ТАҶРИБАОМӮЗИРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД

Таҷрибаомӯзӣ як қисми асосии ҷараёни таълим ба шумор рафта, бо мақсади дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён ва ташаккул додани маҳорати касбии донишҷӯён роҳандозӣ мешавад. Шаклҳои таҷрибаомӯзӣ таълимӣ (шиносоӣ), саҳроӣ, истеҳсолӣ, педагогӣ (барои омӯзгорон), пешаздипломӣ ба шумор меравад.
Сафарбар намудани донишҷӯ ба истеҳсолот, ки дар асоси шартномаҳои тарафайн ба роҳ монда мешавад, корхонаи истеҳсолиро водор мекунад, ки нисбат ба мутахассиси ояндаи худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Аммо то имрӯз чунин таваҷҷуҳ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ хеле кам мушоҳида мегардад. Ҳадафи таъсиси ҳар як корхонаи истеҳсолӣ дар баробари даромад ва ривоҷи соҳа ташкили инфрасохтор, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб ва тарбияи мутахассисони ҷавон мебошад. Оё имрӯз корхонаҳои саноатӣ хоҳиши қабули донишҷӯро ҳамчун таҷрибаомӯз доранд? Донишҷӯён аз имтиёзҳои молиявӣ дар ин корхонаҳои саноатӣ ҳангоми таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бархӯрдоранд? Ё чаро донишҷӯи имрӯз хоҳиши дар истеҳсолоти ватанӣ кам кор карданро дорад? Саволҳоест, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии кишвар роҳбарони муассисаҳои олии таълимии соҳавӣ ва ҳам роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии ватаниро набояд бетараф гузорад.
Омилҳои зиёде дар ин ҷода донишҷӯро рӯ ба рӯ мегарданд: ривоҷ наёфтани тафаккури техникӣ дар зеҳни насли имрӯз дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ва ҳам миёнаи умумӣ, дувум, интихоби тасодуфии касб. Худ қазоват кунед, ки охирин маротиба бо фарзандатон дар бораи сангҳои қимматбаҳо, тилло, нуқра мис, сурб, руҳ ва ғайраҳо кай суҳбат карда будед? Пӯшида нест, ки имтиҳоноти қабул ба МОТ тариқи ММТ дар чанд давр ташкил карда мешаванд ва дар он донишҷӯи аз интихоби аввал муваффақнагардида аз ноилоҷӣ ихтисоси дигарро интихоб мекунад. Аммо донишҷӯёне низ дар байни онҳо ҳастанд, ки бо мақсади муайян ба донишгоҳ омадаанд, сатҳи саводнокиашон хеле баланд аст ва ҳатто забон­ҳои хориҷиро низ хуб медонанд. Тоифае, ки тасодуфан ихтисоси муҳандисиро интихоб намудаанд, сифати пасти саводнокии онҳо ба рейтинги муассисаи олии таълимӣ низ бетаъсир намемонад. Дар чунин ҳолат баҳодиҳии нисбӣ дар гурӯҳи академӣ ба миён меояд, ки дар натиҷа судманд нахоҳад буд ва ба донишҷӯи хуб таҳсилдида низ таъсири манфӣ хоҳад расонд. Ба ин гуна донишҷӯён танҳо таҷрибаомӯзӣ ва фазои мусоиди истеҳсолӣ таъсири мусбат мерасонад.
Омили дигар, муносибати хуб надоштани масъулини корхонаи истеҳсолӣ бо донишҷӯи таҷрибаомӯз аст. Аз рӯзҳои нахустини таҷрибаомӯзӣ як сухани ноҷо ё ҳарфи носазо метавонад донишҷӯро аз соҳа ва касбу пешаи интихобкардааш дилсард намояд. Набудани шароити зист барои донишҷӯ, аз сар соқит кардани муаммоҳои истеҳсолии бавуҷудоянда бо иштироки таҷрибаомӯз, таъмини нокомили шароити бехатарӣ дар саноати вазнин ва ғайраҳо сабаб мегарданд, ки масъулини корхонаҳои саноатӣ пас аз як рӯзи ҳозир нагардидани донишҷӯ мактуби ҷавобӣ ирсол менамоянд, ки “донишҷӯ ба истеҳсолот ҳозир нагардид, ё ба талаботи мо ҷавобгӯ буда наметавонад”, ки бо чунин усул омода намудани мутахассисони ватанӣ ғайриимкон аст. Ё корҳое ба донишҷӯён дар истеҳсолот вобаста карда мешаванд (масалан, рӯбучини атроф), ки ғайричашмдошт аст ва ба барномаи таҷрибаомӯзии онҳо мувофиқат намекунад. Сарзаниш кардани донишҷӯ барои сатҳи саводнокӣ низ дар корхонаҳои истеҳсолӣ мушоҳида мегардад, ки донишҷӯро руҳшикаста месозад. Нахустин маротиба дар истеҳсолот қарор доштани донишҷӯ ба назар гирифта намешавад, зеро сатҳи дониши ӯро нафаре месанҷаду баҳогузорӣ мекунад, ки таҷрибаи кориаш аз синну соли таҷрибаомӯз баланд аст. Ба андешаи мо, новобаста аз шакли фаъолият дар корхонаҳои истеҳсолӣ низ бояд ҳолати равонии донишҷӯ-мутахассиси оянда санҷида шавад, ӯро барои тақдири ояндааш дилгарм намоем. Шояд ҳамин гуна ҳамдигарнофаҳмие, ки дар корхонаҳои саноатӣ ва донишҷӯйи имрӯз мушоҳида мегардад, ҳанӯз аз замони собиқ Шуравӣ сарчашма гирад. Чунки имрӯз нарасидани мутахассиси ватанӣ ва бештар фаро гирифтани мутахассисон аз хориҷи кишвар далели он аст, ки ҳанӯз замони гузашта барои тақдири имрӯзаи саноати мамлакат дилсӯзона муносибат ба роҳ монда нашуда будааст. Набудани як муассисаи олии таълимии соҳавӣ ҳамон замон дар кишвар низ далели он аст.
Сабаби дигар, риоя нагардидани талаботи “Низомномаи намунавӣ дар бораи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳури Тоҷикистон” (минбаъд низомнома) мебошад. Дар муассисаи олии таълимӣ маъмулан рӯзнома ва барномаи таҷрибаомӯзиро ба дасти донишҷӯ месупоранду баъд аз дастурҳо оид ба техникаи бехатариро додан ба истеҳсолот бе роҳбалад сафарбар менамоянд, ки оид ба шарҳи он дар поён истода мегузарам.
Ҳамчунин, оини бо истилоҳ “шиносбозист”, ки ин ба ҳама донишҷӯён тааллуқ надорад, махсус, донишҷӯёни пушту паноҳдор, ки онҳо ба дарсҳо кам оянд ҳам, аз сафи донишҷӯён хориҷ намешаванд ва дар таҷрибаомӯзӣ ширкат наварзида, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки баҳои худро гиранд. Пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ин самт аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ низ ба манфиати кор хоҳад буд.
Рухсат надодани таҷрибаомӯз барои аз наздик шинос шудан бо дастгоҳҳои бузурги саноатӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ низ омили бетаваҷҷуҳии ӯ аз ҷониби корхонаи истеҳсолӣ мегардад.
Таъйин кардани роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз ҳисоби устодони соҳибтаҷриба, ҳадди ақал се моҳ дар истеҳсолот фаъ­олияткарда зарур аст. Ё дар зинаи олии таълимӣ ба онҳо дарсгӯянда ё дастурдиҳанда, бояд дар муҳити ис­теҳсолӣ фаъолият кардаву аз нозукиҳои соҳа огаҳ бошад, пас аз он ҳангоми ба вуҷуд омадани мушкилот дар ин самт хулосаи дақиқро рӯйи кор меоварад.
ХУЛОСА ВА ПЕШНИҲОД
▸Таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шароити зисти мутахассисони ояндаи ватанӣ, дар раванди таҷрибаомӯзӣ, ҳадди ақал як маротиба вохӯрӣ гузаронидан бо таҷрибаомӯзон ва дилгарм намудани онҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
▸Аз ҳар як корхонаи саноатӣ боздид намудани роҳбарияти муассисаи олии таълимӣ ва масъули таҷрибаомӯзӣ оид ба васеъ намудани имконоти мавҷудаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён, зеро дар низомномаи болозикр боби 13 – “Ташкил ва роҳбарии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ”, банди 64-и он гуфта мешавад: “ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муовини ректор оид ба корҳои таълим, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон масъули ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ мебошанд”.
▸Хуб мешуд, дар муассисаҳои олии таълимӣ низомномаро шахсони масъул пурра омӯхта, бандҳои онро ҳангоми таҳияи шартномаҳои ҳамкорӣ ба эътибор гиранд.
▸Дастаҷамъона фиристодани донишҷӯён ба истеҳсолот аз донишкада ё донишгоҳ бо корвони махсус, бо як нафар шахси мутасаддӣ, зеро дар асоси банди 47-и низомнома гуфта мешавад: “Роҳкирои донишҷӯён ба ҷойи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва бозгашт тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва ё автомобил дар дохили ҷумҳурӣ аз ҳисоби муассисаҳои олии касбӣ пардохт карда мешаванд”.
▸Хуб мешуд, сохторҳои дахлдор вобаста ба масъала чанд нафарро дар як сол ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб кардан ва пардохти музди меҳнати онҳо аз корхонаҳои саноатӣ ҳисобот талаб намоянд, ки ин ҳам як рукни иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ аст.

Осими ОҚИЛ,
номзади илмҳои техникӣ,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон