НОМАҲОИ МОДАР

Он солҳо телефони мобилӣ набуд ва модарам бароям нома менавишт. Ман донишҷӯ будам, донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ. Духтур шудан мехостам. Ин орзуи на танҳо ман, балки падару модарам низ буд.
Даврони донишҷӯиам ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Почта ҳам кор намекард, номаҳои модарамро асосан ҳамдеҳагонам, ки ба шаҳр барои кор ё таҳсил меомаданд, ба ман мерасониданд. Ҳамроҳи номаҳо модарам барои ману бародарам кулчаҳои ширмол, гандуми бирён ва дигар анвои хӯрданӣ мефиристод.
Номаҳои модарам мисли дили ӯ гармие доштанд. Хаташ ҳам хеле зебо буд. Модарам муаллимаи мактаб буду ба хонандагони синфҳои поёнӣ дарс мегуфт. Дар деҳа обрӯву эҳтироми хоса дошт. Шогирдони зиёдеро тарбия мекард. Дар хурдсолӣ номи ӯро ман дар ёд надоштам, чунки ҳама ба ӯ «муаллима» гӯён муроҷиат мекарданд ва ман ҳам гумон мекардам, «муаллима» номаш аст.
Модарам дар номаҳояш пайваста маро насиҳат ва ба роҳи рост рафтану илм омӯхтанамро таъкид мекард. Суханонаш ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳанд. «Хон, духтарам, хон, аммо духтари тоҷик буданатро фаромӯш накун. Боиффат бошу беҳаё нашав. Ба роҳи рост раву пайваста илм омӯз! Обрӯи падару модаратро нигоҳ дор! Танҳо фикри хонданатро кун, ба пулу моли дунё дил мабанд!»
Боре ӯ ба хабаргириамон омад. Деҳи мо аз пойтахти кишвар дар масофаи чорсад километр ҷойгир аст. Душвориҳои зиёдро пушти сар карданаш лозим омадааст. Ҳамон вақт ҳам бароям номаҳо овард. «Баъд мехонӣ», гуфту онро ба дастам дод. Ман хурсанд шудам, ҳам аз омаданаш, ҳам аз номаҳо. Номаҳои модарамро дӯст медоштам, чунки онҳо маро ҳушдор медоданд, то ба ҳавову ҳаваси ҷавонӣ гирифтор нашавам. Дар шаҳри бароямон ноошно номаҳо ягона воситаи иртиботи ман бо наздиконам буданд. Онҳоро мехондаму худро дар иҳотаи аҳли хонавода ҳис мекардам.
Имрӯз ҳам, вақте муштоқи он рӯзҳо мешавам, номаҳои модарамро мехонам ва симои ӯ пеши назарам ҷилвагар мешавад. Ӯ зани хеле ҷиддӣ ва камгапу сахтгир буд. Ман ҳеҷ гоҳ ӯро бекор надидаам. Ҳатто дар фасли сармо низ машғулиятҳои худро дошт. Зери бухорӣ пахтаҳоро мулоим карда, пунбадонаашонро ҷудо менамуд. Пахтаи тозаро барои болишту кӯрпа истифода мекард, пунбадонаро ба говҳо медод, то ки сершир шаванд. Барои аҳли хонавода ҷӯроб мебофт, гулдузӣ мекард. Гулдӯзиҳояш имрӯз ҳам хонадони маро зебу оро медиҳанд. Гоҳо китоби бадеӣ мехонд ва моро низ ба ин ташвиқ мекард. Доимо воқиф аз он мешуд, ки кадоме аз пирони деҳ бемор асту муштоқи оши бурида ё ҳалилоб. Паёмрасони модарам дар ин гуна ҳолатҳо ман будам. Ёд дорам, боре табақи оши буридаро дар роҳ чаппа кардам. Гирён ба хона омадам. Аввал сахт ҷангам карду баъд хандида гуфт: «Беақл манам, ки ба дасти кӯдак табақи вазнинро додам. Ин даъфа худам мебарам, боке нест.»
Номаҳои модарам дар давоми таҳсил роҳнамои ман буданд ва баъдан дар зиндагии мустақилонаам ҳам. Ҳар гоҳе ба душворие рӯ ба рӯ мешудам, суханҳои модарро ёд оварда, роҳи дурустро интихоб мекардам. Имрӯз, ки худ модар ҳастам, ба духтарам, ки донишҷӯ асту дар роҳи дур таҳсил дорад, мисли модарам нома менависам. Аз телефони мобилӣ истифода намебарам, чунки мехоҳам, духтарам ҳам мисли ман он номаҳоро ҳифз кунад. Барояш нома менависам, чунки мехоҳам панду насиҳатҳоям на танҳо дар овони ҷавонӣ, балки тамоми умр ҳамсафараш бошанд. Бовар дорам, номаҳои ман ҳам духтарамро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамоянд ва дар зиндагонии мустақилонааш кумак мерасонанд.
Зулхумор ХАЛИЛОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии
шаҳри Кӯлоб