Матбуоти тоҷик оинаи тамомнамои ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар буда, дар дарозои таърих шебу фарози зиёдеро пушти сар намудааст. Дар оғоз агар вазифаи матбуот дар баробари расондани иттилоот маърифатманд намудани ҷомеа бошад, имрӯз доманаи мавзуоти он васеъ гардидаву дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии кишвар хидмати босазо менамояд. Мусаллам аст, ки пешрафти техникаву технология ва пайдоиши интернет тақозо менамояд, ки матбуоти тоҷик бо ин воситаҳои муҷаҳҳаз дар муборизаҳои иттилоотӣ ҳамқадами замон бошад. Дар робита бо ин, суҳбате доштем ба мудири кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология, дотсент Наргис Усмонова, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
– Аз таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» (11 марти соли 2012) беш аз 110 сол сипарӣ мешавад. Давраҳои таҳаввулу ташаккул ва рушди матбуоти тоҷикро дар замони Шуравӣ ва дар замони Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ба ин савол муносибати таърихӣ мебояд, зеро овардани баъзе фикру мулоҳизаҳоро аз таърихи матбуоти тоҷик зарур медонам. “Бухорои шариф” сароғози матбуоти тоҷик ба шумор меравад. Агар ба давраҳои таърихии матбуоти тоҷик назар андозем, пас се давраро муҳаққиқони соҳа номбар мекунанд, ки ин то инқилоб, замони Шуравӣ ва давраи истиқлоли Тоҷикистон мебошад. Матбуоти тоҷик ин се давраро бо шебу фарозҳояш пушти сар намуд ва имрӯз дар остонаи таҷлили 112солагӣ қарор дорад. Ҳар яке аз ин давраҳо барои таъсис, ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик нақши муҳим дорад. Барои давраи аввал ба як масъала бояд диққат диҳем.
Ҳудуди Осиёи Миёнаи то инқилоб ва аҳолии он. Дар нимаи асри XIX истилоҳи «Тоҷикистон» набуд, Бухоро ва Қӯқанд буд. Баъдтар, аввали асри XX Қӯқанд ҳамчун як вилоят ба ҳайати Русия дохил шуд ва номи Туркистонро гирифт, яъне Бухорою Туркистон буд. Сипас, соли 1868 генералгубернатори Туркистон барои пеш бурдани кори давлатдорӣ ва инкишоф додани василаҳои тарғиботу ташвиқот ба Туркистон матбаа овард. Баъзеи ин матбааҳо полиграфӣ ва баъзеи дигараш литографӣ буданд, яъне фақат нусха мебардоштанд. Дар Туркистон пайдо шудани матбаа ва литографияҳо сабаби ба вуҷуд омадани заминаи нашри китоб, ҳамчунин, пайдо шудани матбуоти даврии Туркистон гардид. Аввалин нашрияи ин давра «Туркестанские ведомости» буда, 28 апрели соли 1870 дар Тошкент чоп шуд. Албатта, яке аз мақсадҳои сиёсатҳои ҳукумати подшоҳии рус нашр кардани матбуот ба забонҳои мардуми маҳаллии Осиёи Миёна ҳам буд, ки ҳамчун василаи таъсир гузоштан ба мафкураи мардум арзёбӣ мегардид. Аз ин рӯ, соли 1971 иловаи «Туркестанские ведомости» бо забони ӯзбекӣ бо номи «Туркистон вилоятиниг газети» рӯйи чоп омад. Дар маҷмуъ, чопи матбуот бо забони маҳаллии аҳолии Осиёи Миёна – ӯзбекӣ, қазоқӣ ва тоторӣ сурат мегирифт ва танҳо соли 1912 бо талошу пофишориҳои муассисони “Бухорои шариф” бо забони тоҷикӣ низ нашрия рӯйи чоп омад. Ба гумони банда, пайдоиши матбуоти тоинқилобӣ хусусияти заминавӣ дошта, созгор ба рӯйи чоп омадани дигар нашрияҳо бо забони тоҷикӣ мегардад.
Замони Шуравӣ. Яке аз хусусиятҳои асосии матбуоти замони Шуравӣ хусусияти даврагӣ пайдо намудани матбуот мебошад. Аввалин намунаи чунин матбуот «Иди тоҷик» (1925) мебошад, ки то соли 1990 ба «Тоҷикистони сурх», “Тоҷикистони Советӣ”, «Тоҷикистони Шуравӣ» тағйири ном карда, имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» чоп мешавад ва мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дораду ҳафтае панҷ маротиба нашр мегардад.
Ҳамчунин, дар замони Шуравӣ, ки 70 солро дар бар мегирад, низоми воситаҳои ахбор ба вуҷуд омад. На танҳо матбуот, балки радио, агентии хабарӣ, нашриёт ҳам ба кор оғоз намуданд. Дар масъалаи матбуот қобили зикри ҳатмист, ки рӯзномаҳои Тоҷикистон ба ҷумҳуриявии сиёсӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва сертираж тақсим шуданд. Аз нигоҳи мазмуну мундариҷа, омодагии касбии журналистон ин давра давраи ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик ба шумор меравад.
Давраи Истиқлол. Вақте ки 9уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлоли давлатӣ ба даст овард, ин чунин маъноро дошт, ки Тоҷикистон ҷузъи дигар кишваре нест, вай мустақил аст ва халқи тоҷик акнун давлате бунёд мекунад, ки ин давлати федералӣ не, балки давлати миллӣ аст. Шуруъ аз ҳамин замон матбуоти Тоҷикистон хусусияти соф миллӣ, соф тоҷикӣ пайдо кард ва он баёнгари орзуву омоли давлати мустақили Тоҷикистон шуд. Давлати Тоҷикистон озодии матбуотро эълон кард ва аз ин сабаб имрӯз системаи ВАОи Тоҷикистон дар заминаи матбуоти расмии ҳукуматӣ ва матбуоти ғайриҳукуматӣ ташаккул меёбад. Агар ба маълумотҳои оморӣ дар солҳои 1991, 2012 ва 2022 таваҷҷуҳ намоем, аз бисёр ҷиҳат масъала равшан хоҳад шуд. Соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла вуҷуд дошт ва аз ин шумора фақат чор рӯзнома хусусӣ буд, вале соли 2012 ин миқдор ба 466 расидааст, ки 270тояш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Тибқи маълумоти омории Вазорати фарҳанги ҶТ, соли 2022 376 нашрия (112 давлатӣ, 264 ғайридавлатӣ) ва 245 маҷалла (114 давлатӣ, 131 ғайридавлатӣ) ба қайд гирифта шудааст, ки аз фаъолияти озодонаи он дар фазои кишвар шаҳодат медиҳад. Соли 2012 дар таҷлили 100солагии Рӯзи матбуоти тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд, ки дар он як қатор мушкилии ҷойдошта дар самти ВАОро таҳлилу баррасӣ намуданд ва барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити корӣ, омода намудани мутахассисон дар самти ВАО дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Журналистони тоҷик дар гузоштани пойдевори давлат дар соҳаи иқтисод, фарҳанг, мактаб, саноат, ки тобиши соф миллӣ дорад, аз ёварони боэътимоди ҳукумат мебошанд. Журналистика ва журналистони тоҷик дар иҷрои вазифаи касбӣ ва шаҳрвандии худ аз фоҷиае, ки ба сари мардум омаду боиси сар задани ҷанги таҳмилӣ дар солҳои 90ум гардид, хизмати арзандае дорад. Дар давраи истиқлол як қатор қонунҳо дар соҳаи ВАО қабул гардид, ки далолат аз фаъолияти озодона ва фароҳамии заминаи ҳуқуқии онҳо медиҳад. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад. Яъне, дар масъалаи қонунгузорӣ асосҳои демократӣ риоя шудаанд.
Имрӯз ба омода намудани кадрҳои журналистӣ таваҷҷуҳ зиёд буда, бо шароити хуби моддию техникӣ таъмин гардидани муассисаҳои олии кишвар аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Айни замон дар Тоҷикистон дар 8 муассисаи таҳсилоти олӣ – ДМТ, ДСРТ, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, ДДБ ба номи Н. Хусрав, ДДХ ба номи Б. Ғафуров, ДДХ ба номи М. Назаршоев, ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов журналистонро тайёр мекунанд.
– Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз ҷаҳонро иттилоот идора мекунад. ВАО-и кишвар то кадом андоза дар муборизаҳои иттилоотӣ рақобатпазир аст ва дар ин масир омилҳои вусъат бахшидани матбуотро дар чӣ мебинед?
– Бале, имрӯз нисбат ба иттилоот ва иттилоотонии аудитория муносибати гуногунро ба мушоҳида мегирем. Асосан зери ин мафҳумҳо “ҷаҳонро иттилоот идора мекунад”, аниқтараш, иттилоот ташаккули аудиторияро идора мекунад, дар назар доштан мувофиқтар аст, зеро давлатҳои абарқудрат ягона роҳе, ки ба воситаи он сиёсати худро ҷорӣ ва ақидаи заруриро имкони хуби таҳлил намудан доранд, иттилоот аст. Гарчанде ин гуна таҳлилҳо гуногун мебошанд, онҳо аз тамоми имконоти мавҷудаи давр истифода менамоянд. Зоҳиран иттилоот гӯё ба хотири қонеъ намудани талаботи иттилоотгирии аудитория аст, вале дар пасманзари он мақсади асосӣ нуҳуфта аст. Ин муносибат ҳам ҷанбаи мусбат дорад ва ҳам манфӣ. Мутаассифона, таъсири манфии он зиёдтар ба назар мерасад, махсусан, дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии фарҳангҳо. Ё ба таври дигар, таҳти ин муносибатҳо истилоҳи соҳавии “ҷанги иттилоотӣ”ро фаҳмидан мумкин аст. Муҳаққиқон ва коршиносони соҳа бар он назаранд, ки бадтарин ва хавфноктарин ҷангҳо муборизаҳои иттилоотӣ ба шумор мераванд. Барои мубориз ва рақобатпазир будани матбуоти мо дар чунин марҳалаҳо, аз як тараф, журналистони касбии универсалӣ зарур бошанд, аз ҷониби дигар, тақвият бахшидани фаъолияти мухбирони хориҷӣ муҳим мебошад. Муносибати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи муҳим будани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фароҳам сохтани имконоти омӯзиш ва талаби қатъии як ё ду забони хориҷӣ низ гувоҳӣ аз ҳамин паҳлуи муҳими кории журналистон мебошад. Журналисти имрӯз бояд дорои ҷаҳонбинии фарох, дониши мукаммал, дарки амиқи сиёсат ва равоншиносу фидоии касбу кори хеш бошад.
– Имрӯз роҳҳои дастрас намудани иттилоъ осон гардидааст ва пайдоиши интернету сомонаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти матбуот таъсир расондааст ва аксар ба воситаҳои электронӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Матбуоти кишвар то кадом андоза ба ин стереотипҳо мусаллаҳ мебошад?
– Рушди бемайлони технология ва пайдоишу имконоти интернет на танҳо ба фаъолияти матбуот, балки дар тамоми соҳаҳо таҳаввулоти бузургеро ба вуҷуд овард. Аз як шакл ба шакли дигар гузаштан ё ба таҳаввул рӯ ба рӯ шудан ҳодисаи муқаррарист, вале дар ин баҳр ғарқ набояд шуд, балки шиновариро бо тамоми паҳлуҳояш омӯхт. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гарчанде аз воситаи электронӣ, интернет ва дигар имконоти он истифода мегардад, ба шакли матбуоти классикӣ таваҷҷуҳ кам нагаштааст. Нашрияҳои субҳгоҳӣ ва шомгоҳӣ дар давоми рӯз рӯйи чоп меоянд, ки хонандаи худро доранд. Дар фазои иттилоотии Федератсияи Россия муносибати дигаре ба назар мерасад, ки ҳар тағйироте дар соҳаи журналистикаи амалӣ ба вуҷуд меояд, аз нигоҳи назариявӣ таҳқиқ гардида, роҳу равишҳои мувофиқ ба он нишон дода мешавад, яъне дар асоси амалия назарияро ба вуҷуд меоранд ва ин фазои амалиро соҳибӣ мекунанд. Ин муносибат дар фазои иттилоотии мо камтар ба назар расида, дурудароз дар фазо парвоз мекунад. Барои раҳнамоии дурусти истифодабарандагони воситаҳои электронӣ ба табъу завқи онҳо мувофиқ муносибат мебояд. Дар ин радиф метавонем аз нашрияҳое чун «Ҷумҳурият», «Тоҷикистон», «Азия плюс», «Фараж», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғайра ёдовар гардем, ки ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худ ва ҳам дар шакли сомона фаъолиятро ба роҳ мондаанд ва қобили таваҷҷуҳу дастгириянд, вале фикр мекунам, ки миқдори ин гуна матбуот кам аст.
– Дар шароити рушди бомароми технологияи иттилоотӣбарои бештар ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба матбуот чӣ бояд кард? Пешниҳоди маводу матолиб дар нашрия чӣ гуна бояд сурат гирад?
– Ин кори басо мушкил аст, вале дар ҳоли ҳозир вобаста ба табъу завқи хонанда ва сатҳи қабулу интихоби ӯ як қатор нашрияҳои мо, ки болотар зикр намудем, фаъоланд, вале боз таъкид менамоем, ки ин басанда нест. Аудиторияи имрӯза вобаста ба синну сол ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: насли калонсол ва насли ҷавон. Насли калонсол имрӯз низ ба маводи чопии нашрияҳо рӯ меоранд ва иттилооти тозатаринро тариқи сомонаҳои интернетӣ тамошо мекунанд, вале насли ҷавон пурра ба сомонаҳои интернетӣ такя мекунанд. Аз ин рӯ, дар шакли расонаи интернетӣ фаъолият намудани бештари нашрияҳо ва бо ин роҳ ба шакли чопии нашрия равон намудани хонанда низ имконият дорад. Он муносибате, ки сомонаи «Pressa.tj», «Азия плюс», «Ҷавонони Тоҷикистон» мекунанд, хуб аст. Яъне, маводи истифодашавандаро гурӯҳбандӣ намуда, баъзеи онро дар ду шакл, масалан, мусоҳиба, ҳам шакли чопӣ ва ҳам шакли видеоии онро пахш менамоянд. Дар масъалаи хабарҳо бошад, ба таври фаврӣ дар сомонаи нашрия ҷой дода, зуд ба аудитория мерасонанд ва шарҳу таҳлили онро дар шакли мақола дар саҳифаи нашрия чоп мекунанд.
– Дар хусуси нашрияҳои соҳавӣ ва инъикоси масоилу мушкилоти ину он соҳа дар замони истиқлол чӣ тағйироту дигаргуниҳо ба мушоҳида мерасад?
– Аслан, матбуоти соҳавии мо дар фазои иттилоотии кишвар мақоми худро дорад. Имрӯз нашрияҳои соҳавӣ хусусияти инъикоси паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ин ё он соҳаи дахлдорро бар дӯш дошта, ба монанди «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор» ва ҳамчунин, маҷаллаҳо дар ин самт низ ба чоп мерасанд, ки хусусияти муаррифиро доранд. Ин навъи матбуот хонандаи худро дорад.
– Тайёру омода намудани мутахассисони соҳа дар шуъбаву факултетҳои журналистикаи мактабҳои олӣ, хусусан, ДМТ дар чӣ сатҳ қарор дорад ва барои ҷавобгӯ ба замони муосир омода намудани мутахассисон кадом корҳоро метавон анҷом дод?
– Чи тавре ки дар боло зикр намудем, имрӯз дар омода намудани кадрҳои журналистӣ таваҷҷуҳ зиёд буда, бо шароити хуби моддию техникӣ таъмин гардидани муассисаҳои олии кишвар аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Аз нигоҳи моддию техникӣ вазъи таҷрибаи амалӣ андӯхтани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле хуб аст. Дар назди факултет студияи таълимии телевизион ва радио фаъолият менамояд, ки бо таҷҳизоти зарурӣ ва студияҳои сабти барномаҳои гуногун таъмину муҷаҳҳаз аст. Мутахассисони телевизион ва радио ҷалб шудаанд, ки донишҳои назариявии донишҷӯёнро дар амалия татбиқ мекунанд. Ҳамчунин, дар назди факултет ихтисосҳои нави ба талаботи рӯз ҷавобгӯй рӯйии кор омадаанд, ки ҳамчун WEBрӯзноманигор омода мекунанд. Талаботи имрӯзаи бозори меҳнат низ ба мутахассисонжурналистони ҳамакора (универсалӣ) зиёд мебошад, ки таҳсил дар ихтисоси номбурда низ бо ҳамин мақсад аст. Ҳамчунин, дар ихтисосҳои боқимонда, журналистика, иттилоот ва робита, умури нашриёт, журналистикаи байналхалқӣ ва тарҷумонӣ дар баробари омӯхтани нозукиҳои кор дар матбуот ва навиштан дар қолаби жанрҳои гуногун, инчунин, варианти аудиоӣ ва видеоии онро ҳамзамон меомӯзанд.
– Таманнои Шумо ба аҳли қалами кишвар дар Рӯзи матбуоти тоҷик.
– Новобаста аз навъ ва шакли фаъолияти ВАО, аҳли қалам дар иҷрои рисолати касбии худ содиқ бошанд, чун дирӯз, имрӯз баҳри тарғиб ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қаламашон бурро бошад. Иди касбӣ муборак, ҳамкасбони гиромӣ.
Мусоҳиб
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”