????????????????????????????????????

МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ ҲИСОР: КАМБУДИҲОРО БОЯД БАРТАРАФ НАМУД

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2024, №85 раванди иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Гурӯҳи корӣ ҳангоми санҷиш ба масъалаҳои сифати таҳсилот, ҳолати ҳуҷҷатдорӣ, таъминоти кадрӣ, фаъолияти шуроҳои педагогӣ, иттиҳодияҳои методӣ, семинарҳои доимоамалкунанда, равияҳои таълим, ташкили озмунҳо аз фанҳои табиӣ­риёзӣ, иштироки хонандагон дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ, амалӣ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-­2040 ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020­2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020­2040 таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав аз 4975 нафар омӯзгори фанҳои дақиқ 3671 нафар (73,8%) бо таҳсилоти олӣ ва 1304 нафар (26,2%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд.
Аз шумораи умумии омӯзгорони фанҳои дақиқ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ 141 нафар (14,1%) ва Шаҳринав 24 нафар (5,1%) омӯзгори ғайрифаннӣ фаъолият менамоянд, ки ин ба сатҳу сифати таҳсилот бетаъсир буда наметавонад.
Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки дар ноҳияҳои санҷидашуда 436 соати таълимӣ аз ҳисоби фанҳои дақиқ дар вакант қарор доранд. Аз ҷумла, 230 соат дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат, 136 соат дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Варзоб, 54 соат дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ҳисор, 16 соат дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шаҳринав ва як воҳиди кории мушовири фанҳои дақиқ дар шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб дар вакант қарор доранд.
Мутаассифона, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№26, 54 ва 92­и шаҳри Ҳисор аз фанҳои технологияи иттилоотӣ ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1­и шаҳри Ваҳдат аз фанҳои математика ва геометрия хонандагон аз аввали соли таҳсил то ба имрӯз дарс нахондаанд, ки нигаронкунанда мебошад.
Такмили ихтисос омили муҳим барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, мунтазам баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар соли 2023 аз 843 нафар 616 нафар (73%)омӯзгори фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз курсҳои такмили ихтисос дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гузаштанд, ки иҷрои нақша дар умум 73% таъмин гардидааст. Иҷрои нақша дар ноҳияҳои Шаҳринав (51,9%) ва Рӯдакӣ (63,5%) аз сатҳи ноҳияҳои минтақа 9,2% паст мебошанд.
Дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои санҷидашуда шуроҳо ва иттиҳодияҳои методӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида фаъолият менамоянд. Мушовирон ба омӯзгорон кумакҳои методӣ расонида, дар ташаккули маҳорати касбии омӯзгорон саҳмгузор бошанд ҳам, фаъолияти роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои санҷидашуда беҳбудӣ мехоҳад.
Санҷиш нишон дод, ки иттиҳодияҳои методии фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда тибқи Низомномаи иттиҳодияи методӣ ба роҳ монда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда бошанд ҳам, аммо иҷрои он беҳбудӣ мехоҳад. Зеро он танҳо барои расмият ташкил гардида, ҷаласаҳои онҳо ба таври воқеӣ гузаронида намешаванд.
Дар вақти санҷиш маълум гардид, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67­и шаҳри Ваҳдат роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ ­риёзӣ бе нақшаи корӣ, иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50­и ноҳия Варзоб, гарчанде дар Шурои педагогии №1 аз 30.08.2023 тасдиқ гардида бошад ҳам, масъалаҳои дохилии он ба солҳои 2017­2018, иттиҳодияи методии фанҳои дақиқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11­и ноҳияи Шаҳринав дар нақшаи корӣ то ҳол ба ҷойи чоряк ва солона калимаҳои рейтингу марҳала истифода шудааст, ки ин аз камтаваҷҷуҳии мушовирони фанҳои дақиқи раёсату шуъбаҳои маориф, роҳбарони шуроҳои педагогӣ, методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ шаҳодат медиҳад.
Дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав Нақша ­ чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020­-2040 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427) ҷузвдони алоҳида ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Таҳияи дастурҳои методӣ, нашри мақолаҳои методӣ вобаста ба муносибати босалоҳият ба таълим, истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва методологияи навини таълими мақсадноки фанҳо, маҷмуи мисолу масъалаҳо аз фанҳои табиӣ­риёзӣ ва чопи мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷониби омӯзгорон ва мушовирон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди касбии омӯзгорон дар раванди ҷаҳонишавии маориф ба шумор меравад.
Таълими тафриқа ва тибқи тамоюлу завқи хонандагон ба роҳ мондани раванди таҳсил яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот маҳсуб меёбад.
Бо мақсади ба синфҳои таълими равиявӣ ҷудо намудани хонандагон, ба амал баровардани дифференсиатсияи тахассусӣ (тафриқа, яъне гурӯҳбандии фанҳо аз рӯйи равия) ва фардикунонии таълим, фароҳам овардани шароити мусоид барои сайқал додани малакаю истеъдод, аз худ кардани дониш аз рӯйи равияи фанҳои табиӣ­риёзӣ ва технологӣ, ташаккули афкори шахсии хонанда, ҷаҳонбинӣ ва назари ӯ ба ҷомеа, фаъолгардонии мустақилияти хонандагон ва татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-­2040» дар Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018­-2019 ва солҳои минбаъда тағйиру иловаҳо ворид намуда, бо қарори мушавараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2022, №12/18 тасдиқ гардида, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022, №1341 мавриди амал қарор дода шудааст.
Таҳлили масъалаи ба синфҳои равиявӣ ҷудо намудани хонандагон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур нишон дод, ки дар ин масъала, ҳарчанд нисбат ба солҳои пешин беҳбудӣ бошад ҳам, вале то ҳанӯз бо дарназардошти ба назар гирифтани майлу рағбати хонандагон ташкил намудани синфҳои равиявӣ дар як қатор синфҳои параллелӣ (мувозӣ) ба роҳ монда нашудааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда аз 5536 синфи 7­11 133623 хонанда, 1183 синф бо фарогирии 30978 нафар (23,1%) ба таълими равиявӣ ҷудо карда шудаанд. Аз ин миқдор 700 синф (бо фарогирии 18340 нафар ё ин ки 13,7%) бо равияи фанҳои дақиқ фаъолият карда истодаанд. Боиси зикр аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо равияҳои фанҳои дақиқ аз сатҳи миёнаи шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда 6,7% паст мебошад.
Ҷалби хонандагон ба солҳои пештар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода бошад ҳам, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо қонеъкунанда нест. Масалан, аз 9 равия ва зерравияи ба фанҳои дақиқ мувофиқ дар шаҳри Ваҳдат ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Шаҳринав 4 зерравия, шаҳри Турсунзода 3 зерравия дар самти фанҳои табиӣ ташкил намудаанд. Мутаассифона, дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб ба истиснои як равия (табиӣ ­математикӣ) дигар номгӯйи равия ва зерравияҳо ташкил нашудааст.
Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб вобаста ба масъалаи мазкур муассисаҳои таълимии № 7, 44, 53, 54, 55 ва Гимназияи №1 мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода шуда, дар шурои шуъбаи маориф аз 08.02.2023, №4 баррасӣ гардидааст. Инчунин, шуъбаи маориф ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020­-2025 оид ба амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020­-2040 ба раиси ноҳияи Варзоб гузориш пешниҳод намудааст.
Семинарҳои доимамалкунанда асоси рушди касбияти омӯзгорон дар шароити маҳал маҳсуб мешавад. Ва ин амал аз ҷониби мушовирони кабинети методии раёсат ва шуъбаҳои маориф пайваста роҳандозӣ мегардад.
Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии санҷидашудаи шаҳру ноҳияҳои мазкур омӯзгорони ғайрифаннӣ ба таълим машғуланд, ки яке аз омилҳои паст гардидани сифати таълим аз фанҳои дақиқ ба ҳисоб меравад. Таҳлил собит намуд, ки ҳолати мазкур дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор аз ҳама зиёд ба назар мерасад.
Маҳфилҳои фаннӣ омили дигари ташвиқу тарғиби омӯзиши фанҳои табиӣ маҳсуб ёфта, аз ҷониби омӯзгорони навовару эҷодкор вобаста ба майлу рағбати хонандагон ташкил карда мешавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур маҳфилҳои «Математикони ҷавон», «Химикони ҷавон», «Физикони ҷавон», «Техникони ҷавон», «Барномасозони ҷавон» ва ғайра ташкил карда шуда, роҳбарони маҳфилҳо таъйин шуда бошанд ҳам, омӯзгорони ин маҳфилҳо омода намудани 3­4 нафар хонандаро аз синфҳои гуногун ба озмуну олимпиадаҳо вазифаи худ медонанду халос. Нишонаи фаъолияти маҳфилҳо дар он аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда ягон рӯзномаи девории мактабӣ ба назар нарасид, ки дар бораи фаъолияти маҳфил дарак диҳад.
Истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ҷузъи муҳимми на танҳо аз бар намудан барои фанни мазкур, балки роҳи асосии расидан ба таълимоти байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, масъалаи мазкур дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, марҳала ба марҳала барномаҳои компютеркунониро амалӣ менамоянд.
Омӯзиши вазъи кабинетҳои фанни технологияи иттилоотӣ нишон дод, ки ҳолати компютерҳо беҳтар гардида бошанд ҳам, вале кабинетҳои технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимии санҷидашуда бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст нестанд. Аксари хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур ба саволҳои одӣ ҷавоб дода наметавонанд. Аз ҷумла, кабинети технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимии №11­и ноҳияи Шаҳринав аз 18 адад компютер танҳо 5, №13 ва 46 бошад, ягон компютери коршоям дида нашуд. Исботи ин гуфтаҳо дар он аст, ки бархе аз хонандагони синфи 9­и муассисаи таълимии №11­и ноҳияи Шаҳринав дар компютер як ҷумлаи пурра навишта наметавонанд.
Натиҷаи иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои табиӣ­риёзӣ дар солҳои 2021-­2023 нишон дод, ки аз 1047 нафар иштирокчии даври ниҳоии олимпиада 332 нафар (31,7%) сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардиданд. Бояд қайд намуд, ки натиҷаи аз ҳама беҳтарро аз шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ба аст овардаанд. Мутаассифона, нишондоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа дар ҳолати паст қарор дорад. Аз ҷумлаи 110 нафар иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ ягон хонандаи шаҳр сазовори ҷойи I ва II нагардидааст. Масалан, дар соли 2021 аз шумораи 40 хонандаи даври ҷумҳуриявӣ 7 хонанда сазовори ҷойи III, соли 2022 аз шумораи 30 хонандаи даври ҷумҳуриявӣ 3 хонанда сазовори ҷойи III ва дар соли 2023 аз шумораи 40 хонандаи даври ҷумҳуриявӣ танҳо 1 хонанда сазовори ҷойи III гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли гузашта зиёд гардида бошад ҳам, мутаассифона, ишғоли ҷойҳои I, II ва III нисбат ба соли 2022 15 % рӯ ба коҳиш ниҳодааст.
Яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳи дониш, дастарасии хонандагон ба китобҳои дарсӣ мебошад. Санҷиш нишон дод, ки новобаста аз он ки китобҳои чопшуда сари вақт дастрас карда мешаванд, дар муассисаҳои таълимии санҷидашудаи ин шаҳру ноҳияҳо норасоии китобҳои дарсӣ дида мешавад.
Агар яке аз омилҳои норасоии китобҳои дарсӣ афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи хонандагон бошад, сабаби асосӣ нодуруст пешниҳод намудани дархости муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маориф мебошад.
Раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисорро зарур аст, ки дар асоси маълумотҳои болозикр ва камбудиҳои ошкоршуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ҷиҳати ислоҳи онҳо чораҳои судманд андешанд.
Ш. АСОМИДДИНЗОДА,
сардори раёсати
таҳсилоти миёнаи умумии
Вазорати маориф ва илм,
Э.САФАРЗОДА,
“Омӯзгор”