САРЧАШМАИ ҲАЁТИ БАШАРИЯТ

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудияти олам аст ва зиндагиро таровату покизагӣ мебахшад. Ҳастии инсон, гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, зиндагии осоиштаву ободӣ ба об вобастагӣ дорад. Агар ба маълумоти мутахассисон назар андозем, мебинем, ки имрӯзҳо қариб 1 миллиард мардуми сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд, 2,6 миллиард сокини сайёра дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунанд. Дар беш аз 80 мамлакати ҷаҳон барои таъмини аҳолӣ об нокифоя аст. Аз рӯйи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Маврид ба ёдоварист, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа нигаронида шудааст. Дар ин самт Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодоти мушаххас ироа намуда, аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим шинохта шудааст.
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор” — солҳои 2018-2028, ки 22 марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, омадааст: “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”.
Имрӯз моро мебояд обро сарфакорона истифода намоему ба тозагии он диққати ҷиддӣ диҳем. Боиси нигаронист, ки баъзеҳо ба об беаҳамиятӣ ва беҳурматӣ зоҳир мекунанд. Бо обҳои равон ҳар гуна партовҳо мепартоянд, ки ин амали онҳо боиси ифлос шудани оби ошомиданӣ ва паҳнгардии бемориҳо мешавад. Бояд қайд кард, ки ояндаи тамоми мавҷудоти зинда ва башарият ба об ва захираҳои он вобастагӣ дорад. Ҳифзи об на танҳо дар покиза нигоҳ доштани он аст. Мо бояд қувваи барқро низ сарфакорона истифода барем, зеро дар чанд моҳи охир ҳамаи мо мушоҳида кардем, ки норасоии об дар неругоҳҳои барқӣ боиси коҳиши таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар бораи об далелҳои ҷолиб мавҷуданд. Инак, чанде аз онҳо:
1. Барои як нафар ба ҳисоби миёна дар як сол 1000 литр об даркор аст.
2. Об рӯзи байналмилалии худро дорад ва ҳамасола 22 март Рӯзи байналмилалии об ҷашн гирифта мешавад.
3. Оби тозашуда дар 0°С ях намекунад.
4. Об барои аз даст додани вазн кумак мекунад.
И. БЕКМУРОДОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти
МТМУ №3-и ноҳияи Варзоб