданд.
Бояд зикр намуд, ки барои хубу мақсаднок ба роҳ мондани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон сохтори таҷрибаи ғанигардонии маърифати ҳуқуқӣ бо ҷузъҳои ба ҳам алоқаманд (самтнокӣ, мазмун, самаранокӣ) ва захираҳо (таълимӣ, педагогӣ, иртиботӣ, амалӣ-таҷрибавӣ) таҳия карда шавад.
Мо бар он назарем, ки:
1. Таҷрибаи такмилёбии тақвият бахшидани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ҳамчун сифати ҳамгироии шахсият, ки дар ташаккули мавқеи ҳаётии онҳо нисбат ба арзишҳои инсонӣ ҳамчун танзимгари мавқеи фаъолиятмандии шахсият ва асоси ҳавасмандсозӣ ҷиҳати ҳалли вазифаҳои созанда ва бомасъулияти ҳаётан муҳимми инсон нигаронида шавад.
2. Татбиқи меъёрҳои муайянкардашудаи арзишнок (имконоти рушддиҳии маънавӣ, иштирок дар фаъолияти аз ҷиҳати маънавӣ муҳим), мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ»-и наврасону ҷавонон ва шуурнокии миллӣ, муносибати некбинона ба зиндагӣ, донистани мазмуни мафҳумҳои маънавӣ, меъёрҳои маънавиёт ва ахлоқ дар муҳити иҷтимоӣ, тасаввурот дар бораи принсипҳои муносибати нек ба одамон дар муҳити иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
3. Таҷрибаи такмилёбии тақвият бахшидани таҷрибаи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ҳамчун раванди ҳадафманди дастгирии афзудани мазмуни неруи маърифати ҳуқуқӣ дар такмилдиҳии маънавии шахсият дар заминаи муҳити иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки барои дарк ва қабули арзишҳои фарҳангию маънавӣ, меъёрҳо ва намунаҳои рафтори одамон дар ҷомеаи фарҳангӣ шароит фароҳам оварда шаванд.
4. Шароити мусоиде, ки дар ҷараёни корҳои таълимӣ-тарбиявӣ бояд асоснок карда шаванд (мубрамшавии мавқеи субъектии донишҷӯён дар фаъолияти аз ҷиҳати маънавӣ муҳимми таҳсилотӣ; тақвият бахшидани мазмуни маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон бо арзишҳои аз ҷиҳати шахсиятӣ муҳим; дастгирии педагогии раванди тақвият бахшидани таҷрибаи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон дар асоси технологияҳои муосири инсоншиносӣ) барои ғанигардонии таҷрибаи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон дар муҳити иҷтимоӣ ҳамчун танзимгари зарурӣ ва кифоя хидмат мекунанд.
Тайи солҳои охир, бешубҳа, боло рафтани савияи ҳуқуқии наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои бунёдии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла, Конститутсия, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегарданд. Бо дарназардошти ин, маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад:
— дар нақшаву барномаҳои корҳои тарбиявии муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот ворид намудани фасли алоҳида оид ба маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон;
— дар чорабиниҳои тарбиявӣ мунтазам даъват намудани мутахассисони сохторҳои интизомӣ ҷиҳати тақвият бахшидани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти волидон, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;
— дар муассисаҳои таълимӣ ташкил намудани «Гӯшаи маърифати ҳуқуқӣ бо иттилооти зарурӣ»;
— ба таври васеъ ба ҷавонон ва умуман, аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳои ба онҳо воридшуда;
— дар муассисаҳои таълимӣ таъсис додани «Маркази ягонаи иттилоотии маърифати ҳуқуқӣ».
Ба роҳ мондани ин тадбирҳо ба боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат менамояд.
Файз ГУЛМАДОВ,
доктори илмҳои педагогӣ