ОМӮЗИШИ САМАРАБАХШ

Дар барномаи фанни математикаи зинаи таҳсилоти ибтидоӣ омӯзиши мафҳуми адад, таркиби адад, аломатҳои математикӣ ва қатори ададҳо (синф ва разрядҳо) аз синфи 1 оғоз меёбад. Дар ин самт усулҳои ташаккул додани малакаҳои ҳисоббарории шифоҳӣ ва хаттӣ, роҳҳои гуногуни хондани ададҳо, донистани таркиби ададҳо, навиштани аломатҳои математикӣ ва ҷудо кардани адад ба разрядҳо пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар бораи мафҳуми қатори ададҳои натуралӣ, таърифи ададҳои натуралӣ, аломатҳои математикӣ ва ҳалли ҳисоббарории шифоҳию хаттии ифодаҳои гуногуни ададҳои бисёррақама маълумот дода мешавад.
• Адад – калимаи арабӣ буда, шумора, ҳисобро баён мекунад. Барои навиштани адад аломати махсусро истифода мебаранд, ки он рақам ном дорад. Ададҳо аз рақамҳо иборатанд.
• Рақам навиште мебошад, ки бо ёрии аломатҳои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ифода шуда, тартибро муайян менамояд. Ин рақамҳо 10-тоанд: 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9.
• Ададҳои бисёррақама: ададҳое, ки аз якчанд рақам иборатанд, ададҳои бисёррақама номида мешавад. 247456, 9786543, 2 900 000.
• Таркиби адад ҷамъи ададҳоест, ки ба адади аслӣ баробар аст. Масалан, таркиби адади 5 — 5 ва 0, 1 ва 4, 2 ва 3 аст.
• Ададҳои натуралӣ: ададҳое, ки барои шумурдани ашё истифода мешаванд, ададҳои натуралӣ номида мешаванд. Ададҳоро бо рақамҳо ифода мекунанд.
• Қатори ададҳои натуралӣ – пайдарпаии ҳамаи ададҳои натуралӣ, ки бо тартиби зиёдшавӣ ҷойгир шудаанд: 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, … Хурдтарин адади натуралӣ адади 1 (як, воҳид) мебошад, калонтарин адади натуралӣ вуҷуд надорад. Қатори ададҳои натуралӣ беохир аст.
• Аломатҳои математикӣ ишораҳои шартӣ буда, барои навиштани мафҳумҳои математикӣ, ҷумлаҳои математикӣ ва ҳисоб истифода мешаванд. Масалан, аломати амалҳое, ки ба ҷойи калимаҳои ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим, калон, хурд ва баробар истифода мешаванд, мувофиқан онҳоро бо аломатҳои «+», «–», «•», «:», « », «>», «<», «=» ишора мекунанд.
• Ҳисоби шифоҳӣ ва хаттӣ – мафҳумҳои математикие, ки аввал ба тарзи шифоҳӣ, сипас ба тарзи хаттӣ фаҳмонда, бо мисолҳо ададҳоро ҳисоб мекунанд.
Натиҷаҳои таълим/Салоҳиятҳои фаннӣ. Дар Стандарти фанни математика барои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ба таълими адад, аломатҳо ва қатори ададҳо натиҷаҳои таълим/салоҳиятҳо (синфҳои 1-4) пешбинӣ шудаанд: Намунаҳои зеринро меорем:
• ададҳоро мехонад, менависад ва муқоиса карда метавонад;
• таркиби ададҳоро медонад ва бо тартиби зиёдшавӣ ва камшавӣ навишта метавонад;
• аломатҳои математикӣ («+», «–», «•», «:», « », «>», «<», «=») ва маънои онҳоро медонад ва дар амалҳо истифода карда метавонад;
• ададҳоро ба разрядҳо ҷудо карда метавонад.
Алоқаманд кардани математикаи расмӣ ва ғайрирасмӣ.
Истифодаи аломатҳо ё қолабҳои стандартӣ фарқи байни математикаи ғайрирасмӣ ва расмӣ мебошад ва ба хонандагон имкон медиҳад, он чизеро хулоса кунанд, ки аллакай медонанд ва ин хулосаро дар ҳалли масъалаҳои нав татбиқ намоянд. Масалан, хонандагон дар бораи тартиби (алгоритми) иҷрои тарҳи ададҳои дурақама малакаи расмӣ ба даст оварданд, ин малакаро барои тартиби (алгоритми) иҷрои тарҳ кардани ададҳои серақама низ истифода мебаранд. Математикаи ғайрирасмӣ маҳорате мебошад, ки берун аз муассисаи таълимӣ аксари вақтҳо дар ҳаёти ҳамарӯза, аз ҷумла, ҳангоми бозӣ бе истифодаи аломатҳои математикӣ омӯхта шудаанд. Масалан, хонандагони хурдсол дар ҳаёти ҳамарӯза, ҳангоми шуморидани миқдори ашё, фурӯш ё харидани молу маҳсулот дар бозор ё зимни ёрӣ дар сохтани лонаи кабутар малакаҳои ғайрирасмии математикиро инкишоф медиҳанд.
Хонандагон беҳтар меомӯзанд, агар:
• омӯзгорон математикаи расмиро бо ғайрирасмие алоқаманд карда тавонанд, ки хонандагон онро берун аз дарс низ истифода баранд;
• ба малакаҳои ғайрирасмии математикӣ таваҷҷуҳ намоянд, яъне, малакаҳое, ки берун аз муассисаи таълимӣ (масалан, вазъиятҳои ҳаёти ҳамарӯза, аз ҷумла, ҳангоми бозӣ, ки бе истифодаи аломатҳои математикӣ омӯхта шудаанд).
Дар таълими математика ба навишт ва хондани рақаму ададҳо ва ҳисоббарорӣ бо истифодаи аломатҳои математикӣ диққат дода мешавад. Хонандагон техникаи ҳисоб (ба тартиб шуморидан, баръакс шуморидан, ҷуфт-ҷуфт шуморидан, муқоиса кардан, ададҳои пешоянд ва пасояндро муайян кардан, таркиби ададро донистан, ададҳоро бо тартиби зиёдшавӣ ва камшавӣ навиштан ва ададҳоро пайдарпай ва якчанд адад зиёд ва кам кардан)-ро пурра меомӯзанд. Барои муайян ва андозагирӣ кардани пешрафти омӯзиш дар асоси натиҷаҳои таълим арзёбии ташаккулдиҳанда гузаронда шуда, ниёзи хонандагон дар асоси натиҷаҳои бадастомада пешниҳод карда мешавад:
– ададҳоро мехонад.
– рақамҳоро аз 1 то 10 навишта метавонад;
– ададҳои якум ва охиринро гуфта метавонад;
– адади тоқ ва ҷуфтро номбар карда метавонад;
– ададҳои пешоянд ва пасояндаро гуфта метавонад;
– таркиби ададҳоро гуфта метавонад.
Ф.НЕГМАТОВА,
омӯзгори калони ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд