ПАЙВАНДИ ИЛМУ АМАЛ — ОМИЛИ ПЕШРАВӢ

Бо мақсади рушди тафаккури техникӣ ва инкишофи ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 ­ 2040 Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд.
Барои тақвият бахшидани рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияи нав, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва дар ин самт пешниҳод кардани шогирдони болаёқат дар номинатсияи илмҳои дақиқи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ташаббуси бузургест ҷиҳати тақ вият, дастгирӣ ва рушди илми ватанӣ.
Воқеан, ба таъкиди Роҳбари давлатамон, асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.
Дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузоштан амри маҳол аст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки омӯзиши табиат дар муддати зиёда аз дуюним ҳазор сол нишон дод, ки ҳарчанд табиатшиносӣ дар воқеияти таҷрибавӣ асос меёбад, вале ин манбаи ягонаи донишҳои бунёдӣ нест. Чунки ҳар гуна дониши назариявӣ дар доираи тасаввуроти умумӣ оид ба табиат амалӣ карда мешавад. Маҳз ҳамин тасаввурот манбаи новобастаи мафҳумҳо, принсипҳо ва гипотезаҳои нав мебошад.
Тавре медонем, ҳанӯз аз давраҳои қадим дар таърихи илми ҷаҳонӣ олимони тоҷик мавқеи муайяни худро дош танд ва дар рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи илм саҳми муносиб гузоштаанд. То имрӯз дар аксар мамолики олам асарҳои безаволу оламшумули олимони маъруф Абуалӣ ибни Сино, ал­Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигар олимони тоҷикро меомӯзанд.
Ҳанӯз ҳам дар тамоми давлатҳои мутараққӣ тибби Сино бо номи “Медикал” (Мадади Сино) ҷорӣ буда, ҳамзамон, хеле машҳур аст. Ё худ, ал­горитми математикӣ бо номи Ал­Хоразмист. Маҳз ин математики бузурги тоҷик асосгузори алгоритм аст. Бар замми ин, математики дигари машҳури мо Насириддини Тӯсӣ дар исботи постулати панҷуми олими Юнони Қадим Евклид саҳмгузор аст.
Зери истилоҳи «фалсафа» дар асрҳои миёна Саид Ҳусайни Наср ҳамаи илмҳои дақиқро дар назар дорад, зеро дар он замон илмҳои дақиқро бо фалсафа дар якҷоягӣ меомӯхтанд ва ҳамаи файласуфони бузург дар айни замон табиатшиносони бузург низ буданд. Масалан, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ (солҳои 865­925) гуфта буд, ки «Ман файласуфонеро мемонам, ки дар илми кимиё дастболоянд».
Ба тасдиқи он ки арабҳо асосан ба илмҳои «нақлӣ» ё «шариатӣ», на «ақлӣ» (табиатшиносӣ) машғул буданд, Абурайҳони Берунӣ чунин навиштааст: «Арабҳо ҳамаи тағйирёбиҳои боду ҳаворо бо баромадану фурӯ рафтани ситорагон нисбат медоданд, чунки илмҳои табииро намедонистанд ва фикр менамуданд, ки ин тағйирот ба ҷирмҳои (осмонӣ) ситорагон ва баромадани онҳо вобаста аст, на балки пораҳои кураи осмонӣ ва дохил шудани Офтоб ба он. Дар тамоми маконҳои замин барзгарону чӯпонҳо ибтидои аъмоли худ ва маърифати авқотро ба андозаи арабҳо медонанд».
Дар ин бора мутафаккири машҳури асри XIV араб Абусаид Абдураҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдун (солҳои 1332­1406) тасдиқ кардааст, ки: «Эрониҳо бештар ба илмҳои ақлонӣ (табиӣ) эътибор медоданд ва ин илмҳо дар диёри онҳо дар равнақ буд». Дар баробари ин, Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865­925) яке аз аввалинҳо шуда, дар баробари шабакоти таснифотии улум, ки ҳамаи илмҳоро дар бар мегирад, нисбатан ҷузъитар кор карда баромад, ки танҳо қисмҳои алоҳидаи донишро фаро мегирифт. Ба ин шабака таснифоти ӯ оид ба кимиёро метавон дохил намуд.
Дар асоси таснифоти Форобӣ ҳамаи илмҳо ба панҷ синф ҷудо мешудаанд. Ин уламои тоҷик механикаро (ҷарри асқол) дар навбати худ ба ду «шоха» тақсим кардааст: «илм андар вазнҳо» (статикаи назариявӣ) ва «илм андар намудҳои маҳоратҳо» («илм ал­ҳиял» ­статикаи амалӣ). Форобӣ инҳоро ба гурӯҳи илмҳои математикӣ дохил намудааст.
Ибни Сино «илм ал­ҳийал» (илм андар намудҳои маҳорат)­ро ба шохаҳои илм дохил намудааст. Фаҳмиши «шохаҳо» маҷмуи илмҳои ба он робита доштаро истифода менамояд.
Ҳамаи олимони асримиёнагии Хуросону Мавароуннаҳр, ки ба таснифоти улуми асри хеш сарукор доштанд, «илм андар вазнҳо»­ро ба математика дохил намудаанд.
Механики маъруфи Хуросони асри XII (муаллифи рисолаи классикӣ доир ба статика) Абулфатҳ Абдураҳмон Мансури Хозинӣ (1077­1155) тасдиқ менамуд, ки «фаҳмиш доир ба маркази вазнинӣ» (яъне, масоили асосии назариявии статика) бузургтарин ва пурифтихортарин қисмати илми математикаро ташкил медиҳад».
Қисми зиёди рисолаҳои энсиклопедӣ ба ду қисм ҷудо мешуданд: баёни назариявӣ ва амалии илм.
Илмҳои назариявӣ дар навбати худ ба мантиқ, физика, математика ва метафизика ҷудо мешуданд. Ба таркиби илмҳои амалӣ инҳо дохил мегардиданд: этика, иқтисод ва сиёсат. Физикҳо ба ин илм химия, геология ва минералогия, ботаника, зоология, тиб ва писихологияро дохил намудаанд.
Қисмҳои асосии математикаро арифметика, геометрия, астрономия ва назарияи мусиқӣ ташкил медиҳад. Ба инҳо алгебра ва оптика низ ҳамроҳ мешуданд (яъне, «илм андар вазнҳо» ва «илм ал­ҳийал»).
Нахустин маротиба Абдураҳмон ал­Хозинӣ ҳанӯз дар асри XII дар асари машҳури худ «Мизон ал­ҳикма» («Тарозуи ақл») назария ва амалии механикаро муттаҳид намудааст.
Бояд қайд кард, ки дар Хуросону Мовароуннаҳри асримиёнагӣ ба монанди Аврупои лотинии асримиёнагӣ механика аз дигар илмҳо ҷудо карда шуда буд. Дар байни олимони ин замон мутахассиси ин бахши илм (ба маънои аслии ин сухан) набуд. Олимоне чун Абубакр ар­Розӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Абдураҳмон ал­Хозинӣ ва дигарон, ки бо номҳояшон дастовардҳои асосии механика марбут аст, энсиклопедист буданд, яъне, кулли илмҳоро фаро гирифта буданд.
Алишер РАҲИМЗОДА,
номзади илмҳои физикаю
математика, директори
Институти математикаи
ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ