ТАВАҶҶУҲ БА ИЛМУ МАОРИФ МЕАФЗОЯД

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда, пешниҳоду ташаббусҳои онҳоро дар самтҳои мухталиф, хоса, дар самти илму маориф пайваста дастгирӣ менамояд. Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон (28.12.2023) таъкид намуданд: “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”.
Ҷавонон бояд аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама гуна хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардорони ин сарзамини куҳанбунёд, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Пешвои миллат дар Паёми навини худ бори дигар таъкид карданд, ки мактабу маориф дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақому манзалати омӯзгор самти аз ҳама афзалиятнок аст ва аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадбиру чорабиниҳои зиёдеро амалӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар Паём Пешвои миллат оид ба мақому мавқеи илм дар рушди ҷомеаву давлат иброз намуданд: “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”. Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ шудан, тибқи талаботи замон ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ тадбирҳои муассир андешем.
Имрӯз ҷавонони мо хуб дарк кардаанд, ки яке аз вазифаҳои умдаи онҳо дар ҷодаи таҳсил омӯхтану аз худ кардани илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ аст.
Ҳар як фарде, ки Ватани хешро дӯст медораду мехоҳад Тоҷикистони азизамон дар ҳама самтҳо рушд кунад, бояд ба илм рӯ орад, бештар фанҳои дақиқу табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳоро омӯзад. Агар мо тафаккури донишҷӯёну хонандагонро ба ҳамин самт равона созем, онҳо дар оянда мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат гардида, зиндагии шоиста касб мекунанд ва дар баробари ин, дар рушди Ватани азизамон саҳми сазовор мегузоранд.
Музаяна МУСТАФОЕВА,
мудири кафедраи фанҳои
ҷамъиятшиносии Коллеҷи
информатика ва техникаи
компютерии шаҳри Душанбе