“ШОҲНОМА” — МАХЗАНИ МАЪНӢ

Адабиёти классикии тоҷикӣ-форсӣ лабрез аз ғояҳои неки умумиинсонӣ ва афкори созанда аст. Шоирону адибон дар асарҳои назмиву насрии худ ростӣ, адолатпарварӣ, ватандӯстӣ ва бародарию баробариро талқин кардаанд. Дар байни садҳо асари ин хазинаи хирад “Шоҳнома”-и устод Абулқосим Фирдавсӣ мақоми хос дорад. Дар ин шоҳасар гузаштаи мардуми ориёинажод дарҷ шудааст. Он гуна ки худи шоир таъкид кардааст, ӯ таърихи Эрони бузургро зинда кард:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Мавзуи меҳварии “Шоҳнома” тарғиби ватанпарварӣ ва ҳимояи ватан аст, вале ин шоири дилогоҳ дар рафти баёни ҳодисаҳои гуногун аз забони қаҳрамонон ба хонандааш панд медиҳад. Он панду ҳикматҳои оқилона барои насли имрӯзаи миллати мо мисли обу ҳаво заруранд. Азбаски замони мо, даврони наздикшавии фарҳангҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ аст, хурду калон бояд аз бақои фарҳанги миллӣ ва забони модарӣ андеша кунанд. Зеро агар забони модарӣ сусту заиф ва руҳияи бегонапарастӣ дар шогирдони мо зиёд шавад, ояндаи Ватан номуайян хоҳад монд. Фирдавсӣ нақши хирад ва забонро бағоят баланд дониста, фармудааст:
Хирад раҳнамою хирад раҳкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош!
Барои ба ин дараҷаи тафаккур ва ҷаҳонбинӣ расидани шогирдон, мо, омӯзгорон, бояд нақши асосӣ дошта бошем. Азбаски руҳияи ватанпарварӣ ва худогоҳии миллӣ дар “Шоҳнома” ҷойгоҳи асосӣ дорад, хондани ин асар оқибат шогирдони моро комёб мегардонад. Омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда бояд амал кунанд. Ташкилу баргузории маҳфилҳои “Шоҳномахонӣ”, навиштани иншо доир ба рӯзгори устод Фирдавсӣ, гузарондани озмуни “Ровиёни ҷавон” бисёр судманд аст. Кори асосии мо шавқи хонандагонро ба хондани “Шоҳнома” бедор кардан аст. Вақте ки онҳо арзиши умумимиллӣ ва ҷаҳонӣ доштани ин китобро дарк карданд, худашон мустақилона рӯ ба ин шоҳасар хоҳанд овард. Он гуна, ки хирадманде гуфтааст: “Шавқ дар ҳар ҷо ки бошад, раҳбаре даркор нест”.
Таҷрибаи зиёда аз сисолаи омӯзгориам собит кардааст, ки кӯдакони мо соҳибистеъдод ҳастанд. Танҳо онҳоро ба олами илму адаб ҳидоят кардан мебояду халос. Дар роҳи худшиносӣ ва маърифатандӯзии онҳо “Шоҳнома” дар мақоми аввал меистад. Зеро он дорои ривояту қиссаҳои дилнишин ва афкори созанда буда, хонандаро зуд ба худ ҷалб мекунад, дар дили ӯ эҳсоси инсонпарварӣ, хайрхоҳӣ ва масъулиятшиносиро бедор мекунад. Бесабаб нест, ки хирадманде гуфтааст:
Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Бибикалон ОХУНОВА,
омӯзгори МТМУ №3,
деҳаи Рарз, ноҳияи Айнӣ