УМАРИ ХАЙЁМ ВА ИНКИШОФИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ

Ғиёсиддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим Хайёми Нишопурӣ (18.5.1048 — 4.12.1131) аз он нобиғагону фарзонагони шаҳири ниёгонамон ба шумор меравад, ки бо афкору ақоид ва мероси гаронбаҳои худ дар рушду такомул ва пешрафти фарҳанги умумиинсонӣ саҳми босазо гузоштааст. Возеҳ аст, ки имрӯз овозаи ин донишманди воломақом дар “олами зери қамар”, яъне, дар рӯйи Замин, асосан, тавассути рубоиёти ҷовидонааш сурат гирифтааст. Аммо дар замони зиндагиаш Ҳуҷҷатулҳақ Умари Хайём, аслан, ҳамчун донишманди ҳайатшиносу риёзидон ва табиатшиносу файласуфи маъруф буд.
Умари Хайём баъд аз он ки дар асри ХХ ҳамчун шоири файласуфу ринди оламсӯз муаррифии муштоқону ҳаводорони сухани сеҳрангезе шуҳратёр гашт, роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти ӯ тадқиқоту таснифоти зиёде дар Шарқу Ғарб ба забонҳои гуногун ба табъ расидааст. Аксари ин таснифот нашри рубоиёти ӯ ба забони аслу модариаш, форсии тоҷикӣ ва тарҷумаи онҳо мебошанд.
Новобаста ба тадқиқоти зиёди хайёмшиносӣ, ҳанӯз ҳама ҷабҳаҳои фаъолияти ӯ ба таври бояду шояд мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд. Масалан, то ҳанӯз саҳми Умари Хайём дар таърихи фарҳанги башарӣ ҳамчун муаррих, файласуфи кайҳонши­нос, физикдон ва табиб ба таври бояду шояд рӯшан нест. Комилан яқин аст, ки ин донишманди овозадор дар аксари соҳаҳои илми замонааш ба кашфиёту дастовардҳои хосе ноил гашта буд.
Дар илми ҳайатшиносӣ (астрономия) саҳми Умари Хайём то он ҳаддест, ки тақвими тартибдодаи ӯ саҳеҳтар аз тақвими маъмулии имрӯзаи ҷаҳониён аст. Яъне, солшумурии шамсӣ, ки бо номи “Тақвими григорианӣ” шинохта шудаасту мо аз он истифода дорем, дар ҳар чорсад сол 99 соли кабиса дорад. Аз ин рӯ, давомнокии сол ба: t=365*99/400=365, 2425 шабонарӯз баробар аст. Тақвими тартибдодаи Хайём ки ба шарафи Султон Ҷалолиддини Маликшоҳ “тақвими Ҷалолӣ” ном дошт, дар ҳар 33 сол ҳашт соли кабиса дошта, дар он давомнокии миёнаи сол ба t=365*8/33=365, 2424 шабонарӯз баробар аст. Аз ин рӯ, хатоии солшумории григорианӣ дар 33 сол ба як шабонарӯз баробар буда, хатоии солшумории тартибдодаи Хайём дар 5000 сол ба 1 шабонарӯз баробар аст. Яъне, тафовути солшумории григорианӣ аз соли воқеии хуршедӣ ба 0,0003 шабонарӯз ё 26 сония баробар буда, тафовути тақвими тартибдодаи Хайём аз соли воқеии хуршедӣ ба 0,0002 шабонарӯз ё ба 19 сония баробар аст. Аз ин ҷо пайдост, ки тақвими Хайём нисбат ба солшумории имрӯзаи мо 7 сония дақиқтар аст.
Дар соҳаи риёзиёт Умари Хайём рисолаи махсусе бо номи “Рисолаи фил-бароҳин ало масоил-ил-ҷабр ва-л-муқобила” тасниф намудааст, ки дар он тадқиқи назарияи муодилаҳои кубӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки ҳалли муодилаҳои хаттӣ ва квадратӣ ҳанӯз аз замони Ҳинд ва Юнони қадим маълум буд ва ҳалли муодилаҳои квадратӣ, махсусан, аз тарафи бузургтарин риёзидони тоҷик, асосгузори илми ҷабр (алгебра)-и ҷаҳон Абуабдулло Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ (780-850) ҳаматарафа тадқиқу таҳлил гаштааст. Дар замони зиндагии Хайём донишмандони риёзидон ба ҳал намудани муодилаҳои кубӣ ва биквадратӣ машғул буданд. Аз байни онҳо маҳз ба Умари Хайём муяссар гашт, ки муодилаҳои кубӣ ва дараҷаи чорум (биквадратӣ)-ро ҳал ва тадқиқ намояд. Дар рисолаи мазкур Умари Хайём 25 намуди муодилаҳои хаттиву квадратӣ ва 8 муодилаи кубиро ҳал ва тадқиқ намудааст. Муодилаҳои хаттиву квадратиро Умари Хайём бо тарзи Абуабдулло Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ ҳал намуда, аммо муодилаҳои кубии зеринро бори аввал дар таърихи риёзиёт мавриди тадқиқ қарор додааст.
Дар ҳандаса барои собит намудани фарзияи V Уқлидус (Евклид), Хайём назарияи хатҳои параллелро нишон додааст ва имрӯз “Чаҳоркунҷаи Хайём Саккери” дар таърихи илми ҳандаса сабт шудааст.
Дар соҳаи муайян сохтани вазни хоси ҷисмҳо Хайём усули наверо фарқкунанда аз усули пешиниён ба миён овардааст. Муайян намудани вазни хоси ҷисмҳо аз қадимулайём диққати физикдонони ҳама давру замонро ба худ ҷалб намуда буд. Бинобар маълумоти сарчашмаҳо, аввалин маротиба ба донишманди юнонӣ Аршимидуси Сиракузӣ (Архимед, аз шаҳри Сиракуз) муяссар гашт, ки таркиби тоҷи тиллоии шоҳи Сиракуз-Ҳисронӣ (Гиерони II)-ро муайян созад. Баъд аз Аршимидус, донишмандони зиёде ба монанди Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигарон роҷеъ ба муайян намудани вазни хоси ҷисмҳо шуғл варзидаанд ва ҳар яке ба комёбиҳои назаррасе ҳам ноил гаштанд. Аммо тарзу усули кашфкардаи ҳар яки онҳо аз ҳамдигар тафовути зиёде надошт. Умари Хайём ба ғайр аз усули баркашӣ, роҳҳои муайянсозии вазни хоси ҷисмҳоро бо роҳи далелу бурҳони ҳандасиву ҷабрӣ (геометриву алгебравӣ) ба миён овардааст.

Саидбибӣ МУМИНОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ