НЕРУИ ҲИДОЯТГАР

Аз аҳди бостон таълиму тарбия дар маркази таваҷҷуҳи донишварону пажуҳишгарон қарор доштааст. Аҳли хирад батакрор таъкид кардаанд, ки бидуни таълиму тарбия ҷомеа ҳаргиз пешрав нахоҳад буд, ояндаи ҳар миллату ҳар кишвареро маҳз сатҳу мазмуну муҳтавои таълиму тарбия муайян месозад. Дар арсаи таърих он мамлакате ба комёбӣ расидааст, ки ба ин масъала диққати ҳамешагӣ зоҳир кардааст.
Донишмандони аҳди қадим Афлотуну Арасту, пеш аз ҳама, ба ақоиду таълимоти педагогии худ вобаста ба таълиму тарбия мақому мартабаи баланд ва обрую эҳтироми зиёд пайдо кардаанд. Маъхазҳои бостонии маънавии халқи тоҷик (аҳди тоисломӣ) ифодагари махсусиятҳои асосии таълиму тарбия мебошанд.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии осори сардафтари адабиёти тоҷик, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ боз ҳам ба тарбия иртибот дорад. Ақидаҳои тарбиявии шоир, ки дар шакли панду ҳикмат тарҳрезию ифода шудаанд, садсолаҳост, ки инсонҳоро ба накукорию ҷавонмардӣ, ба дӯстию рафоқат ва ба ҳаёти осоиштаву пурнишот ҳидоят мекунанд. Адибону мутафаккирони баъдии тоҷик низ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ зоҳир кардаю таълимоти тарбиявии пурарзишу судманде таълиф кардаанд. Дар ин миён ҳатмист, ки аз шоҳасарҳои Саъдии Шерозӣ «Гулистон» ва «Бӯстон» ёдовар шавем. Ин ду асари безаволро метавон ҳамчун китобҳои дарсӣ дар бахши таълиму тарбия муаррифӣ кард. Онҳо дар дарозои асрҳо ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанду оламиёнро ба одоби ҳамида доштан, аз таълим бархурдор гаштан ҳидоят менамоянд. Дар марҳалаҳои минбаъдаи таърих низ дар саросари дунё аҳли адаб таълиму тарбияро самту ҳадафи асосии эҷодиёти худ донистаанд Яке аз бузургтарин адибони ҷаҳон Лев Толстой илова бар он, ки осори адабиаш моломол аз ақоиди тарбиявист, ба навиштани асарҳои дидактикӣ даст зада, чанд дастури таълимӣ низ иншо намудааст. Ҳикоятҳои хурд-хурди тарбиявию ҳикматбори ин нависандаи ҷаҳоншумул ба таври хеле муассир хонандагонро ба роҳи рост, ба хушатворию накурафторӣ даъват менамоянд. Нависандаи машҳури тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ низ таълиму тарбияро аз муҳимтарин рисолатҳои адабиёти бадеӣ дониста, дар осори барҷастааш ба ин масъала диққати ҳамешагӣ додааст.
Устод, ҳамчунин, худ дастури таълимию тарбиявие навишта («Таҳзиб-ус-сибён»), дар таҳияи аввалин китобҳои дарсии даврони пас аз Инқилоб фаъолона ширкат варзидааст. Дар адабиёти муосири тоҷик ҳам таълиму тарбия аз мавзуъҳои умдатарин маҳсуб мешавад. Омӯзгорони тоҷик дар ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас, дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ аз осори адибону мутафаккирон ба таври васеъ ва пурсамар истифода мебаранд.
Ба ин руҷуи мухтасар ва андешаҳо маро муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023) водор кард. Дар ин Паём низ чун дар Паёмҳои пешин Пешвои миллат ба масоили мактабу маориф ва таълиму тарбия бештар дахл намуда, мулоҳизаҳои пурарзиш ва дилсӯзона иброз доштанд ва ба ниҳодҳои дахлдор дастурҳои муфид доданд. Ба таъкиди Сарвари кишвар, тарбияи дурусту босамари насли наврас омили асосии фардои боз ҳам шукуфои мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бояд сатҳи таълиму тарбияро дар тамоми зинаҳои таҳсилот мунтазам боло бурд ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кард. Вобаста ба ин, дар назди омӯзгорон ва умуман, аҳли маориф вазифаҳои хеле ҷиддию масъулиятбор қарор доранд. Омӯзгори муосир бояд фаъол, пурмутолиаю эҷодкор ва донандаи мумтози технологияҳои таълимии замон бошад, пайваста ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ машғул шавад, бо ҳамкорон робитаи доимии эҷодӣ ба роҳ монад. Ин мазмун дар Паём ба таври зер ироа гардид: «Бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».
Дар Паём зарур дониста шуд, ки барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда, иҷрои он дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Воқеан, татбиқи босамари ин лоиҳа омили дигаре дар пешрафти соҳаи маорифи кишвар ва таҳкимбахши дигари сатҳи таълиму тарбия хоҳад шуд.
Ситора ПАЛЛАЕВА,
мудири кафедраи методикаи таълими фан
дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумии
филиали ДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе