ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ: ПЕШРАФТ ВА МУШКИЛОТ

Ҳафтаи сипаришуда гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм вазъи таълиму тарбия, иҷрои барномаҳои давлатӣ, таъминоти кадрӣ, китобҳои дарсӣ ва сатҳу сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди санҷиш қарор дод.
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 61 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор бо фарогирии 11346 нафар хонанда фаъолият менамоянд.
Тибқи талаботи банди 101 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори муассисаи таҳсилоти умумӣ тибқи шартнома ба муҳлати 5 сол (вале на зиёда аз 2 муҳлат) ба вазифа таъйин карда мешавад. Таъйин намудани директори муассисаи таҳсилоти умумӣ, ҷойивазкунӣ (ротатсия) ва аз вазифа озод намудани ӯ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Таҳлилҳо нишон дод, ки аз 61 директори муассисаи таълимӣ 10 нафарашон аз 6 то 10 сол дар ин вазифа фаъолият доранд.
Тибқи талаботи сархати 8, банди 93 Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва муовинони онҳо бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳа бошанд», вале талаботи банди мазкур дар ноҳия риоя нагардида, 2 нафар директори муассисаи таълимӣ бо собиқаи кории 3 ва 4 сол фаъолият менамоянд.
Зимни санҷиш маълум гардид, ки муассисаҳои таълимии ноҳия ба 14 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 8 омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ, 4 омӯзгори забони русӣ, 1 омӯзгори омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва 1 омӯзгори забони англисӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар баробари ин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 72 нафар омӯзгори ғайрифаннӣ ва 5 нафар ғайрисоҳавӣ фаъолият менамоянд.
Бо мақсади рушди низоми технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи технологияҳои таълимии муосир, усулҳои инноватсионии таълим ва ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз 1023 компютер 90 компютер корношоям, 58 тахтаи электронӣ, 99 видеопроектор ва аз 224 принтер 22 принтер (9,8%) корношоям мебошанд.
Соли таҳсили 2022-2023 синфи 9-ро 927 нафар (481 духтар) хатм намуда, таҳсилро 823 нафар (433 духтар) дар синфи 10 идома дода, 100 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шуданд.
Аз 839 нафар хатмкардаи синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 627 нафар (74,7%) аз қайд гузашта, 579 нафар (69%) ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд. Инчунин, 9 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии қудратӣ ва 1 нафар ба хориҷи кишвар ва 53 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хусусии тиббӣ дохил шудаанд, ки дар умум 84,8%-ро ташкил медиҳад.
Боиси нигаронист, ки хатмкунандагони 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз 28% то 51,7% ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дохил гардиданд, ки аз сатҳи ноҳия 25,7% паст мебошанд. Инчунин, 127 нафар (15,2%) хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар истеҳсолот машғули коранд.
Масъалаи дигаре, ки мавриди таҳлил қарор гирифт, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 215 252 нусха китоб мавҷуд мебошад, ки аз онҳо 186 602 нусха китоби дарсӣ ва 28 650 нусха китоби бадеӣ мебошад.
Ҳамзамон, муассисаҳои мазкур бо 6220 нусха китоби дарсӣ эҳтиёҷ доранд, ки аз фанни тарбияи ҷисмонӣ 4833 нусха, астрономия 1137 нусха ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ 250 нусха мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар назди 61 муассисаи таълимӣ 253 маҳфил бо фарогирии 3031 нафар ва 11 маҳфил дар назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия бо фарогирии 229 нафар хонанда фаъолият менамоянд.
Яке аз масъалаҳое, ки барои баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ва сатҳу сифати таҳсил кумак мерасонад, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон мебошад. Соли 2023 тибқи нақша 185 нафар аз курси такмили ихтисос гузаштанд, ки ин 102,2%-ро ташкил медиҳад.
Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда то ҳол ба Оинномаи муассиса тағйирот вобаста ба рӯзҳои таҳсил ва рейтинги муассисаҳои таълимӣ ворид карда нашудааст. Муассисаҳои мазкур нақшаи солонаи худро тасдиқ намуда бошанд ҳам, вале на ҳама паҳлуҳои самти соҳаи маориф ба назар гирифта шудааст.
Чунончи, дар муассисаҳои таълимии №№ 5, 21, 25, 31, 36 ва 47 “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ва “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” дар шурои педагогӣ ба нақша гирифта нашуда, мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.
Яке аз самтҳое, ки ба таъмини сифати таҳсилот таъсир мерасонад, тибқи талабот таҳия нагардидани ҷадвали дарсӣ мебошад. Бо сабаби дар ду муассисаи таълимӣ фаъолият намудани баъзе омӯзгорон талаботи таҳияи ҷадвали дарсӣ риоя намешавад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии №№ 20, 22, 49, 50 ва 52 фанҳои табиӣ-риёзӣ дар як рӯз ва фанҳои ҷомеашиносӣ дар дигар рӯз гузошта шудааст.
Иштирок ва таҳлили дарс, назорат ва арзёбии сатҳу сифати дониши хонандагон, расонидани ёрии методӣ, муносибати омӯзгор бо хонандагон, иҷрои барномаҳои таълимӣ, риояи самараноки вақт барои таъмини сифати таҳсилот заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Санҷиш нишон дод, ки директорони муассисаҳои таълимии №№3, 8, 9, 26, 28, 29, 36 ва 47 аз 4 то 20 соат ва муовинони директорони муассисаҳои таълимии №№5, 8, 9, 26, 47, 50, 51 ва 53 аз 3 то 21 соат дарсҳои омӯзгоронро таҳлил намудаанд, ки ин қонеъкунанда намебошад.
Дар муассисаҳои санҷидашуда вобаста ба фанҳои таълимӣ масъалаҳо оид ба сифати таҳсилот дар шурои педагогӣ баррасӣ мешаванд, аммо на дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ сифати таҳсилот аз рӯйи фанҳои таълимӣ муайян карда шудааст. Чунин ҳолат дар муассисаҳои таълимии №№ 21, 37, 47 ва 48 ба қайд гирифта шуда, дар муассисаҳои таълимии №№ 5, 15, 22, 23 ва 51 мониторинги сифати таҳсилот гузаронида шуда бошад ҳам, сифати таҳсилот баланд (то 62-70%) нишон дода шудааст.
Яке аз масъалаҳое, ки барои баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон кумак мерасонад, фаъолияти шурои методӣ ва иттиҳодияҳои методии фаннӣ мебошад. Аз ҷониби роҳбарони шуро ва иттиҳодияи методии фаннӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда бошад ҳам, на дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ протоколи ҷаласаҳои гузаронидашуда, маълумотнома оид ба иҷрои корҳо мавҷуд аст. Чунин ҳолат дар муассисаҳои таълимии №№ 4, 27, 31, 47, 50 ва 52 ба назар расид.
Ҳангоми таҳлили фаъолияти шурои методии муассисаҳо маълум шуд, ки фаъолияти шуро ва иттиҳодияҳои методӣ ба такмил ниёз доранд.
Дар муассисаҳои таълимии №№ 25, 37, 49 ва 52 риояи меъёри баҳогузорӣ ва мувофиқа бо рӯзномаҳои хонандагон зери таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар қисми зиёди муассисаҳои зикршуда баҳои журнали синфӣ бо рӯзнома мувофиқат намекунад.
Дар шурои педагогии ҳамаи муассисаҳои таълимии мавриди санҷиш қароргирифта фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар моҳи август масъалагузорӣ шуда, бо фармоиши директор гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот таъсис дода шудааст, аммо фаъолияти он тибқи талаботи Низомнома ба роҳ монда нашудааст.
Дар муассисаҳои таълимии №№ 1, 7, 15, 18 ва 40 маҳфилҳо оид ба китобхонӣ ташкил карда шудааст, ки хонандагон дар онҳо фаъолона иштирок менамоянд. Хангоми суҳбат муайян шуд, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ нисбат ба синфҳои 7-11 аз китоб-хона бештар истифода мебаранд.
Барои муайян намудани дониши воқеии хонандагон аз фанҳои таълимӣ бо хонандагони синфҳои 2 ва 11-и муассисаҳои таълимӣ саволу ҷавоби шифоҳӣ гузаронида шуд. Саволҳо фарогири талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳиссаҳои нутқ, садонокҳо ва ҳамсадоҳо, истифодаи аломатҳои китобат, асарҳои классикон ва шоирону нависандагони муосири тоҷик, қироати шеърҳо дар васфи забони модарӣ, Тоҷикистон, Ватан, Истиқлолият, аз ёд донистани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамонони Тоҷикистон, қаҳрамонони халқи тоҷик ва ғайраҳо буданд. Натиҷаи саволу ҷавоб нишон дод, ки дар ҳар синф шумораи ками хонандагон ба саволҳои пешниҳодшуда посухи муайян дода тавонистанд, инчунин, дар исботи фикру ақидаи хеш, ҳам аз лиҳози тарзи баёни фикру андеша ва ҳам аз нигоҳи пешниҳоди факту далелҳои муътамад ба душвориҳо дучор гардиданд. Теъдоди муайяни (3-4 нафар) хонандагони фаъоли ҳар як синфи муассисаҳои мавриди санҷиш қарордошта ба саволҳои пешниҳодшуда аз рӯйи мавзуъҳои гузашта (тибқи журнали синф) ҷавобҳои хешро бо далелҳо қисман пешниҳод карда тавонистанд ва нуқтаи назари хешро то андозае иброз намуданд. Дар ин маврид бештар хонандагони синфҳои ибтидоӣ фаъоланд. Илова бар ин, бо мақсади муайян кардани сатҳу сифати дониши воқеии хонандагон дар чанде аз синфҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мавриди санҷиш қарордоштаи ноҳия аз хонандагон корҳои санҷишии тестӣ гирифта шуд.
Дар хатми навишта изҳор доштанием, ки масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва директорони муассисаҳои таълимиро зарур аст, вобаста ба камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта нақшаи чорабиниҳо таҳия намоянд ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо тадбирҳои судманд андешанд.
Ш. АСОМИДДИНЗОДА,
сардори раёсати таҳсилоти
миёнаи умумии Вазорати
маориф ва илм,
Э. САФАРЗОДА,
“Омӯзгор”