НАҚШИ БОНУВОН ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ БУЗУРГ АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамасола ба фаъолияти пурсамару масъулиятноки бонувони кишвар баҳои баланд медиҳанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат нақши занону бонувон дар пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ низ назаррас буда, ҳамасола онҳо вобаста ба масоилу мавзуъҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат корҳои илмӣ-пажуҳишӣ анҷом дода, дар конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он маърӯза намуда, илми тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Имрӯз метавон гуфт, ки дар кишвари мо ягон соҳае дар самти илму маърифат нест, ки ба фаъолияти назарраси бонувон иртибот надошта бошад. Занҳои кишвар дар рушди илмҳои гуногун, аз ҷумла, илмҳои гуманитарӣ, дақиқ ва ғайраи дигар кору саҳми шоиста мегузоранд.
Яке аз ингуна бонувони фаъолу пешқадам Муҷиба Ёқубова мебошад, ки ҳамчун олими соҳаи биология шинохта шуда, аз байни занон ба унвони академикӣ сазовор гардидааст. Ин зани донишманд тамоми ҳаёти хешро баҳри омӯзиши масоили физиология ва генетика рустаниҳо бахшида, натанҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он соҳиби обрӯву нуфузи баланд гардидааст.
Натиҷаи тадқиқоти илмии дар як қатор кишварҳои дуру наздик муаррифӣ гардида, сазовори баҳои баланд гардидаанд. Бо талошу кӯшишҳои зиёд ин бонуи фидоии илм соли 2004 аз тарафи Пажуҳишгоҳи биографии ИМА «Зани сол» эътироф гардид.
Чунин занони фаъолу кордони тоҷик дар соҳаҳои гуногун, бахусус, дар самти корҳои илмӣ–тадқиқотӣ кам нестанд. Таҳмина Саодатқадамова низ дар ҷодаи илму маориф ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардидааст. Вай дар соҳаи биология соли 2002 рисолаи номзадияшро дар мавзуи “Хусусиятҳои морфологӣ-биологӣ ва физиологии зардолуи Помири Ғарбӣ” бо муваффақият ҳимоя намуд.
Соли 2015 барои бозомӯзӣ ба донишгоҳи Залсбурги Австрия фиристода шуда, рисолаи докторияшро дар ин донишгоҳ омода намуд. То ин дам зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, 1 монография, 1 китоби дарсӣ, 2 китоби илмӣ таълиф намуда, ба нашр расондааст.
Соли 2013 бо нишонаи “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва соли 2015 бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардонида шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Сарвари маҳбуби давлат меҳнати мо – бонувону занонро қадр карда, ба қобилият, истеъдод, фидокорӣ ва ҷасорати ҳар яки онҳо баҳои сазовор медиҳанд.
11-уми феврал бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии бонувону духтарон дар соҳаи илм эълон гардидааст. Он бо мақсади бартараф кардани монеаҳо ва кумак расондан ба занон, баробарҳуқуқии гендерӣ, эътироф ва саҳми бонувон дар рушди илм таъсис ёфтааст.
Дар муддати панҷ сол, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар кишварамон доир мегардад, танҳо соли аввали озмун ғолиби «Шоҳҷоиза» ҷавонписар буд, се «Шоҳҷоиза»-и дигарро духтарон ба даст овардаанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки бонувон дар ҷодаи илм пешсафанд.
Арабгул МАБАТШОЕВА,
омӯзгори мактаб-интернати
ҷумҳуриявӣ ба номи Карамшо Додхудоев дар ноҳияи Рӯшон