КАШФИ КОИНОТ БАРДАВОМ АСТ

Аввалин маротиба дар таърихи инсоният парвоз ба кайҳон аз ҷониби шаҳрванди Иттиҳоди Шуравӣ Юрий Алексеевич Гагарин анҷом дода шудааст.
Ӯ 12­уми апрели соли 1961 дар киштии кайҳонии “Восток” давоми 1 соату 48 дақиқа ба кайҳон парвоз кард. Барои Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз шудааст.
Баъдтар Гагарин дар омӯзондан ва машқи кайҳоннавардон иштирок намуда, соли 1968 академияи ҳарбӣ­ҳавоии муҳандисии ба номи Н. Жуковскийро хатм намуд.
Ҳамон сол ҳангоми парвози озмоишии ҳавопаймоии нав Ю. А. Гагарин ҳалок гардид. Воқеан, Гагарин тамоми ҳаёти худро танҳо ба хизмати Ватан бахшидааст .
Академияи ҳарбӣ­ҳавоӣ, маркази омода намудани кайҳоннавардон, таълим гоҳҳо, кӯчаву майдонҳои шаҳрҳои бузург номи Гагаринро гирифта, муҷассамаи дар чанд шаҳри Иттифоқи Шуравӣ гузошта шудааст. Кратери моҳ, ки дар тарафи пушти моҳ ҷойгир аст, номи Гагаринро дорад.
Аввалин парвозҳои кайҳонӣ:
•Парвози якрӯза ба кайҳон аз тарафи Герман Степанович Титов 6­7­уми августи соли 1961 тавассути киштии кайҳонии «Восток­2» сурат гирифтааст.
• Аввалин парвози гурӯҳӣ ба кайҳон тавассути ду киштии кайҳонӣ: Андриян Николаевич Николаев бо киштии кайҳонии «Восток­3» ва Павел Романович Попов бо киштии кайҳонии «Восток­4» 11­15­уми августи соли 1962 анҷом дода шуд.
• Аз 16 то 19­уми июни соли 1963 тавассути киштии кайҳонии «Восток­6» аввалин зан­кайҳоннавард Валентина Владимировна Терешкова ба кайҳон баромадааст.
•12­уми октябри соли 1964 парвози бисёрнафара дар як киштии кайҳонӣ сурат гирифт, ки онро ба воситаи киштии кайҳонии «Восход» кайҳоннавардон Владимир Михайлович Комаров, Константин Петрович Феоктистов ва Борис Борисович Егоров анҷом доданд.
• Аввалин кайҳоннаварде, ки ба фазои кушоди кайҳон баромад (берун аз киштии кайҳонӣ) Алексей Архипович Леонов мебошад, ки 18­19­уми марти соли 1965 тариқи киштии кайҳонии «Восход­2» парвоз намуда буд.
•Аввалин киштии кайҳонии бисёрмақсада киштии кайҳонии «Союз» буд, ки он қобили анҷом додани чандин амалиётро дошта, барои васл шудан бо стансияҳои байниорбитавии «Салют» имкон дод.
• Нахустин парвоз тариқи киштии нави кайҳонии «Союз­1» 23­24­уми апрели соли 1967 анҷом дода шуд. Дар ин парвоз кайҳоннавард Владимир Михайлович Комаров зимни фуруд омадан бо сабаби аз кор баромадани дастгоҳҳои идораи кушодашавии парашют аз таъсири зарбаи сахт дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардид.
• Аввалин маротиба дар таърихи кайҳоннавардӣ ба муҳлати зиёд парвоз кардан ба кайҳон тавассути киштии кайҳонии «Союз­9» ба Андриян Николаевич Николаев ва Виталий Иванович Севастянов насиб гардид.
•Парвози тадқиқотӣ ба стансияи кайҳонии «Салют­4» тавассути киштии кайҳонии «Союз­17» дар ҳайати кайҳоннавардон Алексей Александрович Губарев, Георгий Михайлович Гречко 11­уми январи соли 1975 сурат гирифт.
•Аввалин парвози байналмилалӣ ба кайҳон аз 15 то 21­уми июли соли 1975 сурат гирифт. Бо киштии кайҳонии «Союз­19» кайҳоннавардони Шуравӣ Алексей Леонов ва Валерий Кубасов, кайҳоннавардони амрикоӣ Т. Стафором, Д. Слейтоном ва В. Брандом бо киштии кайҳонии «Аполлон» ба кайҳон баромаданд.
• Ба ҷойи стансияҳои байниорбитавии «Салют» аз соли 1985 сар карда, стансияҳои байнисайёравии «Мир» истифода мешуд. Ба ин стансия то соли 2000­ум 28 маротиба парвози киштии кайҳонӣ сурат гирифтааст.
•Комплекси кайҳонии «Мир»­ро стансияи байналмилалии кайҳонӣ (МКС) иваз намуд. Ин рӯйдод 31­уми октябри соли 2000­ум сурат гирифт.
• То соли 1970 ба фазои кайҳон танҳо кайҳон навардони ду давлат ­ Иттиҳоди Шуравӣ ва ИМА ба парвоз баромадаанд.
• То ин дам зиёда 550 нафар кайҳоннаварди 35 давлати дунё ба кайҳон парвоз намуда, дар тадқиқоту омӯзиши кайҳон саҳм гузоштаанд.
Фароҳамсоз Абдураҳмон АВЕЗОВ,
омӯзгори МТМУ №27-и шаҳри Исфара