Ҷаҳони муосир дар ҳоли пешрафти мунтазам ва босуръат қарор дорад. Дар ин раванд нақши маориф ба таври куллӣ ва ҷиддӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳқиқ, омӯзиш, баррасӣ ва арзёбӣ карда мешавад. Ин аз омӯзгор ва хонандаи асри 21 тақозо менамояд, на танҳо маълумотро аз фанҳои таълимии гуногун биомӯзанд, балки онро дар ҳаёт амалан истифода намоянд. Ба ин хотир, имрӯзҳо суоли “Оё мо таълим медиҳем, то арзёбӣ гузаронем ё арзёбӣ мегузаронем, то таълим диҳем?” мутахассисони бахшҳои гуногуни соҳаи маорифро дар ақсои ҷаҳон ба андеша водор сохтааст. Аз ин лиҳоз, моро низ зарурат пеш омадааст, то ки ин масъаларо барои беҳтар намудани сифати таҳсилот дар кишвар баррасӣ намуда, чӣ гуна ба манфиати омӯзгору хонанда равона гардидани арзёбии гуногунҷабҳаро пешниҳод намоем.
Ба назари баъзе аз саршиносони маорифи олам, ба монанди Гордон Стобарт-профессори фахрии Институти маорифи коллеҷи Донишгоҳи Лондон ва Корманди фахрии илмии Маркази арзёбии таҳсилоти Донишгоҳи Оксфорд (OUCEA), арзёбии дуруст аз нуқтаи назари аввал аз ҳамон пурсишу посухи омӯзгор дар давоми ҳар дарсаш оғоз гардида, сипас таҳқиқот ба санҷиши давравӣ, санҷиши ҷамъбастии соли хониш, санҷиши ҷамъбастии зинаҳои таҳсилот, санҷишҳои махсуси фаннӣ ва тахассусӣ то ба сатҳи санҷишҳо ва таҳқиқотҳои байналмилалӣ идома меёбад.
Инчунин, дар мавриди арзёбии дохилисинфӣ, ки ҳангоми дарс сурат мегирад, Дэвид Пол Аусубел-равоншиноси амрикоӣ чунин менависад: “Арзёбӣ танҳо дар сурати пайгирии ҷавобҳо ташаккулдиҳандаи малакаю маҳорат хоҳад буд, дар сурате ки пас аз анҷоми супориш ё савол бо иҷрокунандаи он ё иҷрокунандагони он “чаро шумо ин ҷавобро интихоб кардед?” матраҳ карда шавад. Танҳо гузоштани баҳо ё қайд кардани ҷавобҳо дар шакли дуруст ё нодуруст ба раванди таълим мусоидат намекунад — агар аз хонандагон хоҳиш карда нашавад, ки чаро ин ҷавоб нодуруст аст, онҳо дар худ малакаи фикрронӣ ва хулосабарориро хуб ташаккул намедиҳанд. Ба хонандагон танҳо интихоби ҷавоби дуруст таҷрибаи омӯзишӣ нахоҳад буд, агар онҳо надонанд, ки чаро он дуруст аст”.
Баҳодиҳии ҷамъбастӣ дар санҷишҳои ҷории давравии фаннӣ барои ташаккули роҳи беҳтари таълим ва омӯзиш, бо дарназардошти таҳлил ва ташхиси ҷавобҳои он, ки хонандагон чиро омӯхтаанду фаҳмидаанд ва чӣ гуна минбаъд дар самти амалӣ кардани барномаи таълимӣ аз он истифода карда шавад, мусоидат хоҳад кард. Дар ҳоле ки ба чанд саволи ягон мавзуъ шумораи зиёди ҷавобҳои нодуруст дода шудааст, омӯзгорон муайян менамоянд, ки ин мавзуъ ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад ва шояд тарзи дигари пешниҳоди он ба хонандагон зарур аст.
Мақсади омӯзиш ва меъёрҳои муваффақият бояд барои хонандагон муайян бошад, то онҳо бидонанд, ки ба онҳо кадом мавзуъро дар кадом сатҳ донистан зарур аст.
Боз як арзёбии муҳим барои амалияи омӯзиш иборат аз он аст, ки ба хонандагон зарур аст, то бифаҳманд, ки чиро меомӯзанд, барои чӣ онҳо онро меомӯзанд ва чӣ гуна ин омӯзиши нав ба пешрафти онҳо мусоидат мекунад. Ин низ маънои онро дорад, ки худи муаллимон бояд фаҳманд, ки чӣ омӯзонида мешавад ва чӣ гуна он дарс ба пешрафти хонанда мусоидат мекунад. Муаллим метавонад инро дар оғози дарс шарҳ диҳад ё онро дар давоми дарс пурсад: «Чаро шумо фикр мекунед, ки мо имрӯз ин машғулиятҳоро иҷро карда истодаем?». Яъне, ҳама коре, ки дар масъалаи арзёбӣ анҷом дода мешавад, бояд барои ташаккули паҳлуҳои гуногуни пешрафти ҳаррӯзаи хонанда равона карда шуда бошанд. Ба ибораи дигар, арзёбӣ таҳлили корҳои анҷомшуда ва баррасии натиҷаи бадастомада мебошад.
Барои амалӣ намудани таҳсилоти босифат соҳаи маориф ба арзёбии хуб ва бонизом, ки ба рушди зеҳнӣ ва шахсии хонандаву донишомӯз равона гардидааст, ниёз дорад. Арзёбии хуб аз соҳаи маориф ё омӯзгори ҷудогона тақозо менамояд, ки бо баҳогузорӣ ё арзёбии ин ё он салоҳияти шахсони алоҳида ё гурӯҳе иктифо накарда, аз таҳлили хуб кор гиранд. Чунки ҳадафи асосии арзёбӣ ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, пайдо намудани сабаби камбудиҳо ва дарёфти роҳҳои ҳал мебошад. Бо ин мақсад, амалӣ намудани стандарти давлатии таҳсилот, барномаи таълимӣ, нақшаи таълимие, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи муносибати босалоҳият амалӣ карда мешаванд, омӯзгори замони муосирро водор менамояд, ки аз таҳлили дақиқу огоҳмандона кор бигирад. Дар баробари омӯзгор дигар шахсон, ба монанди мушовирони шуъбаю раёсати маорифи шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илм, санҷишгарони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, кормандони бахши ҳифзи ҳуқуқ, ки бевосита ё бавосита фаъолияташон ба раванди таълиму тарбия равона гардидааст, низ уҳдадоранд, ки аз таҳлилҳои омӯзанда ва созандаи онҳо таҳсилоти босифат амалӣ карда шавад.
Илова бар ин, имрӯзҳо рушди техника ва технология, бозори меҳнат, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ рақобати таҳсилотро аз доираи марзҳои миллӣ ба берун мекашад ва зарурат ба вуҷуд меояд, ки мо бо имконоти мавҷуда дар сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дорои салоҳият ва касбияти баланд бошем.
Ба ҳамин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани лоиҳаи “Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат” дар ҳамкориҳои судманд ва ба пешрафти маорифи миллӣ нигаронидашуда барои татбиқи барномаи арзёбии байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA), ки ба таври санҷишӣ соли 2024 ва ба таври амалӣ соли 2025 сурат мегирад, як қатор иқдомоти судмандро ба роҳ мемонад. Ин иқдомҳо, ба монанди омода кардани мутахассисони маҳаллӣ барои иштирок ба сифати нозир дар давраи амалишавии барномаи арзёбии байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA), баланд бардоштани касбият ва салоҳияти омӯзгорон ва роҳбарони мактабҳо, мушовирон ва назоратчиёни зинаҳои гуногуни соҳаи маориф, дастгирии Маркази миллии тестӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Таҳлил ва нишондодҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва инчунин, як қатор кишварҳои рӯ ба рушд бозгӯйи онанд, ки таълими ба арзёбӣ нигаронидашуда ва арзёбии ба таълим нигаронидашуда, дар ҳақиқат, метавонад барои рушди таҳсилоти босифат амалан таъсири мусбат гузорад, ки мисоли он Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Малайзия, Канада, Британияи Кабир мебошанд. Ин кишварҳо ва дигар мамолики иштирокчии барномаи арзёбии байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA) тавонистанд, бо истифода аз натиҷаи арзёбии он дар пешрафти маорифи худ, махсусан, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонанд.
Тоҷикистон низ ҳадаф дорад, ки бо истифодаи аз имконоти фароҳамомада дар барномаи арзёбии байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA) иштирок карда, то соли 2030 дар такя ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид раванди таҳсилоти босифатро дар амал табиқ намуда, ба рушди захираҳои инсонӣ ва иқтисоди миллӣ саҳмгузорӣ намояд.
Бояд қайд намуд, ки PISA барномаи арзёбии байналмилалии дастовардҳои таҳсилотии хонандагон мебошад, ки қобилияти муҳассилини 15-соларо барои истифодаи дониш ва малакаҳо барои фаъолияти мукаммал дар ҷомеа арзёбӣ мекунад. Дар арзёбӣ хонандагони 15-сола ҳуқуқи иштирок карданро дошта, аз фанҳои хониш, математика ва табиатшиносӣ санҷиш месупоранд. Инчунин, дар идома ба чанд савол, ки ҳамарӯза аз ҷониби хонандагону омӯзгорон пешниҳод мегардад, посух медиҳем:
— Чанд кишвар узв ва иштирокчии ин барнома ҳастанд ?
— 96 кишвар
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд чӣ гуна ташкилот аст ва чӣ кор мекунад?
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд созмони байналмилалист, ки ба нашри маълумот, пайгирии тамоюлҳо, таҳлил ва пешгӯии равандҳои иқтисодӣ машғул аст.
Ҳадафи ин созмон ташаккул додани сиёсатҳое мебошад, ки ба шукуфоӣ, баробарии истифода аз имконот ва некуаҳволии шаҳрвандон мусоидат мекунад ва он ба таҷрибаи 60-сола такя мекунад.
— Чаро кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд иштирокичии фаъоли PISA ҳастанд?
— Ин барнома, дар ҳақиқат, абзор (восита)-и санҷидашуда барои арзёбии амалии дастовардҳои таҳсилотии хонандагон, самаранокӣ ва натиҷаи таҳсилоти босифат мебошад. Махсусан, хонандагоне, ки дар зинаи хатми таҳсилоти миёна қарор доранд ва ҳамчун хазинаи зеҳнӣ ва коргарони ояндаи ҳар кишвар ҳастанд.
— Зарурати иштироки хонандагони Тоҷикистон дар роҳандозии ин барнома аз чӣ иборат аст?
— Хонандагони тоҷик бо иштирок дар ин барнома дастовардҳои таҳсилии худро ба намоиш мегузоранд ва имкон пайдо менамоянд, ки барномаи амалии рушди зеҳнии худро таҳя намоянд.
— Ҳадаф аз иштироки Тоҷикистон дар ин барнома чист?
— Ин барнома ба Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва дигар кумитаю вазоратҳо имкон медиҳад, ки амалигардонии таҳсилотро дар зинаи миёнаи умумӣ дуруст арзёбӣ намуда, ба сиёсати давлатии худ дар ин самт тағйироти заруриро пешниҳод ва қабул намоянд.
Инчунин, бо ба даст овардани натиҷаҳои қаноатбахш ва мусбат барои оянда Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор бо шарикони рушд ҳамкориҳои заруриро дар сатҳи беҳтару хубтар ба роҳ мемонад.
Таҳлили натиҷаи омории он ба Вазорати маориф ва илм ва Агентии назорат дар соҳаи маориф имкон медиҳад, ки роҳҳои беҳтари арзёбӣ, мониторинг ва амалисозии таҳсилоти босифатро дар доираи чорчӯби рушди муҳити таълим амалӣ намоянд.
— Барои амалӣ шудани PISA дар Тоҷикистон то имрӯз чӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд?
— Маркази миллии PISA дар Тоҷикистон дар заминаи Маркази миллии тестӣ фаъолияташро асосан аз моҳи апрели соли 2023 оғоз намудааст. Аз моҳи апрели соли 2023 то моҳи январи соли 2024 мувофиқи нақша корҳои зерин ба анҷом расонида шуд:
1) гурӯҳи татбиқи Лоиҳа таъсис дода шуд. Аъзои гурӯҳ дар барномаҳои махсуси PISA Connect сабти ном шудаанд;
2) ҳамаи санадҳои зарурӣ барои фаъолияти Маркази миллии PISA аз барномаи PISA Connect дастрас ва ба забонҳои тоҷикию русӣ тарҷума шуданд;
3) 21-уми сентябри соли 2023 бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои тобеи вазорат, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии таълимӣ ва намояндагии OECD ва ACER семинар доир ба роҳандозии PISA дар Тоҷикистон гузаронида шуд;
4) ҳамаи санадҳои зарурӣ барои интихоби мактабҳо ва хонандагон бо сарпарастони PISA мувофиқа карда шуд;
5) гурӯҳи тарҷумонҳо, мутобиқсозон ва муҳаррирони маводи PISA таъсис ва бо онҳо барои тарҷума ва мутобиқсозии воситаҳои арзёбӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карда шуд;
6) ба гурӯҳи тарҷумонҳо, мутобиқсозон ва муҳаррирони маводи PISA тартиби кор бо барномаҳои махсуси Omega T ва Microsoft Excel омӯзонида шуд;
7) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва ба шароити Тоҷикистон мутобиқ кардани воситаҳои арзёбӣ ва пурсишномаҳо дар доираи мактаб ва хонанда идома дорад.
8) дизайн ва чопи буклетҳо (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) илова бо саволҳои намунавӣ;
9) тарҷума ва ба чоп супоридани дастури ҳамоҳангсози (координатори) мактаб (ҲМ) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
10) тарҷума ва ба чоп супоридани дастури маъмури тест ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
11) омода намудани туҳфаҳо барои хонандагон дар озмоиши хурд;
12) муайян намудани шумораи мактабҳо ва рақами мушаххаси онҳо;
13) муайян намудани шумораи дақиқи хонандагоне, ки дар озмоиши хурд иштирок мекунанд;
14) омода намудани сертификатҳо барои директорони мактаб (ҲМ) дар озмоиши хурд;
15) таҳия намудани презентатсия (муаррифӣ) барои омода намудани маъмурони тест;
16) таҳия намудани муаррифӣ барои омода намудани директорони мактаб (ҲМ) ;
17) гузаронидани семинари омӯзишӣ бо маъмурони тест (МТ);
18) гузаронидани семинари омӯзишӣ бо директорони мактаб (ҲМ);
19) муайян намудани макони мактабҳо ва боздид аз мактаб;
20) гузарондани семинари омӯзишӣ оид ба рамз (код)-гузорӣ;
21) гузарондани семинари омӯзишӣ бо нозирони сифат (мониторинги раванди арзёбӣ);
22) гузарондани санҷиш дар се мактаб пеш аз озмоиш;
23) ҷобаҷогузории маводи санҷиш дар лифофаҳои эмин;
24) тақсим кардани мавод ба намояндагони Маркази миллии тестӣ;
25) интиқоли маводи санҷиш ба мактаб;
26) гузаронидани санҷиш;
27) баргардонидани маводи имтиҳон ба ММТ;
28) қабули маводи санҷиш;
29) назорати раванди рамз (код)-гузорӣ;
30) ҷобаҷогузории маводи истифодашуда ва махфӣ нигоҳ доштани он дар ҷойи махсус.
Бадриддин МУЗАФФАРЗОДА,
ҳамоҳангсози лоиҳаи
“Муҳити таълим — асоси
таҳсилоти босифат”,
Умедҷон ИНОЯТОВ,
сармутахассиси бахши арзёбии лоиҳаи “Муҳити таълим — асоси таҳсилоти босифат”