ФАРҲАНГИ МУОШИРАТ БО КОМПЮТЕР

Маълум, ки рушди технологӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти муосир аст. Имрӯзҳо ҳеҷ кас зиндагии худро бе интернет, компютер ва телефони мобилӣ тасаввур карда наметавонад.
Аммо бояд қайд намоем, ки ба ғайр аз бартариҳои мусбии истифодаи ихтироот, омилҳои манфӣ низ дар истифодаи он мавҷуд аст, ки таъсирашон ноаён ба оқибатҳои хеле манфӣ бурда мерасонад.
Агар ба ин масъала жарфтар назар афканем, мебинем, ки бозиҳои компютерӣ, шабакаҳои интернетӣ ба дӯши ҷомеа мушкилоти зиёде низ меоранд, ки яке аз онҳо таъсир ба равони инсон, хусусан, наврасону ҷавонон аст. Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз ҳам таъсири олами виртуалӣ ба равони кӯдакон аз ҷониби олимону равоншиносон ба пуррагӣ омӯхта нашудааст. Бинобар ин, баррасии ин мавзуъро дар шароити муосир хеле муҳим мешуморам, зеро аксаран кӯдакон ва наврасон бештар ба вобастагии интернет ва таъсири технологияҳои нави компютерӣ дучор гардидаанд, ки мо ин ҳолатро дар зиндагии ҳаррӯзаамон мушоҳида менамоем.
Аксари наврасону ҷавонони имрӯза зиндагии худро бе гаҷет тасаввур карда наметавонанд ва мутаассифона, онҳо аллакай ба бозиҳои компютерӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ саргарм гашта, аз тарзи ҳаёти фаъол даст кашидаанд ва соатҳои зиёди вақти худро дар интернет бефоида зоеъ мекунанд.
Ҳамин тариқ, мушкилоти истифодаи интернет аз ҷониби кӯдакону наврасон, торафт тезутунд шуда, ба паст шудани сифатҳои инсонӣ боис мегардад. Яъне дар кӯдакону наврасон ва ҳатто ҷавонон инкишофи мағзи сар суст ва қобилияти тафаккури фикрронӣ гум мешавад, чунки кӯдак наметавонад тахайюлот ва эҷодиёти худро дошта бошад, зеро ба ӯ аллакай формати бозии тайёрро пешниҳод кардаанд. “Бозингар” метавонад бе кӯшиши зиёд эҳсосоти мусбӣ ба даст орад. Ин ҳолатҳо боиси бад шудани тасаввурот ва малакаи забон мегардад.
Ман ҳамчун омӯзгор, ки собиқаи зиёди корӣ дорам, мушкилоти дастрасии кӯдакону наврасонро бо гаҷет ва интернет “Мушкилоти рақами як” дар ҷомеаи имрӯза медонам. Ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст ва ин ояндаро албатта, бояд ҷавонони солиму зирак ба дасти худ гирифта, онро поку беолоиш барои наслҳои оянда ҳифз намоянд.
Дар ҷомеаи муосир амалан ягон соҳаи фаъолияти инсон вуҷуд надорад, ки дар Интернет муаррифӣ нашавад. Интернет имрӯз на танҳо манбаи иттилоот, балки як воситаи қулай ва босуръати муошират, фазои муносиби тиҷоратӣ, манбаи муошират ва фароғат мебошад.
Истилоҳи «вобастагии интернет» аз ҷониби равоншиноси амрикоӣ Иван Голдберг таҳия шудааст ва ин ибора ба рафтори коҳиши худдорӣ, ки таҳдиди маҳрум кардан аз ҳаёти муқаррариро дорад, ишора мегардад.
Мавсуф дар мушоҳидаи худ қайд намудааст, ки вобастагии интернетӣ ҷузъи равонии инсонро дар бар гирифта, он ба се намуд ҷудо мешавад: 1). Вобастагии муносибатҳо. 2). Вобастагӣ ба бозиҳо, аз ҷумла қимор. 3). Вобастагӣ аз муошират ва ҷустуҷӯи захираҳои иттилоотӣ.
Оқибати ин ҳолатҳо сабаби асосии хастагии ҷисмонӣ ва равонии ҷавонону наврасон гардида, боис бар он мегардад, ки онҳо ба чизе майлу талош намекунанд ва аз ҷиҳати молиявӣ аз волидонашон хеле вобаста мегарданд.
Коршиносони ташкилоти «Common Sense Media» дар рафти як тадқиқоти калон ба хулосаи ташвишовар омаданд, ки гӯё як наврас ба ҳисоби миёна дар як рӯз нуҳ соатро дар таҷҳизоти электронӣ (смартфон, планшет, компютер, телевизор, видеоконсол) сарф мекунад.
Биёед, кӯшиш кунем бифаҳмем, ки як навраси миёна барои истифодаи дастгоҳҳои электронӣ дар як рӯз чӣ гуна нуҳ соатро сарф мекунад:
— Онҳо 39% вақти худро барои гӯш кардани мусиқӣ, тамошои наворҳо ва хондани паёмҳои ирсолшуда сарф мекунанд. 26% барои мукотиба дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Twitter ва зангҳои видеоӣ бо дӯстон, 25% дар бозиҳои видеоӣ ва «оворагардӣ» дар шабакаҳои интернетӣ, 3% барои эҷодкорӣ ва таълим.
Ҳамин тариқ, як навраси миёна аз 9 соати истифодаи ҳаррӯзаи гаҷетҳо камтар аз 15 дақиқаро барои чизи воқеан муфид сарф мекунад.
Тайи солҳои охир яке аз хатарҳои асосии ин тамоюлҳои манфӣ дар ҷаҳон, ҷалби ҷавонону наврасон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Ҳатто ҳолатҳое ҳам ба қайд гирифа шудаанд, ки кӯдакону наврасон ба хатари сӯйиистифода, таҳдид ва таъқиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ру ба рӯ гардидаанд.
Дарк намудан лозим аст, ки бе иштироки ҷамъият — онҳое, ки бевосита дар паҳлуи ҷавонон мебошанд, ҳалли ин масъалаҳо ғайриимкон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки фанновариҳои муосирро аз ҳаёти ҷавонону наврасон нест кардан ғайриимкон аст, аммо мо насли калонсолро зарур аст, ки онҳоро аз иттилооте, ки мафкураашонро хароб мекунад, ҳифз намоем. Ин амал, пеш аз ҳама, барои падару модарон, омӯзгорон ва дигар мутахассисоне, ки ба тарбияи онҳо даст доранд, қобилияти маънавию ахлоқиро ба онҳо меомӯзонанд, бояд вазифаи аввалиндараҷа бошад.
Волидонро зарур аст, ки ба фарзандон тамоми имкониятҳои кор бо компютер «дӯсти электронии ӯро» дуруст омӯзонанд, он гоҳ дар кӯдак фарҳанги муошират бо компютер ташаккул меёбад. Волидон бояд кӯшиш намоянд, ки ҳадди аққал як ҳафта бо аҳли оила бе телевизор, асбобҳои рӯзгор ва Wi-Fi зиндагӣ карданро роҳандозӣ намоянд. Аксар волидайн намедонанд, ки технологияи муосир то чӣ андоза метавонад ҷаҳонбинии кӯдакони онҳоро танг намояд.
Беҳтар мебуд, агар наврасон аз электроника камтар истифода бурда, вақти бештари худро дар ҳавои кушод бо варзиш ва бо саёҳат, яъне, бо «фароғати ғайриэлектронӣ» сарф намоянд.
Шодигул ОХУНОВА,
омӯзгори МТМУ
№43-и шаҳри Душанбе