ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ВА ТАЪМИРУ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ ҚАРОР ДОРАД

Мусоҳиба бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода
— Устод, нахуст мехостем суҳбатро аз тағйирёбии иқлим ва боришоти зиёд дар кишвар шуруъ намоем. Давоми чанд рӯзи охир аз шаҳру ноҳияҳои гуногун хабарҳо ба гӯш мерасанд, ки бар асари боришоти зиёд омадани селу ярч ба қайд гирифта шудааст. Оё дар ин ҳодисаҳои табиӣ муассисаҳои таълимӣ зарар дидаанд?
— Воқеан, ҳамаи мо шоҳидем, ки бо дарназардошти тағйирёбии иқлим баҳори имсола сербориш омад ва тибқи гузоришҳои мақомоти дахлдору расонаҳои иттилоотӣ дар бархе аз деҳаҳои кишвар омадани селу ярч ба қайд гирифта шудааст.
Вобаста ба ин, тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони тамоми сардорону мудирони сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахши маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо мактуби дастурӣ ирсол гардида, аз ҳисоби шахсони роҳбарикунанда гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Гурӯҳи корӣ дар ҳолатҳои фавқулода, хусусан, зимни шамоли сахту боришоти зиёд ва хавфи омадани селу ярч дар маҳалли муассисаи таълимӣ ҷойгирбуда вазъиятро зери назорат қарор дода, ҳамарӯза ба Вазорати маориф ва илм гузориш пешниҳод менамоянд. Хушбахтона, то имрӯз ягон ҳолати ҷиддие, ки боиси зарар дидани муассисаҳои таълимӣ ва ё осеб расидан ба хонандагон гардида бошад, ба қайд гирифта нашудааст.
— Вазорати маориф ва илм ҳамасола дар робита ба омодагии муассисаҳои таълимӣ дар ҳолатҳои фавқулода кадом корҳоро амалӣ менамояд ва вобаста ба боришоти пай дар пайи рӯзҳои охир чӣ тадбирҳоро анҷом додааст?
— Тавре ки ишора кардем, дар назди Вазорати маориф ва илм ва тамоми муассисаҳои соҳавӣ ситоди фаврӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза вазъи муассисаҳои таълимиро зери назорат қарор дода, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта ба вазорат гузориш пешниҳод мекунанд.
Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ба низом даровардани соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ таҳия гардида, ҳамасола як қатор корҳо анҷом дода мешаванд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ фармоиши директорони таълимгоҳҳо оид ба татбиқи барномаҳои таълимии омӯзиши қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор тавассути дарсҳои иловагӣ дар ҳамаи синфҳо бо нишондоди масъулони (омӯзгорон ва роҳбарони синфҳо) иҷрои он ба тасвиб расонидаву назорати он ба зиммаи роҳбарияти таълимгоҳҳо гузошта шуд. Дар маҷмуъ, ба таълими мудофиаи шаҳрвандӣ дар синфҳо 6 соат ҷудо шудааст, ки ба шумори ин соатҳо омӯзиши муҳофизат аз заминларза, сӯхтор ва сел ворид гардидааст.
Инчунин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои огоҳии хонандагон аз роҳҳои раҳоӣ ёфтан аз сӯхтор, заминларза ва ғайра баргузории Рӯзи мудофиаи гражданӣ ба нақша гирифта шудааст. Зимни баргузории ин гуна чорабиниҳо хонандагони муассисаҳои таълимӣ дониш, маҳорат ва малакаи амалии худро, ки дар натиҷаи омӯзиш ба даст овардаанд, намоиш медиҳанд.
— Дар мавсими тирамоҳу зимистони сипаришуда муассисаҳои таълимӣ дар чӣ вазъ қарор доштанд ва барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони навбатӣ кадом корҳо ба сомон расонида мешавад?
— Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 тасдиқ шудааст, корҳои назаррасро анҷом дод.
Бояд қайд намуд, ки талаботи муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, дар маҷмуъ, ба 57584 тонна ангишт, 54502 м3 ҳезум ва 133908 литр сӯзишвории дизелӣ буда, ба ҳолати 5 апрели соли 2024 – 57220 тонна ангишт (99%), 54080 м3 ҳезум (99%) ва 98887 литр сӯзишвории дизелӣ (74%) иҷро гардидааст.
Нақшаи захираи маводи асосии гармидиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд захираи ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ 100%, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон захираи ангишт 100%, ҳезум 99% ва сӯзишвории дизелӣ 51%-ро ташкил медиҳад.
Талаботи муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, дар маҷмуъ, 5481 тонна ангишт, 7652 м3 ҳезум ва 1920 литр сӯзишвории дизелӣ буда, ба ҳолати 5 апрели соли 2024 – 5450 тонна ангишт (99%), 7623 м3 ҳезум (100%) ва 1920 литр сӯзишвории дизелӣ (100%) захира карда шудааст.
Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ захираи ангишт 99%, ҳезум 99% ва сӯзишвории дизелӣ 98%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 1178 адад дегхонаи хурду бузург, 21924 адад гармкунаки барқӣ ва 47760 адад печи аловӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омода гардидааст.
Барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, дар маҷмуъ, 26362 метри мураббаъ шишабандии дару тирезаҳо ба нақша гирифта шуда, нақша 100% иҷро гардидааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, то санаи 5 апрели соли 2024 дар муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ аз ҳисоби маводи сӯзишвории захирагардида, 44949 тонна ангишт (78,5%), 47842 м3 ҳезум (88,5%) ва 85915 литр сӯзишвории дизелӣ (86,8%) истифода шудааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, интернатҳо, литсейҳо ва мактабҳои Президентӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 (моҳҳои сентябр-феврал) талаботи асосии маводи ғизоӣ, аз ҷумла, орд 980 тонна, равған 650 тонна, биринҷ 839 тонна, шакар 1017 тонна, картошка 7038 тонна, пиёз 980 тонна, сабзӣ 1361 тонна ва 87384 қуттии консерва ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳолати 5 апрели соли 2024 – 875 тонна орд (89,3%), 173 тонна равған (27%), 270 тонна биринҷ (32%), 278 тонна шакар (27,3%), 828 тонна картошка (12%), 456 тонна пиёз (46,5%), 394 тонна сабзӣ (29%) ва 75948 қуттии консерва (87%) захира ва мавриди истифода дода шуд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.04.2024, №412 Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 тасдиқ ва инчунин, дар назди вазорат ситоди махсус таъсис дода шудааст.
Роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорону мудирони сарраёсат, раёсат, шуъба, бахшҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии мақоми ҷумҳуриявидошта уҳдадор шудаанд, ки нақшаи чорабиниҳои мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда то 25-уми ҳар моҳ ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд.
— Дар идомаи суҳбат мехостем ба як масъала ҳамчун масъули самти мазкур посухи мушаххас медодед. Ҳамасола дар ин шабу рӯз, ки анҷоми соли таҳсил аст, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҷамъоварии маблағ аз хонандагон барои таъмири муассисаҳои таълимӣ баҳсҳои зиёде сурат мегирад. Ин тарзи кор то куҷо дуруст аст ва аслан таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ бар зиммаи кист?
— Ҳамасола баробари анҷом ёфтани соли таҳсил дар расонаҳо, хусусан, шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба мавзуи мазкур ҳар гуна баҳсу мунозираҳо сурат мегиранд. Як нуктаро бояд таъкид кард, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ шуруъ аз соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №505 ба низоми маблағгузории меъёрии сарикасӣ гузаронида шудаанд.
Ҳамасола меъёрҳои сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ индексатсия (афзоиш) дода мешавад, ки ин, дар маҷмуъ, ҳамаи хароҷоти муассиса ба ғайр аз таъмири фарогир (капиталӣ) ва хароҷоти сафархарҷии такмили ихтисоси омӯзгоронро дар бар мегирад. Яъне, аз ин бармеояд, ки тибқи сметаи хароҷотии муассиса маблағ барои таъмири ҷорӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» хароҷот ва азхудкунии маблағҳои дар сметаи муассиса пешбинигардида, аз ҷумла, барои таъмири ҷории муассиса ба зиммаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда шудааст. Агар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия маблағи пешбинишударо ба муассисаи таълимӣ ҷудо намояд ва роҳбари муассисаи таълимӣ маблағҳои мазкурро самаранок истифода намояд, гумон мекунам, ҳоҷат ба ҷамъоварии зиёдатии маблағ аз падару модарон ва ё хонандагон намемонад.
— Дар ин замина мушкилоти дигар, таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст маҳсуб меёбад. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини хонандагон ба ҷойи нишаст дар шаҳру ноҳияҳо дар салоҳияти кист?
— Тибқи сархати 5, моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор мебошад, ки шароити мусоидро барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф таъмин намояд.
Новобаста аз ин, Вазорати маориф ва илм дар доираи маблағҳои пешбинигардида ҳамасола аз 8 то 10 ҳазор ҷойи нишасти муассисаҳои таълимиро таъмин менамояд.
Агар ба маълумоти оморӣ таваҷҷуҳ намоем, соли 2024 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 370 бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 76 532 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 18 бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 2276 ҷойи нишаст сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Инчунин, айни замон дар ҷумҳурӣ 313 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 350 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф ва норасоии ҷойи нишаст бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин, бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.
— Ташаккур барои суҳбат.
— Саломат бошед.

Мусоҳиб
Эҳсон САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»