Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, дар баробари таълиму омӯзиш тарбия низ нақши бузург дорад ва маҳз тавассути машғулиятҳо мураббиён ба тарбиятгирандагон хислату арзишҳои волои инсонӣ, гуманизм, хештаншиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва ормонҳои миллиро талқину тарғиб мекунанд. Мактабшиносон бар ин назаранд, ки шуруъ аз таҳсилоти томактабӣ дар ниҳоди кӯдакон асосҳои тарбияи маънавӣ рушду такомул меёбад. Аммо тарбиятгирандагон аз ин ғизои маънавӣ то кадом андоза бархурдор мешаванд, он аз маҳорату малака ва касбияти мураббиёну омӯзгорон вобастагӣ дорад. Маъмулан, тарбияи маънавӣ ва худшиносӣ аз омӯзиши осори бадеӣ ва санъату ҳунар сарчашма мегирад, ки дар ин ҷода ҳодию роҳнамо мураббиёну омӯзгорон ва волидон ба ҳисоб мераванд. Дар кӯдакистон яке аз машғулиятҳо хониши бадеӣ маҳсуб меёбад, ки на танҳо дар ин машғулият нутқи хаттию шифоҳии тарбиятгирандагон такомулу сайқал меёбад, балки марҳала ба марҳала тарбияи завқи эстетикӣ (зебоишиносӣ)-и онҳо ба василаи омӯзишу мутолиаи асарҳои бадеии бачагона вусъату тақвият меёбад. Бедор намудани шавқи тарбиягирандагон ба омӯзишу мутолиаи осори бадеӣ бояд огоҳонаю дурандешона ба роҳ монда шуда, дар заминаи шеваи аз сода ба мураккаб ҷараён ёбад. Мураббия – омӯзгор бояд худ сермутолиа бошад, намунаҳои осори пурмуҳтавои ҷолиб ва шавқовари бадеиро барои мутолиа ба тарбиятгирандагон пешниҳод намояд.
Волидон низ бояд барои ояндаи фарзандонашон ҷаҳду талош намоянд, бо ин мақсад, аз дукону фурӯшгоҳҳои китобҳои адибони тоҷик, шоирону нависандагони ҷаҳонӣ ва афсонаю ривоятҳои мардумиро харида, ба кӯдаконашон пешкаш кунанд. Яке аз роҳҳои муассиру таваҷҷуҳангез дар масъалаи ташаккули маънавии тарбиягирандагон аз ҷониби падару модарон, ташкили китобхонаи оилавӣ ба шумор меравад. Кӯдак бо суханону насиҳат ва ҳарфҳои шиоромези якрангу дилгиркунанда ҳеҷ гоҳ ба китобу китобхонӣ ва осори санъату ҳунар меҳру дилбастагӣ пайдо нахоҳад кард. Ҳангоме ки вай чор – панҷ маҷмуа ё китоби тозанашри харидаи волидонро аз наздик мебинаду ба даст мегирад ва итминон ҳосил мекунад, ки ин ганҷинаи маънавиро падар ё модар танҳо ба хотири тарбияи завқи омӯзиш ба ӯ дастрас кардааст, дар қалбаш шавқу нишоте ҷӯш мезанад ва муҳаббати фарзандияш ба волидон дучанд афзун мегардад. Дар кӯдакистон низ мураббиёну омӯзгорон бояд тамоми кӯшишу талошро ба харҷ диҳанд, ки кӯдакон аз китобхонаи муассиса ҳадафмандона истифода кунанд. Мутаассифона, яке аз анъанаҳои муфиду муассир, ки дар тарбияи маънавии кӯдакон, хоса, завқи мутолиаю омӯзиши онҳо нақши бузург мебозад, яъне, ташкил ва баргузории вохӯрию мулоқот бо шоирону нависандагони бачагон имрӯз дар кӯдакистонҳо ба нудрат ба чашм мерасад. Тавре ки медонем, тарбияи маънавӣ дар робитаи зичи хониши осори бадеӣ, мусаввирӣ, офаридан (сохтани шаклҳои мухталифи ашё), нақли шифоҳӣ аз таассуроти бардоштаи тарбиятгиранда аз манзараҳои атроф ва табиат ташаккул ёфта, мукаммал мегардад. Аз ин рӯ, мураббиёну омӯзгорон баҳри бедор намудани завқи зебоипарастӣ ва мутолиаю омӯзиши кӯдакон ба машғулиятҳои рӯзмарра маҳдуд нагардида, бояд эҷодкорона роҳу шеваҳои наву рангин ва ҷозиби ҷалби таваҷҷуҳи тарбиятгирандагонро ҷустуҷӯ, дарёфт ва ба ин васила, меҳру муҳаббати адабиёту санъатро дар сиришти онҳо тарбия ва ҷо намоянд. Дар ин бобат аз мураббиёну омӯзгорон ҷасорату иродатмандӣ ва қатъият тақозо карда мешавад. Дар умум, онҳо метавонанд ва вазифадоранд, ки тарбиятгирандагонро вобаста ба гурӯҳҳои синнусолӣ ба тамошои осорхонаю китобхонаҳо роҳнамун сохта, аз наздик онҳоро ба муҷассамаҳои бузургону шахсиятҳои маҳбубу шинохтаи миллати тоҷик – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ҷомию Навоӣ, Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон шинос намоянд. Муҳаббат ба Ватан, муқаддасоти миллӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор маҳз дар кӯдакистон шуруъ гардида, ба рушду ташаккули маънавии ҳар як тарбиятгиранда мусоидат хоҳад кард.
Моҳирабону ДАМИНОВА,
мушовири шуъбаи маорифи
шаҳри Кӯлоб