ДУРӮҒ ОДАМИРО КУНАД ШАРМСОР

Аз қадим одами дурӯғгӯйро касе дӯст намедошту ҳурматашро ҳам ба ҷо намеовард. Фарди дурӯғгӯй, чи солхӯрда бошаду чи ҷавон, вақте дурӯғ мегӯяд, дар байни мардум обрӯяшро гум мекунад ва ҳар дурӯғе мегӯяд, зиёни он ба худаш мерасад. Дар назди донишмандону фозилон ривояти шахси дурӯғгӯ номақбул аст, гарчи олим ҳам бошад, зеро вай бо дурӯғгӯӣ ҳайсияти инсонии худро аз даст додааст.
Дурӯғ гуфтан аз назари фуқаҳо торикии имон аст. Низомии Ганҷавӣ фармудааст:
Дурӯғ одамиро кунад шармсор,
Дурӯғ одамиро кунадбевиқор.
Донишҷӯи курси дуюм будем. Дар дарсҳои лексионӣ 83 нафар иштирок мекардем. Устоди бениҳоят сахтгире, ки олим буду моро дарс мегуфт, баъди худ ҳеҷ гоҳ донишҷӯйро ба синфхона роҳ намедод. Ба қавле, намегузошт, ки дар дарсаш «пашша» пар занад.
Се нафар аз ҳамкурсонам ­Қобил, Сомон ва Дилшод, ки бо ҳам дӯстони наздик буданд, якҷо дар хобгоҳ мезистанд. Дӯстон ҳамеша ба дарс дер меомаданду муаллим онҳоро ба дарс роҳ намедод. Ҳамин тавр, нимсолаи якум ба анҷом расиду замони имтиҳон фаро расид. Охир, онҳо чизе намедонис танд, вале бояд имтиҳон супоранд. Писарон бо якдигар гуфтугӯ мекунанд: «Фардо имтиҳон аст, чӣ бояд кард?»
Қобил, ки хеле фиребгару найрангбоз буд, гуфт:
«Пагоҳ ба имтиҳон дер меравем ва ба муаллим мегӯем, бо мошине, ки меомадем, дар роҳ ба садама дучор шуд».
Ба Қобил, Сомону Дилшод барои дурӯғи фикркардааш таҳсин хонданд.
Ҳама ба имтиҳон ҳозир шуданд, ба ҷуз ин се нафар. Кулли донишҷӯён баҳо гирифта, синфхонаро тарк намуданд. Баъди имтиҳон, бо сару рӯи харошидаву ли босҳои хоколуд ин се нафар аз дари дарсгоҳ даромаданд ва ба муаллим гуфтанд, ки ба садама дучор шудаанду аз ҳамин сабаб ба имтиҳон сари вақт омада натавонис танд. Муаллим ба суханони онҳо гӯш андохта гуфт:
«Ман ба шумо се рӯз муҳлат медиҳам, то саломатиатон беҳтар гардаду дубора ба имтиҳон ҳозир шавед».
Донишҷӯён хушҳолона аз дар баромаданд… Онҳо саволҳои имтиҳониро ёфта, ба имтиҳон омода шуданд ва боз ба синфхонаи имтиҳонӣ ворид гаштанд. Омӯзгор онҳоро аз ҳамдигар дур шинонда, саволномаҳоро тақсим кард. То саволномаҳоро тақсим кардан донишҷӯён хушҳол буданд. Баъди ба мазмуну моҳияти савол номаҳо шинос шудан авзояшон беҷо шуда, рангашон дока барин сафед шуд.
Саволномаҳо аз фанни имтиҳонӣ набуда, аз ҳодисаи се рӯз пеш нақлкардаи худи писарон буд.
Ранги мошин чӣ хел буд?
Садама дар куҷо рӯй дод?
Дар мошин чанд кас будед?
Ронанда кӣ буд?
Ҳар кас фикри худро навишта ба омӯзгор пешниҳод кард. Омӯзгор дид, ки саволҳо ҷавобҳои гуногун доранд, писаронро маломату накуҳиш карду ба онҳо баҳои «2» гузошт.
Зарнисор НИЗОМОВА,
«Омӯзгор»