ҲАДАФ: ОМӮЗИШ ВА ХИДМАТ БА ВАТАН

Дастгирии ҷавонон ва таъмини шароити мусоиди таҳсил аз ҷумлаи муҳимтарин сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат таъкид кардаанд, «ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст».
Яке аз чунин тадбирҳои муҳим нисбат ба ҷавонон таъсиси стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» аст.
Ман аз ҷумлаи ҷавонони саодатманди даврони истиқлол ҳастам, ки соли равон дар асоси стипендияи мазкур дар Донишгоҳи метрополитени шаҳри Манчестери Британияи Кабир таҳсил менамоям. Шароити донишҷӯёни тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марказии барномаҳои байналмилалии “Дурахшандагон” ҳамеша назорат карда мешаванд ва масъулин ба таври доимӣ аз вазъи таҳсили мо-муҳассилин огоҳ шуда меистанд.
Боиси қаноатмандист, ки чанде қабл дар пойтахти Британияи Кабир шаҳри Лондон дар ҷараёни сафари кории хеш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мо, донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки тавассути стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” таҳсил мекунем, мулоқоти самимиву судманд баргузор намуданд. Шоистаи таъкид аст, ки дар Британияи Кабир 41 нафар донишҷӯйи тоҷик дар асоси стипендияи мазкур таҳсил мекунанд. Дар вохӯрӣ доир ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла, дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба шароити таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои хориҷӣ, муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар берун аз мамлакат, иштироки фаъол дар чорабиниҳои муҳимми сатҳи баланд, ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо мақсади тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон ташкил карда мешаванд, риояи тартиб ва муқаррароти қонунгузории кишварҳои зикршуда ва амсоли инҳо шарҳу тавзеҳ ёфтанд.
Ёдовар бояд шуд, ки 18-уми майи соли равон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик аз шаҳрҳои мухталифи Англия дар шаҳри Лондон ҷамъ омадем ва дар намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои миллӣ дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистони азизро муаррифӣ кардем. Ин барнома барои мо омӯзанда буд, зеро дар баробари муаррифӣ ва тарғиби фарҳанги миллии кишвар бо падидаҳои фарҳанги мамлакатҳои дигар ошноӣ пайдо намуда, бо дӯстони нави худ аз кишварҳои ҷаҳон муколамаҳои муфиди фарҳангӣ анҷом додем.
Вазири маориф ва илм аз фаъолият ва хониши донишҷӯёни тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, дар мониторинге, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ сурат гирифтааст, сазовори баҳои баланд гардиданд, изҳори хушнудӣ намуд. Донишҷӯёни тоҷик дар азхудкунии барномаҳои таълимии мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ соҳиби мақоми аввал гардидаанд, ки ин омил, дар ҳақиқат, дастоварди бузург аст.
Мо, донишҷӯёни тоҷик, аз ин мулоқоти самимонаи вазири маориф ва илм таассуроти нек бардоштем. Аз ин рӯ, мо талош менамоем, ки таҳсили хешро бомуваффақият давом дода, донишгоҳҳоро бо сари баланд хатм намуда, ба Ватан баргардем ва дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон – Тоҷикистон чун пайравони асили Пешвои миллат хидмати босазо намоем.
НУРЗОДА Анӯшервон Нуралӣ,
донишҷӯйи Донишгоҳи метрополитени шаҳри Манчестери Британияи Кабир