ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Барои рушди соҳаи экология фаъолияти олимони соҳаи мазкур муҳим аст. Бо мақсади инкишоф додани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва танзими дурусти онҳо қонунгузории экологӣ низ нақши асосӣ мебозад.
Барои риоя кардани талаботи пешбиникунандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба экология барои субъекти муносибатҳои мазкур фаҳмиш, шуур ва маърифати муайяне лозим аст, ки онро метавон ҳамчун «талаботи ақаллӣ» ҳисобид. Барои дар шахс рушд додани шуур ва маърифати солими экологӣ, албатта, нақши оила ва муассисаҳои томак-табиву мактабӣ муҳим мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», ҳамчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2013», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷкистон барои солҳои 2009-2019», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», Барномаи давлатии тарбия ва маълумоти экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000» ва дар давраи то соли 2010 қабул карда шуда, мавриди амал қарор гирифтаанд.
Барои рушди маърифати экологӣ қонуниятҳои илми педагогика хеле назаррас мебошад. Ҳар қадар аз муассисаҳои томактабӣ то муассисаҳои олӣ кормандон аз дониши мукаммали педагогӣ бархурдор бошанд, ҳамон андоза раванди қабули донишҳои экологии шунавандагон самарабахш мегардад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон (28 декаб ри соли 2023) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳар чи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.
Динамикаи инкишофи маърифати экологӣ нишондоди якхела надошта, ба таври нобаробар арзи вуҷуд менамояд. Албатта, ин боис ба он мегардад, ки маърифати экологӣ ба инфиродӣ (яъне шахсони алоҳида) ва умумиҷамъиятӣ (яъне, аҳолӣ) ҷудо карда шавад.
Ба гурӯҳи якуми маърифати экологӣ мо метавонем шахсони дорои маълумоти махсуси экологидошта ва кормандони сохторҳои давлатии соҳавиро ворид намоем, ки онҳо ба ғайр аз доштани маърифати умумии экологӣ боз донишҳои муайяни гирифтаашонро дар амал татбиқ намуда, ба дигарон барои густариши самти мазкур мусоидат менамоянд. Яъне, онҳо дорои шуури касбии экологӣ мебошанд.
Ба гурӯҳи дигар шахсоне дохил мешаванд, ки маърифати экологии гуногунсатҳро доро буда, қисми асосии бавуҷудорандаи муносибатҳои экологиро ташкил медиҳанд.
Маърифати экологии аҳолӣ аз зинаҳои зерин иборат мебошад:
— маърифат ва тарбияи экологии томактабӣ (маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ), дар зинаи таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, олии касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, махсус ва иловагӣ, маърифати экологии табақаҳои васеи аҳолӣ, аз он ҷумла, дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва ғайра.
Таълими фанҳои марбути экологияи ҳамаи зинаҳои таҳсили системаи маориф бо риояи меъёрҳои давлатии таҳсилот ба роҳ монда мешаванд.
Барои дорои маърифати солими экологӣ шудани тамоми аҳолӣ зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои муассисаҳои таълимӣ фанни мувофиқ роҷеъ ба маърифати экологӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар воситаҳои ахбори оммаи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ пахш ва нашр намудани барнома ва маводи муфид оид ба масоили экологӣ омили саривақтист.
Зарур аст, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ назорати иҷрои қонунгузории экологии амалкунанда, алал хусус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» такмил дода шавад.
Раъно ҚӮЗИЕВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва
иқтисоди Тоҷикистон,
Макнуна АХМЕДОВА,
донишҷӯ