ФАРҲАНГИ КАЙҲОНӢ ЗАРУР

Вожаи «кайҳон» аз ду қисмат иборат буда, қисмати аввал маънои рӯшноӣ ва қисмати дуюм фаҳмиши донишро дорад. Нест нафаре, ки хоҳиши доштани дониш доир ба кайҳонро надошта бошад, чунки мо низ як узви он ҳастем.
Кайҳон маконе, ки ҳамеша дорои асрори ҷаззобу дилфиреб буда, ҳаст ва боқӣ мемонад. Замоне ки кас бо заҳмати зиёд, дар бораи чӣ будани яке аз асрори он андаке огаҳӣ пайдо мекунад, боз дар он асрори дигареро дармеёбад. Файласуфи барҷастаи Олмон Иммануил Кант гуфта буд, ки: «Ду чиз боиси тааҷҷубоварӣ ва ҳайроншавӣ мегарданд: 1). Осмони ситоразори болои сарамон; 2). Қонуни ахлоқии ботиниамон. Ҳанӯз қадимиён мепазируфтанд, ки миёни ин ҳар ду алоқамандии ҷудонашаванда ҷой дорад. Кайҳон сабабгори гузашта, ҳозира ва ояндаи инсоният ва фарди алоҳида боқӣ мемонад. Агар бо забони илми ҳозира маънидод кунем, дар одам маълумот доир ба Кайҳон кодиронида шудааст. Ҳаёт ва кайҳон аз ҳам канданашавандаанд. Он, асоситарин қонуни диалектика мебошад.
Асосгузор ва роҳбари департаменти метеорологии Британия (Met Office) Роберт Фитсрой дар китоби худ «Китоб дар бораи обу ҳаво» менависад: «Мо дар уқёнуси ҳаво зиндагӣ дорем. Ҳама тағйирёбиҳои обу ҳаво аз шуоъафкании Офтоб вобастагӣ дорад».
Хайр, «кайҳон чист ва барои донистани он чӣ гуна тадқиқотҳо амалӣ шуда истодаанд?»
Вожаи «кайҳон» маънои ҷаҳон, олам, дунёро дорад ва аз рӯйи вақту фазо беҳудуд аст. Шаклҳои бешумореро, ки материя дар раванди тараққиёти худ мегирад, доро мешавад. Илми кайҳоншиносӣ онро ба ду қисмҳо ҷудо мекунад: кайҳони наздик (бо ёрии дастгоҳҳои кайҳонӣ ва стансияҳои байнисайёравӣ тадқиқ карда мешавад) ва кайҳони дур (олами ситораҳо ва галактикаҳо).
Аз замоне ки ба пайдоиши одам тааллуқ дорад, то кунун дар онҳо майлу рағбати донистани Осмон буд ва боқӣ мемонад. Дар аввал – бо фикр, нигоҳ ва қанотҳо, ниҳоят бо дастгоҳҳои ҳавопаймоӣ ва парвозкунӣ, киштиҳои кайҳонӣ ва стансияҳои орбиталӣ. Дар ин ҷода баъзе дастовардҳо ҳастанд. Дар асри гузашта мавҷуд будани галактикаҳо муайян карда шуд. Муайян карда шуд, ки галактикаи Роҳи Каҳкашон шакли спиралро дорад ва ғайраҳо. Чи қадаре ки кайҳонро зиёдтар донистан мегирем, саволҳои нав ба нав пайдо шудан мегиранд.
То ибтидои асри XVII чашм ягона асбоби оптикии мушоҳида ва тадқиқи кайҳон буд. Як қатор асбобҳо, аз ҷумла, кунҷченкунӣ сохта шуда буданд. Ихтирои телескопҳои аввалин боиси мусаллаҳшавии чашми мушоҳидакорони кайҳон гардид. Баъдтар қабулкунакҳои афканишоти диданашаванда сохта шудаанд, ки айни замон кайҳонро дар ҳама диапазонҳои спектри электромагнитӣ (аз гаммаафканишот то радиомавҷҳои зиёдадароз) меомӯзанд. Дар асри ХХ тараққии илм ҳудудҳои мушоҳида ва тадқиқотҳои кайҳониро ниҳоятдараҷа васеъ намуд. Радиотелескопҳо ва баъдтар рентгентелескопҳо (танҳо дар фазои беҳаво ва кайҳони кушод тадбиқшаванда) сохта шудаанд. Дар ҳамсафарҳои сунъии Замин гаммателескопҳо васл карда шудаанд, ки онҳо имконияти бақайдгирии маълумоти олами атроф ва ҳолати экстремалии материя дар кайҳонро доранд. Барои бақайдгирии афканишоти ултрабунафш ва инфрасурхи кайҳонӣ телескопҳои объективҳои таркиби химиявии махсусдошта истифода бурда мешаванд. Бо ёрии ин гуна дастгоҳҳо имкон пайдо шуд, ки дар наздикии маркази галактикаамон объекти тааҷҷубовари инфрасурхи рӯшноии аз рӯшноии Офтоб 300 000 маротиба калонтар кашф карда шавад. Табиати ин ҷирми осмонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Ба ғайр аз ин, боз як қатор манбаъҳои афканишоти инфрасурх дар галактикаҳои дигар ва фазои байнигалактикагӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Кайҳон то андозае бузург аст, ки кайҳоншиносон то кунун андозаи онро муайян карда натавонистаанд. Ба ин гуна беҳудудиаш нигоҳ накарда, дастовардҳои илмию техникӣ имкон додаанд, ки доир ба кайҳон бисёр чизҳоро дониста гирем ва мавқеи инсонро дар он муайян намоем. Тӯли қариб 60 соли охир одамон имкони тарк кардани Заминро пайдо карданд. Омӯхтани табиати ситораҳо ва сайёраҳоро на танҳо бо ёрии мушоҳидакунӣ бо ёрии телескопҳо, инчунин, бо ёрии гирифтани маълумот аз кайҳонро низ ёд гирифтаанд. Ҳамсафарони сунъии ба кайҳон баровардамешуда бо асбобҳои хеле мураккаб таҷҳизонида шудаанд. Бо ёрии ин гуна таҷҳизот як қатор кашфиёти тааҷҷубовар, ба монанди кашфи сӯрохии сиёҳ, сайёраҳои нав ва ғайраҳо анҷом дода шудаанд. Офтоб ва ҳамсафарони ин сайёраҳо парвози худро идома дода истодаанд.
Ҳамсафарон («Венера»-и русиягӣ, «Маринер» ва «Викинг»-амрикоӣ) ва зондҳои («Пионер-10», «Пионер-11», «Вояджер-1» ва «Вояджер-2»-и амрикоӣ) ба сӯйи сайёраҳои манзумаи Офтоб сардодашуда маълумоти даркориро ба Замин фиристодаанд. Парвози бархе аз ин зондҳо то кунун идома доранд ва сарҳади манзумаи Офтобро убур кардаанд. Донистани Кайҳон анҷом надорад.

Музаффар FАФУРОВ,
саромӯзгори Коллеҷи омӯзгории
ДДБ ба номи Носири Хусрав,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон