БУЗУРГИҲО ВА ЧЕНАКҲОИ ОНҲО

То асри XV ҳамаи бузургиҳо, ҳаллу ҷавоби масъалаҳо танҳо бо ибораҳо ифода меёфтанд. Бинобар ин, математикаи он давраро математикаи риторикӣ ё иборавӣ меноманд. Ифодаҳои ададӣ, ифодаҳои ҳарфӣ ва аломатҳову ишораҳо бо мурури замон дар илм ҷойи устувореро соҳиб шуданд.
Бузургӣ гуфта, он гуна тавсифоти ченшавандаи ҷисмҳо ё падидаҳоро мефаҳманд, ки онҳоро (дар ҷараёни санҷиш) ба таври миқдорӣ ифода кардан имконпазир аст. Яъне бузургӣ имкони андозагирӣ ва ҳисоб карданро дорад.
Дарозӣ, масоҳат, масса, вақт, суръат бузургиҳо мебошанд. Дар илми математика бузургиҳо таърифи аниқ надоранд. Онҳо ғайр аз хосияти объектро ифода намудан боз дарозӣ доштани шаклҳо, вазни ҷисмҳо ва қимати ададӣ низ доранд. Ҳангоми чен кардани бузургиҳо ададҳои номдор ҳосил мешавад. Қимати ададии бузургиро бо нишон додани воҳиди ченкунӣ ададҳои номдор меноманд. Масалан, 4кг, 7л, 25см, 8мм ададҳои номдор мебошанд. Бузургиҳо якҷинса ва ғайриякҷинса мешаванд. Бузургиҳои якҷинса як хосияти объектро ифода мекунанд. Масалан, дарозӣ, масса, вақт бузургиҳои якҷинса мебошанд. Бузургиҳои ғайриякҷинса хосиятҳои гуногуни объектро ифода мекунанд, яъне вобастагӣ аз якчанд бузургӣ доранд. Масалан, масоҳат аз дарозӣ ва масофаи тайшуда бошад, аз вақт ва суръат вобастагӣ доранд. Бузургиҳоро муқоиса кардан ва бо онҳо амалҳои арифметикиро иҷро намудан мумкин аст. Чен кардани ягон бузургӣ муқоиса кардани он бо бузургии якҷинса мебошад, ки вай чун воҳид қабул шудааст.
Воҳид меъёрест, ки барои андоза кардани чизҳои ҳамҷинс қабул шудааст.
Умуман, барои ҳар як бузургӣ воҳиди дилхоҳро интихоб кардан мумкин аст. Аммо вобастагиҳои байни бузургиҳои гуногунро истифода карда, танҳо барои шумораи маҳдуди бузургиҳо воҳидҳои махсусро интихоб мекунанд, ки онҳо воҳидҳои асосӣ номида мешаванд. Барои бузургиҳои дигари бо бузургиҳои асосӣ алақаманд воҳидҳои ҳосилавӣ қабул мекунанд.
Маҷмуи воҳидҳои асосӣ ва ҳосилавӣ системаи воҳидҳо ном дорад. Системаи воҳидҳо, ки дар онҳо воҳидҳои дарозӣ масса ва вақт чун воҳидҳои асосӣ қабул шудаанд, системаи мутлақи воҳидҳо ном дорад. Дар садаи XVIII дар Фаронса системаи метрии ченакҳо пешниҳод карда шуд, ки минбаъд дар тамоми ҷаҳон эътироф гардид. Дар асоси он системаи метрии ченакҳо ва системаи байналмилалии воҳидҳо таҳия гардиданд. Ҳоло дар тамоми соҳаҳои илм, техника ва хоҷагии халқ системаи байналхалқии воҳидҳо қабул шудааст, ки онро бо рамзи СИ(SI) ишорат менамоянд.
Ин ном ҳамчун системаи ченакҳо ва миқдорҳо фаҳмида мешавад, ки онро СИ мухтасар нишон медиҳад (аз фаронсавии Systeme International). Системаи байналхалқии воҳидҳо (СИ) соли 1960 қабул карда шуд ва дар соли 1971 ба он охирин миқдори асосӣ «мол» илова гардид. Дар он 7 воҳиди асосӣ: метр (м) ­воҳиди дарозӣ, килограмм (кг) ­воҳиди масса, сония (сон.) ­воҳиди вақт, ампер (а)­воҳиди кувваи ҷараён, келвин(К) ­воҳиди ҳарорати термодинамикӣ, мол (у­ню)­воҳиди миқдори модда, кандел (кд) ­воҳиди қувваи рӯшноӣ ва ду ченаки ёрирасон: радиан (рад.) ­ барои кунҷи ҳамворӣ, стерадиан(стер.) ­ барои кунчҳои фазоии ҷисм муқаррар карда шуд.
Боз 27 воҳиди ҳосилавии дар хоҷагӣ ва истеҳсолот васеъ истифодашаванда қабул шудааст. Масоҳат ­ метри квадратӣ (м2), ҳаҷм ­ метри кубӣ (м3), суръати хаттӣ ­метр ба сония (м/сония), суръати кунҷӣ ­ радиан ба сония (рад/сония) ва ғайра.
Ба сифати 1м=1:299792458 сонияи паҳншавии мавҷи электромагнитӣ (рӯшноӣ) дар вакуум, ба сифати 1сония=9192631770 давраи нурафкании атом «сезий ­133» қабул карда шуд.
Дар асри XXI бо инкишоф ёфтани сохти нанотехнология истифодаи нанометр (аз миллиард як ҳиссаи метр) ба роҳ монда шудааст.
Дар амалия дарозиҳоро бо метр, массаро бо килограмм чен кардан ҳоло чандон созгор нест. Бинобар он, аз воҳидҳои асосӣ воҳидҳои ҳосилавӣ тавассути ба 10n зарб задани воҳиди системавӣ ҳосил карда мешаванд (n ­ адади томи мусбӣ ё манфӣ). Номи воҳидҳои нав аз номи воҳидҳои «метр», «грамм» бо ҳамроҳ намудани пайвандакҳо ҳосил карда мешавад.
Дар замони мо давлатҳои зиёди ҷаҳон, (аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз системаи байналхалқии воҳидҳо (СИ) истифода мебаранд.
Саидмурод ДАВЛАТОВ,
мудири шуъбаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон