ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОН ДАР PISA2025 – ВАСИЛАИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ МАОРИФ

Яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Шоистаи таъкид аст, ки арзёбии дастовардҳои таълимӣ неруи тақвиятбахшандаи фаъолияти таълим ва воситаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад. Яке аз самтҳои фаъолияти оинномавии марказ низ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои таҳқиқотии байналмилалӣ гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пажуҳишҳои миллӣ ва байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Дар “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” иштироки Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалии сифати таҳсилот (PISA, TIMSS, PIRLS ва ғайра) низ пешбинӣ гардидааст, ки PISA яке аз онҳост.
PISA чист? PISA (Programme for International Student Assessment) Барномаи арзёбии бай налмилалии хонандагон аст, ки онро Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (Organisation for Economic Cooperation and Development) сарпарастӣ мекунад. Он яке аз бонуфузтарину бузургтарин арзёбии байналмилалӣ дар бахши таҳсилот аст, ки аз соли 2000 ин тараф баргузор мешавад, аммо таҳияи методологияи он соли 1997 оғоз ёфтааст. Барнома феълан тақрибан 90 кишвари иштироккунандаро фаро мегирад. Таҳқиқот дар ҳар 3 сол як маротиба гузаронида мешавад. Он солҳои 2000, 2003, 2006, 2009, 2012, 2015, 2018 баргузор шуд, лекин соли 2021, бинобар пандемияи вируси куруно мавқуф ва пас аз 1 сол – соли 2022 гузаронида шуд, ки дар он 700 ҳазор хонандаи мактаб ширкат варзиданд. Давраи навбатӣ-ҷории озмоиш дар PISA соли 2025 аст.
Дар озмоиш (санҷиш)-ҳои PISA наврасони 15-16-сола (синнашон ҳангоми санҷиш на бештар аз 16 солу 2 моҳ бошад) иштирок мекунанд.
PISA санҷиши тестист, ки тавассути он дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон донишу саводи амалкардӣ (функсионалӣ)-и хонандагон ва қобилияти дар амал истифода кардани он арзёбӣ карда мешавад. Саводи амалкардӣ қобилияти дар ҳаёт татбиқ кардани дониш ва малакаю маҳоратҳои андӯхтаи муҳассилин дар мактаб аст. Ин дараҷаи маълумот (иттилоъ, дониш, огаҳӣ)-ест, ки дар давоми таҳсил ба даст оварда шуда, қобилияти ҳалли масъалаҳои ҳаётиро дар соҳаҳои гуногуни он пешбинӣ мекунад. Яъне, PISA на танҳо арзёбии дониши азхудкарда, инчунин арзёбии салоҳияти (малакаю маҳорату қобилияти) истифодаи дониш дар шароити наву гуногун ва ҳолатҳои воқеиро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳад.
Аҳаммият ва афзалияти PISA нисбат ба баъзе аз барномаҳои ҳаммаром бо он дар ин аст, ки дар он, аз як тараф, ҳадафи умдаи барнома муайянсозӣ бошад, ки хонандагон то кадом андоза донишҳои мактабиашонро амалан татбиқ карда метавонанд, аз ҷониби дигар, на танҳо донишҳои академӣ, балки донишҳои ғайриакадемӣ, чунончи, ба истилоҳ «маҳоратҳои нарм», аз қабили қобилияти муошират ва кор кардан дар гурӯҳ низ санҷида мешавад. Дар умум, ҳадафи PISA арзёбии омодагии хонандагони синфҳои болоӣ ба зиндагӣ, ба самтҳои мухталифи ҳаёт ва ба ин васила, муайян кардани самаранокии низоми таҳсилоти кунунии кишвари дар лоиҳа ширкаткунанда дар ташаккули неруи мактабиён аст.
Равишу услуби абзори озмоиши PISA аз дигар равишу низомҳои арзёбии феълӣ тафовутҳои дигарро низ дорост ва ин “фарқ”-ҳоро метавон муродиф бо “бартарӣ” донист:
Фарогирии густарда. Дар озмоиши PISA на 1 ё 2, балки кишварҳои зиёди дунё ширкат мекунанд.
Оянданигарӣ. Мактабиён дар озмоиш иштирок карда, худро муаррифӣ мекунанд: донишу лаёқату маҳораташонро нишон дода, шавқу ҳавасмандии худро барои идомаи таҳсил пас аз мактаб ва усулҳои гирифтани донишу малакаҳои иловагӣ маълум мекунанд.
Ҷиҳатгирии сиёсӣ, ки алоқамандии байни натиҷаҳои таҳсилотро бо маълумот дар бораи хонандагон, вазъи иҷтимоии онҳо ва монанди ин, ки метавонанд ба донишандӯзию малакаҳои мактабӣ таъсир расонанд, маълум мекунад ва мақомоти ваколатдори соҳа (мактабҳо, Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он, идораҳои дигари марбут ва ҳукумат) инро ба таври умумӣ ба эътибор гирифта, бо мурури замон соҳаро такмилу таҷдиду тасҳеҳу тақвият медиҳанд.
Муназзамӣ ва барномарезӣ (нақшабандӣ). Кишварҳои ширкаткунандаи озмоиш имкон доранд, ки пӯёӣ (динамика)-и муваффақиятҳоро аз ҷиҳати дастовардҳо дар соҳаи маориф назорат кунанд; дастовардҳои хонандагон ва муҳити омӯзишӣ дар кишварҳо/минтақаҳои гуногун байни ҳам муқоиса, стратегияҳо ва таҷрибаҳои пурсамар, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон истифода мешаванд, таҳлил ва меъёри байналмилалии натиҷаҳои омӯзиш ва нишондиҳандаҳо дар тули замон пайгирӣ карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Барномаи PISA иштирок мекунад. Татбиқи лоиҳаи навбатӣ – PISA 2025 бар зиммаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Азбаски марказ тамоми зарфияти кадрию технологию фаннӣ ва таҷрибаро дорад ва дар кишвар ниҳоди асосӣ дар бахши арзёбии сифати таҳсилот (на фақат таҳсилот) аст, масъули татбиқи лоиҳаи мазкур гардидааст. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестӣ Маркази миллии PISA-ро таъсис дод. Дар айни замон Маркази миллии PISA дар ҷараёни корҳои омодагӣ барои татбиқи арзёбии PISA қарор дорад.
Зимнан, бояд гуфт, ки марказ барои мусоидат дар ташаккули низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд ворид шудани он ба низоми байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот ва иштироки мамлакат дар пажуҳишҳои байналмилалӣ абзору равишҳои арзёбии ҳамсон ба PISA-ро озмоиш кардааст. Чунончи, абзори мониторинги дастовардҳои таълимию фаннии хонандагони синфҳои ибтидоӣ (SAM – School Achievements Monitoring) ро аз фанни математика, ки дар Федератсияи Россия таҳия гардидааст, марказ ба шароити Тоҷикистон мутобиқ сохта, дар давоми солҳои 2017-2019 дар байни хонандагони синфҳои 4-ум ва 5 уми баъзе аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ озмоиш кард. Марказ, инчунин, дар ин самт бо созмонҳои хориҷию байналмилалӣ – Бонки Ҷаҳонӣ, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Иттиҳоди Аврупо, Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Созмони олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GIZ), Фонди Тоҷикистонии Оғохон, Ассотсиатсияи байналмилалии арзёбии таҳсилот (IEA), Ассотсиатсияи арзёбии сифати таҳсилоти Авруосиё (ЕАОКО), Маркази ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди таҳсилот (CICED)-и Федератсияи Россия, Маркази тренингии Ака-демияи таҳсилоти Россия ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷумла, иштирок ва саҳми марказ дар татбиқи барнома ва лоиҳаҳои гуногуни байналмилалии “Хониши босифат”, “Ҳамроҳ бихонем” (USAID), “Ислоҳоти низоми таҳсилот дар Осиёи Марказӣ” (GIZ), “Абзори арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон (SAM)”-и Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба рушди маориф (CICED)-и Федератсияи Россия, “Арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон” (Иттиҳоди Аврупо)-ро метавон ном бурд.
21-уми сентябри соли 2023 марказ ба муносибати оғози кори PISA 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши хоссаро бо иштироки мушовир-кураторони барнома ва масъулон аз мақомоти дахлдор баргузор кард.
Дар PISA 2025 ҳамаи мактабҳои шаҳри Душанбе иштирок мекунанд. Соли 2024 таҳқиқоти озмоишӣ (таҷрибавӣ, пилотӣ) ва соли 2025 таҳқиқоти асосии PISA 2025 гузаронида мешавад. Дар он мактабҳо ва хонандагон дар асоси намунагирии табақабандишудаи муназзами (систематикӣ) тасодуфӣ интихоб карда хоҳанд шуд. Ин равиш дурустии намояндагии натиҷаҳоро барои ҳар як кишвар/минтақаи ширкаткунанда таъмин менамояд.
Дар PISA чӣ арзёбӣ мешавад? Арзёбӣ татбиқи амалии маълумот/донишу маҳорату малакаеро, ки мактабиён меомӯзанд, дар се самт фарогир аст:
Саводнокӣ аз хониш, ки хонанда то кадом андоза метавонад маълумотро дар матн дарк мекунад, дар бораи иттилооти гирифтааш мулоҳиза меронад ва оё хондан ба ӯ барои расидан ба ҳадафҳояш ёрӣ мерасонад; оё ӯ бо ҷомеа, бо атрофиён, бо ошною бегонагон муошират карда метавонад ё не ва агар кунад, ба кадом сатҳу равиш?
Саводнокии риёзӣ онро баҳо медиҳад, ки оё хонанда қобилияти фикрронии математикӣ, таҳия, шарҳ ва истифодаи математикаро барои ҳалли масъалаҳо на танҳо дар назария, балки дар ҳаёт низ дорад ё не? Ин нишондиҳандаи васеъ аст, ки тартиб, далелҳо ва истилоҳот, мафҳумҳо, воситаҳои шарҳ, тавсиф ва ҳатто пешгӯии падидаҳои алоҳидаро дар бар мегирад. Чунин саводнокӣ имкон медиҳад, ки нақши асосии илми риёзӣ дар ҳаёт фаҳмида, карорҳои дуруст кабул карда, тадбирҳои мантиқию самаровар андешида ва амалҳои мувофиқ ба иҷро расонида шавад.
Саводнокии улуми табиирометавон ҳамчун қобилияти шахс барои соҳиб шудан ба мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар илмҳои табиатшиносӣ, завқу рағбат доштан ба соҳаҳои табиатшиносӣ фаҳмид. Дар чунин арзёбӣ, ҳамзамон, муҳим аст, ки шахс падидаҳои табиӣ, далелҳо ва маълумотро дарк карда, шарҳ диҳад, мавқеъ ва назари худро дар баррасии проблемаҳои ҷаҳонӣ дошта бошад ва онро баён кардаву нишон дода тавонад.
Арзёбӣ дар PISA 2025 аз қисмҳои санҷиши тестӣ (бо давомнокии 2 соат) ва пурсиш (анкетирование) таркиб меёбад.
Абзори таҳқиқот аз 141 саволу масъалаи тест иборат аст:
— 47 саволу масъала барои муайянсозии дониш/саводи хондан;
— 40 саволу масъала барои муайян кардани дониш/саводи риёзӣ (математикӣ);
— 54 саволу масъала барои муайянсозии дониш/савод аз илмҳои табиӣ.
Дар саводи хондан 6 дараҷа муайян шудааст, ки дараҷаи 2-юми он асосӣ (заминавӣ) ба ҳисоб меравад.
Дар PISA ба арзёбии қобилияти умумитаълимӣ ва зеҳнии хонандагон диққати хос дода мешавад. PISA саволу масъалаҳои дараҷаи душвориашон гуногунро истифода мебарад, ки ба арзёбии салоҳиятҳои таълимӣ (малакаю маҳорат) нигаронида шудаанд.
Хонандагон пурсишномаеро (пурсишномаи варақӣ) низ пас аз иҷрои тест пур мекунанд. Аз рӯйи пурсишнома маълумот дар бораи хонандагон, шароити хона ва муҳити оилавии онҳо, муносибати хонандагон ба таҳсил ва таҷрибаи зиндагии онҳо ҷамъ оварда мешавад.
Дар озмоиш аз ҷониби директорони мактаб низ “Пурсишномаи мактаб” посухгирӣ карда мешавад (тақрибан дар давоми 60 дақиқа), ки он фарогири маълумот дар бораи замина ва захираҳои мактаб, муҳит, тахассуси омӯзгорон ва такмили ихтисоси онҳо, амалияи таълим, вақт ва барномаи таҳсил, инчунин, амалияи арзёбӣ ва таҳлил хоҳад буд.
Масъули раванди арзёбӣ – санҷишҳои тестӣ ва пурсиши хонандагон як ё якчанд маъмури тест ҳастанд, ки аз ҷониби Маркази миллии тестӣ таъйин мешаванд. Аз ҳар як мактаб барои робитаи ҳадафмандонаи байни марказ ва мактаб ҳамоҳангсоз барои кор дар озмоиш ҷалб карда мешавад.
Барои татбиқи PISA 2025 дар Тоҷикистон, тибқи нақша қарор аст, ки 22 юми апрел – 11-уми майи соли 2024 озмоиши воситаҳои арз ёбии PISA ва коркарди натиҷаҳо ба роҳ монда шавад. Соли 2025 таҳқиқоти асосӣ бо иштироки ҳамаи мактабҳои шаҳри Душанбе мегузарад. Соли 2026 таҳлили додаҳо (маълумот), омода намудани гузориш (ҳисобот) ва интишори натиҷаҳои PISA 2025 нақшарезӣ шудааст.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA барои арзёбии сифати таҳсилот дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самаранок ва механизмҳои институтсионалии арзёбӣ, ки дар “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” низ ин масъалаҳо мавриди эътибор аст, умуман, баланд бардоштани сифати таълиму тадрис ва беҳбудии он дар ҷанбаҳои гуногун мусоидат хоҳад кард. Натиҷагириҳо аз озмоиши PISA 2025 бо муайян кардани ҷиҳатҳои мусбату манфии соҳаи маорифу таҳсилот водор мекунад, ки ба кадом самт таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад; барои ёрӣ ба хонандагон, ки беҳтар омӯзанд, барои омӯзгорон, ки хубтар дарс диҳанд ва барои низоми мактабҳо, ки беҳтар кор кунанд, ба гунаи василаю дастур ва маҳаки созгор истифода мешавад.
Сабзалӣ ҶАЪФАРЗОДА,
директори Маркази миллии тестии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон