АЗМИ ДУРУСТУ САЪЙИ КОМИЛ БА МУРОД МЕРАСОНАД

Моро дар саҳни мактаб директори муассиса Сорбон Қаландаров пешвоз гирифт. Чун аз ҳадафамон огоҳ гардид, ба толори барҳавои тамоми ашёаш вобаста ба таълиму тарбия, роҳ намоӣ кард. Суҳбатамон оид ба вазъи таълиму тарбия, комёбиву мушкилот ва дигар масъалаҳои вобаста ба мактабу маориф сурат гирифт.
— Ин ҷо синфхонаи роҳбарони иттиҳодияҳои методии фаннии мактабамон аст, ки таҳти роҳбарии омӯзгори пуртаҷриба Нафисахон Нодирова фаъолият менамоянд, — иброз дошт директор.
Пас аз лаҳзае муаллима Н. Нодирова низ вориди синфхона гардид. Гуфтугӯи мо доир ба фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгори шинохтаву роҳбари Шурои методӣ шуруъ гардид. Маълум шуд, ки Нафисахон Нодирова зодаи деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара буда, пас аз хатми МТМУ №31-и зодгоҳ ба факултети забон ва адабиёти тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил гардидааст. Фаъолияти омӯзгориашро аз соли 1990 аз МТМУ №31-и зодгоҳаш оғоз намудааст.
Аз соли 1996 ҳамчун омӯзгор дар МТМУ №55-и шаҳри Исфара корашро идома дод. Як муддат муовини директор оид ба тарбия низ буд.Солҳои 2013-2018 директори МТМУ №55-и деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара таъйин гардид. Соли 2020 бо аҳли оила ба шаҳри Душанбе кӯчиданду баъди як сол дар МТМУ №55-и ноҳияи Шоҳмансур ба сифати омӯзгор ба фаъолият пардохт. Минбаъд дар МТМУ №92 – и ноҳияи Сино идомаи фаъолият кард.
— Соле, ки дар МТМУ №55-и ноҳияи Исфара кор мекардам, — он рӯзҳоро ба хотир меорад Н. Нодирова, — шароити корамон чандон хуб набуд. Ба хулосае омадам, ки ба чанд идораи дахлдор муроҷиат карда, барои сохтани чор синфхонаи иловагӣ иҷозат бигирам. Саҳмгузор ҳам ёфт шуд: собиқ ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ ва волидони хонандагон низ масъулият нишон доданд. Ниҳоят, синфхонаҳо ба истифода дода шуд. Ба ин васила вазъ ва сифати таҳсил беҳтар гардид. Баъдтар ба ташкили Маркази рушди кӯдак пардохтем. Сохтмони бино тӯл кашида бошад ҳам, шунидам, ки имсол ба истифода дода шудааст.
Дар баробари он ки муаллима ба таълими забони давлатӣ дар синфҳои чорум машғул аст, роҳбарии Шурои методии таълимгоҳро низ бар дӯш дорад. Бино ба иқрори директори мактаб С. Қаландаров, ба зиммаи муаллима Н. Нодирова гузоштани роҳбарии Шурои методии мактаб фаъолияти он ҷоннок шуд.
Ба таъкиди Н. Нодирова, шуро бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, дар роҳи таълиму тарбия роҳбаладӣ ба омӯзгорони ҷавон, омӯзиш ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, азхуд кардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар… созмон дода шудааст.
Айни замон дар МТМУ №92-и ноҳияи Сино даҳ иттиҳодияи методӣ амал менамоянд.
Шурои методӣ дар ду моҳ як маротиба баргузор гардида, масъалаҳои пайдошударо вобаста ба таълим ҳаллу фасл менамояд. Моҳи марти соли ҷорӣ дар байни муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино озмуни «Кабинети методии беҳтарин» баргузор гардид. Дар робита ба ин дар муассиса шароити кабинетҳо беҳтар, бо воситаҳои аёнӣ, ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, маводи таълимӣ, воситаҳои техникӣ, ки омӯзгорон ҳангоми дарсгузарӣ тарзу истифодаи онҳоро бояд донанд, муҷаҳҳаз гардонда шуд. Дар натиҷа, дар ин озмун кабинети методии муассисаи мазкур баҳои баландро сазовор гардид.
Роҳбарони иттиҳодияҳо ҳафтаи фаннӣ ташкил ва дарсҳои кушод баргузор менамоянд. Онҳо дар машғулиятҳои ҳамдигар ширкат варзида, андешаи худро барои боз ҳам муфид ва пурмуҳтаво созмон додани машғулиятҳо аз таҷрибаи якдигар истифода мебаранд. Маълум, ки дарси имрӯзаи омӯзгор бе истифодаи аёният, хусусан, технологияи муосир камсамар хоҳад буд. Хушбахтона, ҳамаи роҳбарони иттиҳодияи методӣ роҳҳои истифодаи ин гуна асбобҳоро медонанду ба таври фаровон дар машғулиятҳояшон ба кор мебаранд.
Дар радифи барномаи «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» озмуни «Илм — фурӯғи маърифат»-ро дар муассисаи таълимӣ баргузор намудем. Хонандагон аз фанҳои математика, география, физика, технологияи иттилоотӣ, химия, биология байни ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа 15 нафар ба даври ноҳиявии ин озмун роҳхат гирифтанд.
Дар байни даҳ нафар роҳбари иттиҳодияҳои методӣ Дилафрӯз Исоева нисбатан ҷавон буда, собиқаи кории ҳафтсола дорад. Ӯ ба хонандагон аз фанҳои биология, химия ва экология дарс мегӯяд.
— Дар муассиса бо ташаббуси роҳбари Шурои методӣ Н. Нодирова корҳоямон хеле пеш рафт, — иброз дошт Д. Исоева. — Усулҳои таълим, тарзи дарсгузарӣ, дурусту бехато пур кардани рӯзнома ва журналҳои синфӣ, баҳомонӣ, тафтиши дафтарҳои хонандагон ва меъёрҳои баҳогузорӣ ба саводи онҳо, истифодаи оқилонаи воситаҳои технологиро дар машғулиятҳо хубтар азбар намудем. Ҳоло синфхонаҳо бо компютер ва дигар воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз буда, барои баргузории дарси муосир мусоидат мекунанд.
Хизматҳои муллима Н. Нодирова бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр гардидааст. Айни ҳол се нафар хонандаи ин муассиса ба гирифтани Стипендияи раиси шаҳри Душанбе мушарраф гардидаанд, ки устодонашон инро то андозае аз самараи фаъолияти иттиҳодияҳои методии муассиса медонанд.
***
Роҳбари Шурои методии МТМУ №92-и ноҳияи Сино Нафисахон Нодирова аз он низ ифтихорманд аст, ки фарзондонаш ҳама соҳибмаълумот ва дар хидмати ҷомеаанд. Илҳомхӯҷа, Азизхӯҷа, Иршодхӯҷа кормандони соҳаи бонкдорӣ, молия ва иқтисоданд, Насимахон омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар шаҳри Исфара аст…
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»