АРЗЁБИИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТИ ХОНАНДАГОН

Арзёбӣ ҷузъи пайвастаи раванди таълиму омӯзиш аст. Таълиму арзёбиро аз ҳам ҷудо кардан имконнопазир аст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки арзёбӣ ба раванди азхудкунӣ ва татбиқи донишу малакаҳои хонандагон таъсири зиёд мерасонад.
Дар педагогикаи муосир навъҳои гуногуни арзёбӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Арзёбӣ дар адабиёти гуногуни илмӣ-педагогӣ дар шаклҳои гуногун пешниҳод ва таҳқиқ мешавад: «арзёбии анъанавӣ», «арзёбии алтернативӣ», «арзёбии фаъолият», «арзёбии ташхисӣ», «арзёбии ташаккулдиҳанда», «арзёбии ҷамъбастӣ» ва ғайра.
Арзёбӣ қисми таркибӣ ва муҳимми таълим буда, масъалаи умда дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки аҳамият ва мавқеи арзёбӣ дар раванди таълим фаъолияти алоҳида набуда, он бо дигар зинаҳои дарс алоқаи занҷирӣ дорад.
Арзёбие, ки бо мақсади муайян кардани дониш, малака ва маҳоратҳои заминавии таълимгиранда гузаронда мешавад, арзёбии ташхисӣ ном дорад. Чунин арзёбӣ дар ибтидои таҳсил (ё таълими фанни онро нав, боби нави фан) бо мақсади банақшагирии раванди таълим бо дарназардошти сатҳи инкишофи таълимгиранда гузаронида шуда, зимни он истифода аз метод ва усулҳои гуногуни арзёбӣ, аз ҷумла, тест, саволномаҳо, хониш, навиштан, ба саволҳо ҷавоб гардондан ва амсоли инҳо метавонанд самаранок бошанд. Натиҷаҳои арзёбии ташхисӣ нисбат ба ҳар як таълимгиранда бояд дар алоҳидагӣ таҳлил гардида, дар асоси он раванди таълим ба таври инфиродӣ ба нақша гирифта шавад. Ин омил аз омӯзгор қобилияти баланди идоракунӣ ва меҳнату вақти зиёдро талаб мекунад.
Навъи дуюм арзёбии ташаккулдиҳанда буда, бо мақсади муайян кардани раванди азхудкунии малака ва маҳорати нав аз ҷониби таълимгиранда истифода мешавад.
Омӯзгор тавассути арзёбии ташаккулдиҳанда оид ба омӯзиши хонандагон маълумоти мушаххас ҷамъ оварда, таҳлил мекунад. Натиҷаҳои арзёбиро барои мутобиқ сохтани мақсад, усул ва воситаву фаъолиятҳои таълим ба ниёзи фардии хонандагон истифода мебарад.
Арзёбии ташаккулдиҳанда аз дигар навъҳои арзёбӣ бо якчанд хусусияти худ фарқ мекунад. Ин намуди арзёбӣ дар ҳар дарс сурат гирифта, ба омӯзгору хонанда барои муто­биқ намудани фаъолияти худ ба вазъияти таълимӣ имконият медиҳад, манбаи маълумот оид ба раванди омӯзиши хонандагон ва раванди доимӣ аст. Агар арзёбӣ на ба тарзи доимӣ, балки давравӣ ва ё тасодуфӣ ба роҳ монда шавад, маълумоти бадастомада наметавонад дар ташаккулдиҳии раванди таълиму омӯзиш ба кор равад. Барои ҳамин раванди арзёбӣ низ бояд доимӣ бошаду омӯзишро дастгирӣ кунад. Арзёбӣ санҷиш набуда, фаъолияте, ки тавассути он доир ба дарку фаҳми хонандагон маълумоти сифатӣ ҷамъ оварда мешавад; натиҷаҳои таълимиеро ошкор месозад, ки омӯзгор аслан ҳангоми банақшагирии дарс, мавзуъ ва ё боб онро дар назар надошт.
Арзёбии ташаккулдиҳанда бо мақсади муайян кардани раванди азхудкунии малака ва маҳорати нав аз ҷониби таълимгиранда истифода мешавад. Ин навъи арзёбӣ бо гузоштани мақсад, яъне, дар таълимгиранда кадом салоҳиятҳо бояд дар натиҷаи таълим ташаккул ёбанд, оғоз гардида, марҳала ба марҳала гузаронда мешавад. Яъне, тавассути арзёбии ташаккулдиҳанда раванди таълим назорат карда шуда, мушкилоти таълимгиранда дар ин раванд сари вақт муайян мегардад ва барои бартараф сохтани онҳо омӯзгор дар якҷоягӣ бо таълимгиранда тавассути мутобиқ сохтани раванди таълим чораҷӯӣ менамояд. Дар ин зимн, усулҳои зерини арзёбӣ метавонанд истифода шаванд:
Муаррифӣ ва муҳокимаи мақ­садҳои машғулият, дарс (ё таълим дар маҷмуъ). Таълимкунандаро водор месозад, ки дар раванди таълим аз ӯ чӣ талаб карда мешавад, донад, барои азхуднамоии маводи таълимӣ завқманду масъул бошад. Одатан ин усул бо навиштани мақсадҳои машғулият ё дарс (мавзуъ) дар тахтаи синф ва муҳокимаи дунафарӣ ва гурӯҳию дастаҷамъии онҳо бо таълимгирандагон сурат мегирад.
Таҳлили нишондиҳандаҳои муваффақияти таълимгиранда. Чун қоида дар шакли пешниҳоди ягон намуна оид ба муваффақиятҳо сурат гирифта, таълимгиранда дар пайравӣ ба он худ муваффақиятҳояшро, ки дар раванди таълим ба даст овардааст, мушаххас намуда, онҳоро баён месозад.
Ба роҳ мондани робитаи мутақобила. Байни таълимгиранда бо таълимгирандаи дигар, таълимгиранда ва омӯзгор ва амсоли он робитаҳо барқарор карда шуда, пешниҳоди ҳама гуна фикру мулоҳизаҳоро доир ба тамоми шакли кори таълимгирандагон тавассути кори гурӯҳию дунафарӣ дар шакли шифоҳию хаттӣ дар назар дорад.
Худбаҳодиҳӣ. Дар асоси муайянсозии норасоиҳо зимни муқоисаи мақсади гузошташуда ва натиҷаи бадастомада, кӯшишҳо барои бартарафсозии ин норасоиҳо ва малакаи ба худбаҳодиҳии таълимгиранда, яъне, донистани сатҳи дониш, қобилият ва норасоиҳои худ аз ҷониби ӯ сурат мегирад ва соҳиб будан ба малакаи беғаразона фаъолият ва натиҷаҳои таълимии худро арзёбӣ карда, таҳлили дурусти фаъолияти шахсии худ ва амсоли онро аз ҷониби таълимгиранда талаб мекунад.
Ба ҳамдигар баҳо додани таълимгирандагон давоми мантиқии робитаи мутақобилаи таълимгирандагон байни ҳам буда, бо роҳи санҷидани ҳамдигар зимни кори гурӯҳӣ ё дунафарӣ сурат мегирад. Дар ин раванд таълимгиранда на танҳо сатҳи инкишофи таълимгирандаи дигар, балки норасоиву муваффақиятҳои худро низ дарк мекунад.
Мушоҳида. Ин амал ҳамчун дарки мақсадноке ҳисобида шудааст, ки дар рафти он дар бораи ҷанбаҳо ва хосиятҳои зоҳирии объект маълумот гирифта мешавад. Дар натиҷаи мушоҳида омӯзгор оид ба раванди таълими шогирдон маълумоти саҳеҳ ҷамъ оварда, сари вақт мушкилоти хонандагонро муайян месозад ва барои рафъи онҳо чораҳо меандешад. Тавсия дода мешавад, ки дар шакли дафтари мушоҳидаҳо бо қайдҳои зарурӣ дар бораи ҳар як таълимгиранда аз ҷониби омӯзгор мунтазам ба роҳ монда шавад.
Тавсиядиҳӣ асосан баъд аз муайян намудани самтҳое, ки хонанда бояд онҳоро такмил диҳад, сурат мегирад. Тавсиядиҳӣ ҷун як рукни робитаи мутақобила метавонад ҳам дар шакли шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ сурат гирад.
Чунонки мебинед, дар раванди арзёбии ташаккулдиҳанда асосан худи таълимгиранда фаъол буда, омӯзгор нақши идоракуниро ба анҷом мерасонад. Вале натиҷаҳои арзёбӣ дар ниҳояти кор ҳамчун дар баҳогузории анъанавӣ аз ҷониби омӯзгор муайян карда мешаванд.
Навъи сеюми арзёбӣ барои муайян кардани натиҷаҳои ниҳоии таълим нисбат ба таълимгирандаи мушаххас гузаронда шуда, арзёбии ҷамъбастӣ ном дорад. Чунин арзёбӣ ҳангоми ҷамъбасти марҳилаи муайяни таълим — ба итмом расидани боби муайяни фанни таълимӣ, силсилаи дарсҳо, чоряк, рейтинг, ҷамъбасти соли таҳсил, ба анҷом расидани омӯзиши фанни муайян ва ғайра гузаронда, натиҷаи он маълум карда мешавад, ки таълимгиранда баъди азхудкунии дониш, малака ва маҳоратҳои муайян кадом намуди фаъолиятҳоро иҷро карда метавонад.
Барои арзёбии ҷамъбастӣ истифода аз чунин усулҳо метавонад самаранок бошад: тест, саволҳо, имло, ҳикоя, корҳои хаттӣ, корҳои амалӣ ва ғайра.
Ба ҳамин тариқ, дар таҳсилоти босалоҳият се навъи арзёбӣ- ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ вуҷуд дорад, ки барои ҳар яке аз онҳо интихоби усулҳои мувофиқ талаб карда мешавад. Бояд қайд кард, ки ҷустуҷӯи роҳҳои арзёбӣ ва усулҳои он дар таҳсилоти босалоҳият масъалаи ниҳоят муҳим буда, аз омӯзгор эҷодкориро талаб мекунад.
Хулоса, арзёбии ташаккули салоҳиятҳои таълимгирандагон бо истифода аз арзёбии ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ, интихоби дурусти усулҳои арзёбӣ барои салоҳиятҳои мушаххас, аз ҷумла, бо роҳи қиёс, риояи меъёрҳои барасмиятдарории натиҷа­ҳои арзёбӣ ва иҷрои талаботи дигар дар ин самт имконият меди­ҳанд, ки саъю кӯшиш ва фаъолияти омӯзгорон дар роҳи татбиқи таҳсилоти босалоҳият дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои бадастории натиҷаҳои боз ҳам пурсамартаре мусоидат намоянд.
Муҳаббат ҶУМАЕВА,
омӯзгори гимназияи №1
барои хонандагони
болаёқати шаҳри Душанбе