ДУНЁ МАТАЛАБ, ҶОҲ МАҶӮ…

Дар ҷаҳони муосир дар радифи зуҳуроти дигари хатарнок, амсоли экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, харидуфурӯши одамон ва ғайра бо коррупсияву аъмоли дигари ба он шабеҳ муборизаи беамон бурда мешавад.
Мубориза бо ин гуна падидаи номатлуб вазифаи танҳо ниҳодҳои давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ё гурӯҳи алоҳидаи одамон нест, балки рисолати виҷдонии тамоми аҳли ҷомеа мебошад, зеро бо густариши ин зуҳуроти нанговар зиёни он ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мерасад ва паёмадҳои басо хатарнок дорад.
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар фаъолияти худ бо татбиқи принсипҳои адолату шаффофият ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани талабот нисбат ба кормандон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд.
Раёсати донишкада корҳои иттилоърасонию тарғиботиро тибқи “Нақшаи чорабиниҳои донишкада ҷиҳати амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021­2025)» амалӣ намуда, бо ин мақсад пайваста суҳбату вохӯрӣ, конференсияю семинарҳо бо иштироки шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва ҳайати кормандону омӯзгорони донишкада баргузр менамояд.
Аз ҷумла, 10 апрели соли 2023 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 май дар мактаби №65 ­ и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрӣ дар мавзуи “Коррупсия ­ зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир” бо иштироки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он фаъолона иштирок намуданд.
15 декабри соли 2022 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф “Семинари омӯзишӣ дар мавзуи иҷрои бандҳои дахлдори «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021­2025)» баргузор гардид.
Мутаассифона, тибқи маълумотҳои мавҷуда, дар соҳаи илму маориф баъзан омилҳои коррупсионӣ ба чашм мерасанд. Махсусан, ҷиноятҳои дар моддаи 247­и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, яъне тасарруфи молу амволи давлатӣ зиёд шудааст. Вазифа аз он иборат нест, ки ҳамаи онҳое, ки бо ин амалҳо даст мезананд, аз озодӣ маҳрум карда шаванд, балки аз он иборат аст, ки мо бояд якҷоя пеши роҳи ин амалҳоро гирем.
Ба ибораи дигар, бояд бо иштироки мутахассисони соҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд карда шаванд, то ки кормандони муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо ба амалҳои нанговари коррупсионӣ даст назананд. Тавре ишора кардем, ҳоло амалҳои коррупсионӣ баробари амалҳои террористиву экстремистӣ баҳо дода мешаванд, чунки ин омилҳо ба генофонди миллат таъсир расонда, ояндаи фарзандони моро зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ин самт муборизаи дастаҷамъонаро ба роҳ монем.
Мо бояд насли наврасро дар руҳияи ростқавлӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз ин миллату сарзамин тарбия намоем. Ҳоло ҳам маърифати баъзе аз ҷавонони мо паст аст, аммо дар маҷмуъ, аксари ҷавонони мо фаъоланд ва дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷик ҳамеша инсонро барои идора кардани нафси худ ва побанди ҳавою ҳавас нашудан ҳидоят менамоянд. Дар ин маврид Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино фармудааст:
Эй нафс, ки бастаи ҳавою ҳавасӣ,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.
Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар,
К- аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ.
А.ОДИНАЕВ,
мудири кафедраи таҳсилоти касбӣ ва информатикаи
Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии
кормандони соҳаи маориф, номзади илмҳои фалсафа, дотсент