«ОМӮЗГОР» ЁВАРИ ОМӮЗГОРОН АСТ

Маълум, ки ҳар як омӯзгор барои мунтазам сайқал додану такмил бахшидани маҳорату малакааш ва мазмуну мундариҷаи дарсҳояш бояд, пеш аз ҳама, ба омӯзиши ҳамешагӣ ва такмили ихтисос машғул шавад. Омӯзгорон ба таври расмӣ ва ҳатмӣ асосан дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар минтақаҳо донишҳои тахассусии худро такмил мебахшанд. Илова бар ин, ҳамасола Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дастуру раҳнамо ва китобҳои зиёдеро ба чоп мерасонанд ва дастраси таълимгоҳҳо мегардонанд. Яке аз сарчашмаҳои муҳим барои мо­омӯзгорон дар самти омӯзиш ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба шумор меравад. «Омӯзгор» минбари аҳли маориф ва умуман, нашрияи бонуфузи зиёиёни мамлакат ба шумор меравад. Дар саҳифаҳои он мунтазам хабару мақолаҳо ва гузоришҳои гуногун ба чоп мерасанд. Мо, омӯзгорон, ҳар шумораи нашрияро бо таваҷҷуҳ ва диққати махсус ба даст мегирем, сафҳа ба сафҳа мутолиа мекунем. Набзи маорифи мамлакатро ба воситаи «Омӯзгор» эҳсос мекунем, аз навгониҳои соҳа огаҳӣ меёбем. Муҳимтар аз ҳама, як силсила навиштаҳои нашрия хусусияти дастурию методӣ доранд ва ба мо барои пурмазмуну пурсамартар баргузор кардани машғулиятҳоямон бо шогирдон мадад мерасонанд. Омӯзгори ҳар як фан барои худ ва вусъати фаъолияташ аз ҳафтанома мақолае дарёфт карда метавонад. Масалан, вобаста ба он, ки солҳои 2020­2040 дар кишварамон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон шудааст, ҳафтанома соли чорум аст, ки мақолаҳои дахлдору судманд чоп мекунад. Ин мақолаҳо ҳама як навъ замимаанд ба китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ. Вобаста ба онҳо омӯзгорони фанҳои дақиқ фаъолияти худро боз ҳам такмил медиҳанд, пурмаҳсул мекунанд. Барои тасдиқи ин гуфтаамон танҳо як далел меорем. Дар шумораи рақами 5­и «Омӯзгор» (аз 01.02.2024) мақолае бо номи «Таълими мавзуи «Қонунҳои Нютон оид ба ҳаракати ҷисм» оварда шудааст. Омӯзгоре аз ноҳияи Варзоб дар ин мақола тариқи хеле ҷолиби таълими мавзуи мазкурро шарҳ додааст, ки бисёр муфид мебошаду байни омӯзгорони физика як навъ табодули таҷрибаро ба миён меорад. Омӯзгор ба шарофати таҷрибаи чандинсолааш ба хулосае расидааст, ки ба шогирдон ҳар гуна мавзуи дар назар мураккабу душворҳазмро метавон ба тариқи содаю фаҳмо ва таъсирбахш таълим дод. Барои ин омӯзгор шеваи дарси худро бо хонандагони синфи 7 ба ҳампешагонаш тавзеҳ бахшидааст. Ҳамин гуна мақолаҳоро дар шумораҳои гуногуни «Омӯзгор» вобаста ба тарзу тариқи пурсамару шавқовари мавзуъҳои гуногун аз аксари фанҳо дучор омадан мумкин аст. Як қатор мақолаҳое, ки дар ҳафтанома чоп мешаванд, нақши дастур ё раҳнаморо барои роҳбарони синфҳо ва роҳбарони маҳфилҳо доранд. Чунончи, ҳар сол пас аз ироаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ зери унвони «Дар партави Паём» «Омӯзгор» силсилаи мақолаҳоро чоп мекунад, ки онҳо дар ташкили чорабиниҳои беруназсинфӣ ва ҳамоишу ҷаласаҳои мактабӣ ба масъулини таълимгоҳҳо ҳамчун манбаи ёвар хидмат мекунанд, боиси фарогиртару бештар пурмуҳтаво гардидани ҳамоишҳо мешаванд. Гурӯҳи дигари мақолаҳое, ки ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла, Наврӯзу Садаю Меҳргон чоп мешаванд, ҷашнвораҳои мактабиро тақвият мебахшанд, зеро омӯзгорони масъул дар таҳияи барномаи ҷашнвораҳо аз нишондоду далелҳои ин мақолаҳо васеъ истифода мебаранд. «Омӯзгор» барои омӯзгороне, ки ба эҷоди бадеӣ машғуланд, сафҳаи махсусе бо номи «Гулистони сухан» таъсис додааст, ки як навъ маҳфили ғоибонаи аҳли эҷодро мемонад. Нақши ин саҳифа дар дастгирии эҷодкорон ва равнақи истеъдоду маҳораташон хеле бузург аст.
Хоҳиши онро дорем, ки минбаъд масъулини ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба чопи мақолаҳои методӣ ва ташкили табодули афкор байни аҳли таълиму тарбия бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ба ифтихори Рӯзи матуботи тоҷик ба ҳамаи кормандони ҳафтанома сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин таманно дорем.
Ҳукмиддин НАҶМИДДИНОВ,
омӯзгори мактаби №20-и
ноҳияи Айнӣ