КИТОБҲОИ ДАРСӢ ТАҶДИДИ НАЗАР МЕШАВАНД

Дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» -нишондиҳандаи арзишҳои давлатдории миллӣ» баргузор гардид, ки дар он кормандони ПРМ ва як идда омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар оғоз муовини директори ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Парвина Лутфуллоева зикр намуд, тағйироту дигаргуниҳое, ки дар раванди низоми маориф ба амал меоянд, тақозо мекунанд, ки муҳтавою ғоя ва консепсияи маърифатии китобҳои дарсӣ бознигарӣ ва таҷдиди назар шаванд. Бо дарназардошти густаришу тақвияти арзишҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳо дар тамоми соҳаҳо дар замони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла, фарҳангу адабиёт ва баланд гардидани сатҳи худшиносии миллӣ ва амсоли инҳо бояд китобҳои ҷадиди таълимӣ таълиф гарданд.
Сардори раёсати ташхис ва тақризи адабиёти таълимии ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Шаҳлои Тоҳириён дар мавзуи «Омилҳои болоравии салоҳиятмандии хонандагон дар робита ба таҳияи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» сухан ронда, аз ҷумла, қайд намуд, ки доир ба ин масъала мизи мудаввар бо иштироки муаллифон ва ташхисгарони китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик» баргузор гардида буд, ки пас аз таҳлилу баррасии масъала иштирокдорон ба чунин қарор омаданд:
1. Ба сабаби ба талаботи имрӯзаи таълими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ҷавобгӯ набудан барномаи таълимии фанҳои мазкур аз нав таҳия ва мураттаб гардида, ба ҳайати гурӯҳи корӣ олимон, омӯзгорон ва равоншиносон ҷалб карда шаванд.
2. Ҷиҳати таълифи китобҳои дарсӣ озмун эълон ва муаллифон бо маблағҳои зарурӣ қадрдонӣ шаванд.
3.Таълими ҳаёт ва эҷодиёти адибоне, ки маъруф нестанд, аз барномаи таълимӣ хориҷ карда шаванд.
Аз ҷониби раёсати ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ лоиҳаи Консепсияи таҳияи китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик пешниҳод гардидааст, ки аз муқаддима ва ҳашт боб иборат мебошад. Зимни сафарҳои хидматӣ бо омӯзгорон суҳбату ҷамъомадҳо баргузор гардида, назари онҳо оид ба мувофиқат кардани барномаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, ворид кардани ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсоз дар китобҳои дарсии мавҷуда, аз ҷумла, фанҳои гуманитарӣ муайян гардид. Ходими илмии шуъбаи коркард, татбиқи технологияи инноватсионии таълимии ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Д. Салимова дар хусуси китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик», аз ҷумла, синфи 8 мулоҳизаҳои худро баён дошта, зимнан зикр намуд, ки забони китоби дарсии зикршуда содатар карда шавад. Саволу супоришҳои тестӣ аз китобҳои «Адабиёти тоҷик» бароварда шаванд. Ходими ПРМ Сироҷиддини Меъроҷиддин қайд намуд, ки дар китоби дарсӣ хронология риоя карда шавад. Мавсуф, ҳамчунин, пешниҳод кард, ки китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик» бознигарӣ, таҷдиди назар ва аз ҷониби ҳайати муаллифон аз нав таълиф карда шаванд. Ҳангоми таълифи китоби дарсии мавриди назар хуб мебуд, аз таҷрибаи олимону донишмандон – муаллифони китобҳои дарсии кишварҳои ҷаҳон ба таври огоҳона истифода кард.
Корманди ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Файз Гулмадов зимни суханронии худ таъкид намуд, ки тайи чанд соли охир сару садоҳое дар хусуси таълифи китобҳои дарсии алтернативӣ зиёд ба гӯш мерасад, вале ҷуръату ҷасорат ва иқдом дар самти таълифи чунин китобҳо ҳанӯз ба мушоҳида намерасад. Ба андешаи номбурда, аз баҳри китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик», ки бо сабку шеваи илмӣ — академӣ навишта шудаанд, баромадан лозим аст.
Ҳангоми таълифи китобҳои дарсӣ омӯзгорони варзида ба муаллифӣ баргузида шаванд. Китоби дарсӣ бояд таваҷҷуҳи волидонро низ ба худ ҷалб карда тавонад. Муовини директори гимназияи №4-и шаҳри Душанбе Насриддин Ҷаъфаров, ходими ПРМ Ш. Суриева ва чанд нафари дигар низ андешаҳои худро перомуни беҳтар гардидани муҳтавою ғояи китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик» ва «Алифбои ниёгон» иброз намуданд.
Бояд хотиррасон кард, ки дар ин масъала ҳанӯз соли 2013 муаллифи ин сатрҳо силсиламақолаҳои вижаи худро таълиф ва дар нашрияи «Омӯзгор» ба табъ расонда буд. Хуб мебуд, агар гурӯҳи корӣ ҳангоми баррасӣ ва пешниҳоди мулоҳизаҳо оид ба китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик» он андешаҳоро ба эътибор мегирифт. Ҳамчунин, дар навиштаҳои собиқадори маориф Шарифи Мирзоҳотам аз ноҳияи Хуросон масъалаи аз китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» берун кардани шоираҳои тоҷик (Робияи Балхӣ, Зебуниссо) изҳори нигаронӣ шуда буд.
Хуллас, вақти он расидааст, ки китобҳои нави бо руҳи замон созгор аз фанни адабиёти тоҷик ҳар чи зудтар таълиф ва дастраси омӯзгорону хонандагон гардонда шаванд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»