ТАШАККУЛ ВА РУШДИ НИЗОМИ ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДӢ

Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозорӣ, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ байни давлатҳо, инчунин, рақамикунонии соҳаҳо вусъат ёфта истодааст, масъалаи ташкили низоми устувори пардохтӣ, ки яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, бисёр муҳим мебошад.
Низоми муосири иқтисодӣ аз маҷмуи амалиёт ва муносибатҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ, қарзӣ ва молу мулкии бо ҳам алоқаманди субъектҳои хоҷагидорӣ иборат буда, асоси онро пардохтҳои мунтазами пулию молӣ вобаста ба иҷрои мол, кор ва хизматрасонӣ ташкил медиҳад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар шароити муосир рақамикунонии иқтисодиёт ва дар мафкураи ҷомеа ҷой додани он хеле муҳим аст, чунки такя ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва идоракунии самараноки иқтисодиёт мебошад. Низоми пардохтӣ бонкҳоро байни ҳамдигар, бонкҳоро бо мизоҷон, харидорро бо фурӯшанда ва ғайраҳо пайваст менамояд. Бояд қайд намуд, ки вазифаи асосии низоми пардохтӣ, таъмини гардиши воситаҳои пулӣ байни субъектҳои хоҷагидории иқтисодӣ мебошад.
Вобаста ба ин, имрӯзҳо таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ба рушд ва такмили низоми пардохтии ғайринақдӣ ҳамчун механизми кам кардани иқтисодиёти ғайрирасмӣ, баҳисобгирии дурусти манбаъҳои андозбандишаванда, татбиқи иқтисодиёти рақамӣ, инчунин, дарёфти сарчашмаҳои иловагии рушди иқтисодиёт бештар шуда истодааст.
Бо назардошти он ки тамоми амалиёт оид ба хариду фурӯши молҳо ва хизматрасониҳо тавассути пул (дар ин ё он шакл) анҷом меёбанд, дар шароити иқтисоди бозорӣ пул яке аз воситаҳои ҳатмии ҳаёти ҳамарӯзаи ҷамъият ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иқтисодии байни истеҳсолкунандагони молу хизматрасониҳо ва истеъмолкунандагон бе истифодаи он ғайриимкон аст. Вале бо пешрафти ҷомеа ва илму техника, инчунин, самаранокии истифодаву идораи он тарзи истифодаи пулҳои нақдӣ (коғазӣ) дар муомилоти пулӣ такмил ёфта, шаклҳои муосири пардохтҳои пулӣ ташаккул ёфта истодаанд.
Яъне, агар дар солҳои пешин баъд аз пайдоиши пулҳои коғазӣ то асри 20-ум дар муомилоти пулӣ ҳамчун воситаи пардохт танҳо шакли нақдии пул истифода мешуд, имрӯзҳо дар баробари истифодаи пардохтҳои нақдӣ дар муомилоти пулӣ, шакли ғайринақдии он низ дар ҷаҳон васеъ истифода мегардад. Дар ҳар ду ҳолат пул ҳамчун ченаки арзиш воситаи асосии пардохт буда, танҳо шакли истифодаи он фарқ мекунад.
Масъалаи назарияи пайдоиши пул ва муомилоти пулӣ, мафҳум ва моҳияти низоми пулӣ, низоми пардохтӣ, бахусус, низоми пардохтии ғайринақдӣ, асосҳои назариявӣ — илмӣ ва методологӣ, зарурат, мазмун, шакл, тарз ва аҳаммияти рушди он аз ҷониби олимони хориҷӣ ва ватанӣ дар иртибот бо ҳадаф ва вазифаҳои таҳқиқоти пешгирифтаашон баррасӣ шуда, онҳо дар саҳифаҳои адабиёти илмӣ то андозае дастрас мебошанд.
Тибқи назарияи иқтисодӣ миқдори пули дар муомилот зарурбуда вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ танзим мегардад. Дар ин замина, танзими ҳаҷми пул ҳангоми рушди ҳамаҷонибаи низоми пардохтии ғайринақдӣ осон гардида, суръатнокии гардиши пул, муътадилии сатҳи таваррум ва коҳишии нархи пул ба низом дароварда мешавад.
Шоҳсанам ҒОЗИЕВА,
магистранти курси 2,
Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ