OLYMPUS DIGITAL CAMERA

ҲУНАРЕ, КИ РУШДИ БЕШТАР МЕХОҲАД

Мисли он ки гулу гулбутта, дарахтони ороишӣ, фаввораҳо хиёбону гулгашт ва мавзеъҳои истироҳатию фароғатиро ҳусни дигаре мебахшанд, ҳайкалу нимпайкара, муҷассамаҳои боҳашамат низ ҳамин гуна хусусиятро дороянд. Ҳайкалҳо маъмулан ба хотири гиромидошти хидматҳои шоёни адибону арбобони давлатӣ, илму маориф, санъаткорони шинохта гузошта мешаванд.
Ҳоло дар пойтахти ҷумҳуриамон – шаҳри Душанбе пайкараҳои зиёди шахсиятҳои таърихӣ мавҷуданд. Муҷассамаҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ (ҳайкалтарош А. Карбел, меъмор Ҳ. Зуҳуриддинов), Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, нимпайкараи Бобоҷон Ғафуров (дар даромадгоҳи АМИТ, муаллиф Игор Иванов) ва монанди инҳо аз ҳамин қабиланд. Ба хотири бақои дӯстии халқҳо дар Боғи ба номи Мир Алишери Навоӣ муҷассамаи ӯ бо Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳайкали устод С. Айнӣ бо А. М. Горкий (дар саҳни ҳавлии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон), нимпайкараҳои А. С Пушкин дар даромадгоҳи ДРСТ, Р. Такур дар гулгашти кӯчаи Бухоро зинатбахши пойтахтанд.
Воқеан, вақте ба ин гуна санъати асил дида медӯзем, хоҳу нохоҳ саволе пайдо мешавад, ки чунин ҳунари мушкил ва дар айни замон хеле мафтункунанда чӣ тавр ва аз тарафи кадом ҳунармандон эъмор мегардад?
Пеш аз ҳама, барои муҷассамасозӣ масолеҳ зарур аст. Аслан, масолеҳи пайкараҳо аз санги хорову мармар, биринҷиву мис таркиб ёфтааст. Дар маҷмуъ, ҳайкалҳоро аз фулузот (биринҷӣ, мис, қалъагӣ, пӯлод, чӯян, алюминий), гаҷ, бетон, шиша, пластмасса (дар ин қабил масолеҳ усули ба қолаби тайёр рехта хушкониданро истифода мебаранд), санг (мармар, хоро, оҳаксанг, базалт, диорит), устухон, чӯб (бо усули тарошидан, кандан, сӯрох кардан, пардоз ва ё ранг додан), сафол (гилмояи махсус корхӯрдаро ба шакл дароварда, дар хумдон мепазанд ва сиру ранг медиҳанд) офарида мешаванд.
Ҳайкалтарошӣ таърихи қадима дошта, ҳанӯз дар давраҳои палеолит ва неолит аз лой, устухон ва сангҳо тимсол (шакл)-и ҳайвон, паранда ва одамонро месохтанд. Минбаъд ҳайкалтарошӣ дар Осиёи Миёна ва Эрон низ ривоҷ ёфт. Санъати ҳайкалтарошии Шуравӣ дар заминаи усули реализми сотсиалистӣ аз беҳтарин анъанаву бозёфтҳои санъати ҳайкалтарошии рус ва ҷаҳон баҳравар гардид. Бино ба андешаи муҳаққиқон, санъати ҳайкалтарошии тоҷик асосан аз ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта инкишоф ёфтааст. Он замон эҷодиёти ҳайкалтарошон Е. Татаринова, О. Охунов, Г. Чередниченко ва дигарон ба рушду нумуи муҷассамасозии монументалӣ, монументалии ороишӣ, дастгоҳӣ ва инъикоси симои ҳамзамонони мо мусоидат намуд.
Бино ба таъкиди номзади илми меъморӣ, ректори Донишгоҳи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода, ҳайкалтарошӣ ба се намуди асосӣ тақсим мешавад. 1. Бузург (монументалӣ), 2. Дастгоҳӣ. 3. Ҳайкалтарошии шаклҳои хурд.
Ҳайкалтарошии бузург намуде аст, ки аз рӯйи андоза тафовут дорад. Чунин асарҳо дар кӯча, майдону боғҳо, дар намоиши берунии хонаҳо ва дар толорҳои азим гузошта мешаванд. Ҳайкале, ки ба яке аз инсонҳои машҳур ё ҳодисаи муҳим бахшида шудааст, асари ҳайкалтарошӣ номида мешаад.
Ҳайкал (муҷассама) шакли азимҷусса дошта, ҳодисаҳои бузургро инъикос менамояд. Маҳз бо ҳамин хусусият аз намудҳои ҳайкалтарошӣ тафовут дорад. Ҳайкалтарошии дастгоҳӣ (станковая скульптура) намуде ҳаст, ки аз андозаи натуралӣ каме хурд мебошад. Ҳайкали дастгоҳӣ дар дохили бино, дар боғ ва дар саҳни муассисаҳо гузошта мешавад. Яке аз услубҳои асосии ҳайкалтарошии дастгоҳӣ услуби пайкарасозӣ маҳсуб меёбад. Ҳайкалтарошии шаклҳои хурд намуди хурди ҳайкал буда, дар он асарҳое эҷод карда мешаванд, ки барои ороиши дохили бино истифода мебаранд.
Муҷассамаи устод Рӯдакӣ, ки соли 1964 дар назди ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур қад афрохтааст, маҳсули ҳунари ҳайкалтароши озар Фуод Ҳасан Уғлӣ Абдураҳмонов аст. Муҳаққиқони соҳа бар он назаранд, ки ин ҳайкал аз беҳтарин муҷассамаҳои муаллиф буда, шукӯҳу салобат, заковати фитрӣ ва бузургии сипаҳсолори адабиёти тоҷику форсро таҷассум намудааст. Ин ҳайкалтарош, ҳамчунин, ҳамон сол нимпайкараи устод Садриддин Айниро тарошидааст, ки Осорхонаи Вазорати фарҳанги Иттиҳоди Шуравиро оро медиҳад. Ф. Абдураҳмонов Рассоми халқии Озарбойҷон, ду карат барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (солҳои 1946, 1951) буда, ба халқи тоҷик меҳри беандоза доштааст. Ин аст, ки ҳанӯз соли 1934 ба муносибати 1000–солагии Абулқосим Фирдавсӣ аз рӯйи «Шоҳнома» композитсияи «Тирандоз»-ро офаридааст. Ҳамчунин, ҳайкалҳои классики адабиёти тоҷику форс Низомии Ганҷавиро дар шаҳрҳои Кировобод (с. 1947), Боку (1949)–и Ҷумҳурии Озарбойҷон бо санъати баланди бадеӣ офаридааст. Ӯ ҳанӯз дар солҳои таҳсилаш дар омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Боку нимпайкараҳои адиби шинохтаи озар Мирзо Фатҳалӣ Охундов ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Узриел Ҳоҷибековро сохта буд. Соли 1961 ҳайкали Самад Вурғун — адиби шинохтаи садаи ХХ адабиёти озарро дар шаҳри Боку офарид.
Ҳайкали устод Садриддин Айнӣ бо қаҳрамонҳои асарҳояш, ки майдони назди меҳмонхонаи «Душанбе»-ро оро додааст, соли 1978 ба муносибати 100-солагии адиб гузошта шуд. Он маҳсули ҳайкалтароши озарӣ О. Элдоров аст. Ӯ дар ҳамкорӣ бо як қатор меъморони тоҷик, аз ҷумла, сармеъмори вақти пойтахт Рустам Каримов ин ансамбли меъмориро бунёд намуд. Се нафар меъмор барои ин ҳунару маҳораташон бо мукофоти давлатии ИҶШС қадрдонӣ гардиданд.
Чунонки маълум гардид, аксари ҳайкалтарошоне, ки бештар симоҳои бузурги миллиро офаридаанд, мутахассисони берун аз ҷумҳурианд. Оё дар кишвари мо чунин мутахассисон тайёр карда мешаванд? Бояд гуфт, дар замони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф, илм, фарҳанг, санъат рушду тараққӣ ёфт. Аз ҷумла, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе – яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 82 соли фаъолияти худ бештар аз 4 ҳазор мутахассисони болаёқатро тарбия намуда, ба кор фиристод, ки дар байни онҳо рассомон ва ҳайкалтарошони чирадаст низ ҳастанд.
Ба иттилои директори имрӯзаи коллеҷи мазкур Сироҷиддин Ҷӯрахонзода, ҳоло дар коллеҷ 17 ихтисос амал менамояд, ки яке аз онҳо тахассуси ҳайкалтарошист. Кафедраи санъати тасвирӣ, ки ба он ҳайкалтарош Рухшона Раҷабова роҳбарӣ менамояд, бо устодони варзида Алиҷон Бобошоев, Маҳмуд Бобоев, Хуршед Ҳусейнов ва чанде дигар ифтихор дорад, зеро онҳо мутахассиси варзидаи соҳа буда, нозукиҳои касбро ба шогирдон меомӯзонанд. Масалан, Хуршед Ҳусейнов хатмкардаи ҳамин коллеҷ ва шуъбаи ҳайкалтарошии Донишкадаи давлатии рассомии Красноярскии Россия буда, аз устодони шинохтаи мактаби ҳайкалтарошии умумииттифоқӣ сабақ гирифтааст.
– Мутаассифона, — мегӯяд директори коллеҷ, — бо вуҷуди он, ки дар миқёси ҷумҳурӣ барои дохил шудан ба ин соҳа таблиғу ташвиқот мебарем, шавқмандон ба ин ихтисос кам ҳуҷҷат месупоранд. Ҳол он ки дар ин ҷо тамоми шароит муҳайёст. Албатта, ҳайклтарошӣ кори саҳл нест, пеш аз ҳама, сабру тоқат, таҳаммул ва мутолиаи пайвастаро тақозо дорад. Пас аз хатми синфи 9 ихтисоси ҳайкалтарошӣ дар курсҳои 1- 3 омӯзонда мешавад. Айни ҳол 26 нафар донишҷӯ дар ин ихтисос шомиланд Онҳо, ҳамчунин, кулолгариву қолабсозиро низ меомӯзанд. Барои хоҳишмандон дар назди кафедра курсҳои кӯтоҳмуддати 2, 3-моҳаро низ ташкил кардаем. Хатмкардагони коллеҷ аз рӯйи хоҳиш метавонанд таҳсилро дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ идома диҳанд.
Бояд гуфт, шогирдони коллеҷи номбурда, воқеан бо ҳунару маҳорати хеш ифтихор доранд. Зеро ба иқрори директори коллеҷ, онҳо дар оро додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара, Осорхонаи ДМТ, бинои нави ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, хонаҳои фарҳанги шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо кандакорӣ, рассомӣ, тарроҳӣ, ороиши берунаи биноҳо дар шакли барелеф (муқарнас) нақши дастони хешро гузоштаанд. Маъмурияти коллеҷ аз рассомону ҳайкалтарошони маъруфи кишвар С. Қурбонов, С. Шарифов, В. Одинаев, А. Абдурашидов, З. Ҳабибуллоев, С. Сафаров, В. Назаров, И. Сангов, Я. Маматқулов, М. Мухин ва дигарон ифтихор дорад, ки онҳо хатмкардаи коллеҷ ҳастанду саҳми худро дар ободии мамлакат гузоштаанд.
Яке аз онҳо Ғафурҷон Ҷӯраев мебошад. Вай ба сифати рассом ва ҳайкалтароши мумтоз миёни аҳли ҳунар шинохта шуда, муҷассамаҳои сохтаи ӯ – Нақибхони Туғрал дар ноҳияи Айнӣ, пайкараи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Зафаробод, маҷмааи монументалии пайкараи Ҷаббор Расулов дар маркази ноҳияи Ҷ. Расулов, муҷассамаҳои Садриддин Айнӣ дар боғи ба номи ӯ дар пойтахт ва Бобоҷон Ғафуров дар оромгоҳи Лучоб, муҷассамаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар боғи ба номи Алишер Навоӣ, муҷассамаи «Дуои модар» дар шаҳри Хуҷанд ва даҳҳо хиёбону гулгаштро зебу оро додааст. Ҳайкалтарошони чирадасти коллеҷ Х. Ҳусейнов, М. Бобошарофов низ тавонистаанд амали неки худро дар ин соҳа гузоранд.
— Имконияти омӯзондани ҳунари ҳайкалтарошӣ дар ДДСТДТ нисбатан беҳтар аст, — иддао дорад ректори муассиса Ҷамшед Ғанизода. – Дар ин ҷо толорҳои зиёди рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, панҷ сол пеш дар донишкада толори калони намоишӣ кушода шуд, ки дар он намоиши асарҳои рассомони варзида ва фестивалҳои мӯд баргузор гардид. Ҳамчунин, дар ин толор ба қарибӣ панҷ намунаи асарҳои рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Факултети санъати тасвирӣ (ихтисоси ҳайкалтарошӣ) дар назди кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ созмон дода шуда, шогирдон аз устохонаи алоҳидаи ҳайкалтарошӣ истифода мебаранд. Шароити муосири технологӣ низ дар ин ҷо муҳайёст. Умуман, бо дарназардошти 26 ихтисосе, ки дар донишкада амал мекунад, аз рӯйи меъёр 19 устохона муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Декани факултети санъати тасвирӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов ҳамеша ба он мекӯшад, ки дар ин самт шогирдон маҳорати баланди касбӣ пайдо намоянд. Ба қарибӣ китоби «Ҳайкалтарошӣ» (муаллифон С. Ҷӯрахонзода, С. Ҳаитова, муҳаррири илмӣ Ҷ. Ғанизода) бори нахуст нашр мегардад, ки он бо тавсияи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг ҳамчун дастури таълимӣ ба шогирдон омӯзонда мешавад.
Бино ба таъкиди ректор, ҳайкалтарошӣ ихтисоси хеле нодир буда, дар ин ҷо таълим дода мешавад. Афсӯс, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ мутахассисон хеле каманд. Онҳо 10 – 15 нафарро ташкил медиҳанд. Метавон Рустам Маҷидов (дар ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров), Хушдил Худоёрбеков (дар ДДСТДТ) ва чанде дигарро ҳамчун устод номбар кард, ки дар таълими соҳаи ҳайкалтарошӣ муваффақанд. Дар гурӯҳи академии ҳайкалтарошӣ 15 нафар шомиланд. Ба хотири аз байн нарафтани ихтисос онҳоро нигоҳ медорем. Бо онҳо омӯзгорони соҳаи ҳайкалтарошӣ Хушдил Худоёрбеков ва Аҳтам Сафаров машғулиятҳои доимӣ мегузаронанд.
Айни замон, дар маҷмуъ, ҳаждаҳ нафар дар ихтисоси ҳайкалтарошӣ таҳсил доранд. Имсол се нафар хатмкунанда корҳои дипломиашонро ба ҳайати комиссияи бонуфуз пешниҳод намудаанд. Агар соли 2018 ин ихтисосро чор нафар хатм карда бошанд, пас дар соли 2019 шаш нафар (соли таҳсили 2020 – 2021 набуд) ва имсол се нафари дигар бо ҳамин ихтисос донишкадаро хатм хоҳанд кард. Ғайр аз ихтисоси ҳайкалтарошӣ ихтисосҳои наққошӣ, кандакорӣ ҳам вуҷуд доранд, ки аз нигоҳи маҳорат ба ҳамдигар монанданд. Шогирдон пас аз хатми ин ихтисосҳо дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияташонро ба роҳ мемонанд. Яъне, онҳо бе ҷойи кор намемонанд, чунки дар ҷумҳурии мо иморатҳои зиёди маданиву маишӣ, маскунӣ рӯз то рӯз қомат афрохта истодаанд ва барои ороиш додани онҳо, албатта, аз хизмати тарроҳону муҷассамасозон истифода бурда мешавад.
Масъалаи дигари муҳим пайдо намудани масолеҳ барои муҷассамасозист. Пайкара барои садсолаҳо сохта мешавад ва барои бақои онҳо масолеҳи босифат нақши калон дорад. Бино ба иттилои роҳбарони коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва ДДСТДТ, масолеҳ аз гили махсуси коркардшуда аз шаҳри Турсунзода ва коргоҳи воқеъ дар наздикии собиқ корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе, рангҳои махсус аз ҷумҳуриҳои Туркия ва Хитой харидорӣ мегарданд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»