Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд буда, фаъолияти он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи инсон нигаронида шудааст. Дар моддаи 5–и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Яъне, имрӯз Тоҷикистон дар шароити Истиқлоли давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян карданист, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дифоъ намоянд. Бо ин мақсад, ҳам таҷрибаи таърихии ҳуқуқи ниёгон ва ҳам дастовардҳои ҷаҳони муосир мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии мардуми мо ҷойгоҳи сазовор касб намуда, дар низоми ҳуқуқии имрӯзаи мо ба таври арзанда инъикос ёфтааст.
Ба маънои васеъ, тарбия раванди ташаккули шахсии инкишофёфта, инчунин, ташаккули одатҳои устувори рафтор мебошад. Илова бар ин, дар раванди таълим фароҳам овардани шароитҳое, ки ба таври бояду шояд худмуайянкунии шахсиятро дар асоси меъёрҳои маънавию ахлоқӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба манфиати шахсият, оила, давлат ва ҷамъият ба амал меоварад, хеле муҳим аст.
Намудҳои зиёди таълим вуҷуд доранд, ки дар онҳо тарбияи ҳуқуқии шахс нақши муҳим дорад. Масъалаи ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар муассисаи таълимии муосир, инчунин, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар байни субъектҳои раванди таълим дорои аҳамияти махсус мебошад.
Масалан, мушкилоти давраи наврасиро бо ҷустуҷӯи роҳҳои қонеъ гардондани шаш талаботи асосӣ алоқаманд кардан мумкин аст: эҳтиёҷоти физиологие, ки ба фаъолияти ҷисмонӣ ва ҷинсии наврасон такон мебахшад, зарурати амнияте, ки наврасон дар мансубият ба гурӯҳ пайдо мекунанд, эҳтиёҷоти мустақилият ва озодшавӣ аз оила, эҳтиёҷот ба муҳаббат, зарурати муваффақият, санҷидани қобилиятҳои худ, эҳтиёҷот дар худшиносӣ ва рушди шахсияти «ман».
Барои рушди дурусти ҳар яке аз ин бандҳо дар эҳтиром ба қонун ва инкишофи зарурати қонун ҳамчун манбаи уҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи тарбияи ҳуқуқӣ муассисаи таълимӣ нақши бузург дорад.
Тарбияи ҳуқуқии наврасон равандест, ки ба ташаккули шаҳрванди фаъол, худбаҳодиҳии ахлоқӣ ва саводнокии ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.
Мақсади тарбияи ҳуқуқии мактаббачагон дар муассисаи таълимӣ додани таҷрибаи зарурии ҳуқуқӣ ва донишҳои зарурии ҳуқуқӣ, инчунин, муносибати мусбӣ ба давлат ва ҳуқуқ мебошад.
Вазифаҳои тарбияи ҳуқуқии мактаббачагон дар шароити муассисаи таълимӣ аз инҳо иборат аст: баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқии хонандагон, ташаккули рафтори ҳуқуқӣ дар мактаббачагон, ташаккули ақидаҳо дар бораи аҳамияти қонун дар ҳаёти шахси муосир.
Тарбияи ҳуқуқии хонандагони мактаб бо тарбияи ахлоқӣ робитаи зич дорад, зеро муносибати мусбӣ ба қонун бе эҳтироми шахс ба ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дигар ташаккул ёфта наметавонад ва дар натиҷаи тарбияи дурусти мактаббачагон тарбияи ҳуқуқӣ ташаккул меёбад.
Раванди тарбияи ҳуқуқии наврасон дар мактаб аз синфҳои ибтидоӣ оғоз гардида, танҳо пас аз хатми таҳсил ба охир мерасад. Ҳаёти мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ аз рӯйи қоидаҳо ва меъёрҳои одӣ идора карда мешавад. Ба ташаккули саводнокии ҳуқуқии наврас обрую эътибори баланди омӯзгор, истеъдод ва ошкорбаёнии ӯ таъсири мусбат мерасонад.
Наврасон бояд дарк кунанд, ки қонунҳо барои ҷомеа хеле муҳиманду набояд вайрон карда шаванд. Раванди тарбияи ҳуқуқии синфҳои ибтидоӣ бояд дар асоси бозиҳо ва суҳбатҳои тарбиявӣ ва бо истифодаи презентатсияҳо ва видеороликҳо баргузор гардад.
Шаҳноза ҲАСАНОВА,
омӯзгори МТМУ №13-и ноҳияи Рашт
