ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ҲУШМАНД

20 майи соли ҷорӣ дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” зери унвони “Душанбе – шаҳри ҳушманд” оғоз гардид.
Нахуст намоиши дастовардҳои илмиву инноватсионӣ ва техникиву технологии муассисаҳои инноватсиониву технологӣ, илмиву таълимӣ, ширкатҳои бахши IT-и ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар намоишгоҳ 45 муассисаи илмӣ, техникӣ, технологӣ ва робототехникаву лего зиёда аз 415 номгӯй лоиҳаву маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Меҳмонон ва иштирокдорон дар намоишгоҳ бо дастовардҳои мазкур шинос шуданд.
Баргузории ин намоишгоҳ омили муҳимми бедор намудани ангезаи шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ арзёбӣ гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” бори аввал дар чунин сатҳ ташкил ва баргузор мегардад ва ин тасмим ба раванди ихтироъкориву навоварӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ таъсири амиқ мерасонад.
Ҳафтаи илм ва инноватсия то 24 май идома ёфта, дар доираи он озмуну чорабиниҳои гуногун оид ба илм, технология, инноватсия ва ихтироъкорӣ дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт гузаронида мешавад.
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»