ҲАР КӢ ЗАБОНДОН АСТ, КОМЁБ АСТ

Забономӯзӣ дар таърихи халқи тоҷик аз аҳди бостон ибтидо мегираду ба марҳилаҳои гуногун мутааллиқ аст, вале маҳз дар замони мо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсус зоҳир гардид ва забономӯзию забондонӣ ба яке аз муҳимтарин омилҳои ҳаёту фаъолияти муваффақона ва ба талаботи ҷиддии маънавӣ табдил ёфт, хусусияти оммавӣ пайдо кард.
Имрӯз дар кишварамон барои омӯзиши тамоми забонҳои маъмулу байналмилалии ҷаҳон – русӣ, англисӣ, фаронсавию олмонӣ, чинӣ, арабӣ, кореягӣ… шароити соз гор фароҳам оварда шудааст. Мувофиқи барномаи таълимӣ дар тамоми мактабҳо забонҳои алоҳида дар сатҳи баланд омӯхта мешаванд. Барои ба кор қабул шудан дар аксар муассисаю коргоҳҳо барои мутахассисоне, ки дар баробари забони модарӣ, забонҳои хориҷиро низ медонанд, имтиёз муқаррар гардидааст. Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни аксар мулоқоту суханрониҳояшон аз ҷавонон даъват менамоянд, ки ду-се забони хориҷиро донанду омӯзанд. Ва таъкид мекунанд, ки «забондонӣ дар замони мо калиди дари комёбиҳост». Дар ҳақиқат, шахс ҳар қадар забондон бошад, ҳамон қадар имконияташ барои расидан ба муваффақиятҳо меафзояд. Дар аҳди мо яке аз паҳншудатарин забонҳои дунё забони англисӣ мебошад ва аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши ин забон бештар мавқеъ дорад. Вобаста ба ин, мехоҳем баъзе маълумоти аввалдараҷаро оид ба забони англисӣ ба қалам оварем, то мададе бошад барои омӯзгорони ин забони бонуфуз дар баргузории дарсҳо, машғулиятҳои беруназсинфӣ, ороиши гӯшаи «Забони англисӣ» ва такмили маводи ҳуҷраи мето-дии таълимгоҳ.
Забони англисӣ ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил мешавад. Барои беш аз 385 млн нафар забони модарӣ маҳсуб меёбад. Дар маҷмуъ, бо ин забон дар тамоми дунё 1,3 млрд нафар (ҳамчун забони дуюм пас аз забони модарӣ) гуфтугӯ мекунанд. Забони англисӣ дар қатори шаш забони расмӣ ва коргузорӣ дар Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад. Дар 54 кишвари олам забони расмӣ (дар баробари забони давлатии ин кишварҳо) эътироф гардидааст. Забони англисӣ хусусияти аналитикӣ дорад ва дар он воситаҳои асосии ифодаи муносибатҳои дастурӣ (грамматикӣ) калимаҳои ёридиҳанда (пешояндҳо, вожаҳои ёвар) ва таркиби калимаҳо дар ҷумла мебошанд. Шаклҳои аналитикӣ барои ташаккули баъзе шаклҳои замонӣ, дараҷаи қиёсии сифатҳо хидмат мекунанд. Муносибатҳои ҳолатӣ (падежҳо) мувофиқи мавқеи калимаҳо дар ҷумла ва таркибҳои пешояндӣ ифода меёбанд. Беш аз 50 дарсади таркиби луғавии забони англисиро калимаҳои иқтибосӣ (аз ҷумла, забонҳои фаронсавӣ, лотинӣ, италиявӣ, испанӣ…) ташкил медиҳанд. Дар ин забон ҳузури калимаҳои тоҷикӣ (форсӣ) ҳам ба мушоҳида мерасад. Ба воситаи тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём калимаҳои тоҷикии бода, май, соқӣ, кӯза, мушк… дар забони англисӣ мавқеъ ёфтаанд. Дар навбати худ баъзе калимаҳо аз забони мазкур дар забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бояд таъкид кард, ки забони адабии англисӣ дар асоси шеваи гуфтор дар Лондон (Британияи Кабир) ташаккул ёфтааст ва оғози ин раванд ба асрҳои 13-14 рост меояд. Забони англисӣ чун аксар забонҳои олам шеваю лаҳҷаҳои зиёдеро дорост, ки баъзан тафовут байни онҳо хеле чашмрас аст. Дар ин забон ҳодисаи ба тарзи талаффуз мувофиқат накардани навишт мавқеъ дорад. Хат ва осори хаттӣ дар забони англисӣ дар асрҳои 7-8 падид омадаанд. Дар оғоз аз хатти римӣ истифода мешуд.
Эронгул МИРЗОБЕКОВА,
омӯзгори забони англисии
мактаби №54-и ноҳияи Рӯдакӣ