ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТ МЕБОЯД

Вобаста ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои acосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» андешаҳои намояндагони соҳаи маорифро ба таври фишурда пешкаши хонандагон мегардонем.
Сафарбек Каримов, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф:
-Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба масоили беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии муҳассилини муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ зоҳир гардид.
Омӯзгорону устодон ва кормандони донишкадаи мо баҳри созгор ба талаби замони муосир ба роҳ мондани машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос тадбирҳои зиёд меандешанд. Сатҳу сифати машғулиятҳо бо шунавандагон бо истифода аз технологияи навини инноватсионӣ, дастуру барномаҳои ҷадиди пурмуҳтаво аз ҷониби устодону профессорон хеле беҳтар гардидааст. Неруи илмии муассиса низ қавӣ буда, тибқи нақша Шурои илмӣ баргузор мегардад ва корҳои илмию назариявии кормандони донишкада, ки бевосита ба мактаб ва роҳу усулҳои навини таълим бахшида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар донишкада, инчунин, Шурои муҳаққиқони ҷавон амал мекунад. Заминаи моддӣ-техникии донишкада мустаҳкам гардида, китобхонаи замонавӣ дар ихтиёри шунавандагон қарор дорад.
Нуриддин Бозоров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор:
— Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ рушди сармояи инсониро омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои илму маориф ҳисобиданд. Замони муосир дар назди устодону донишмандон ва омӯзгорони донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои нав ва ҳаллашон заруру оҷилиро мегузорад, ки ишораву таъкидҳои Пешвои миллат маҳз ба ҳамин мушкилот нигаронида шудаанд. Имрӯз бояд муносибатро ба таълим куллан тағйир дод. Муҳим миқдор не, сифат бояд бошад. Ҳамасола факултетҳои донишгоҳу донишкадаҳоро донишҷӯёни зиёде аз рӯйи ихтисосҳои гуногун хатм мекунанд. Аммо сатҳи дониши хатмкунандагон ҳанӯз посухгӯ ба талаби замон нест. Ҳоло мутахассисони соҳибтафаккуру интеллектуал дар бахши рӯзноманигорӣ, пажуҳишу корҳои илмӣ, техникаву технология, тиб ва амсоли инҳо барои рушду пешрафти ҷомеа хеле зарур мебошанд.
Қудратулло Тошев, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №73-и ноҳияи Рӯдакӣ:
-Барои мо, омӯзгорони деҳот, он нукта хушҳолкунанда мебошад, ки бо ибтикори Президенти кишвар (тавре ки дар Паём таъкид шуд) музди меҳнатамон ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд. Ин омил моро водор мекунад, ки аз рӯйи виҷдон, бо меҳнати ҳалол дар беҳтару самаровар гардидани сатҳу сифати донишазхудкунии шогирдон кӯшиш ба харҷ дода, усулу шеваҳои наву ҷолиб ва шавқовари тадрисро корбаст намоем. Дар ин бобат, ба худомӯзӣ машғул гардидани омӯзгорон, баланд бардоштани савияи касбии худ, истифода аз технологияи замонавӣ, ба хусус, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ хеле муҳим мебошад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани донишҳои замонавӣ аз фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, ба мутолиаи осори бадеӣ бештару беҳтар фаро гирифта шудани насли наврас маҳз аз заҳмату ранҷи рӯзафзуни омӯзгорону устодон вобаста аст.
Фахриддин Шарифов, омӯзгори МТМУ №29-и ноҳияи Рашт:
-Яке аз тадбирҳои судманд дар Паём Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 маҳсуб меёбад.
Донистани ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ аз ҷониби ҳар як сокини кишвар, новобаста аз кадом қишри ҷомеа будану ба кадом касбу пеша машғул гардидани он ва риояи қонуният бағоят муҳим буда, дар рушду таҳаввули маърифати ҳуқуқии мардум нақши босазо мегузорад. Маълум аст, ки теъдоди зиёди қонуншиканию даст ба ҳаракатҳои ҷиноятӣ ва амалҳои авбошона задани афроди алоҳида, ба хусус, наврасону ҷавонон аз надонистану огаҳӣ надоштан аз асноду меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки қонунгузории мамлакат муайян намудааст, зуҳур мекунад.
Аз ин рӯ, омӯзгорони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар машғулиятҳои тарбиявии худ бештар атрофи ин мавзуъ баҳс ороянд.
Х. Ғиёспур, омӯзгор, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин:
— Дар Паём нақшу саҳми ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сохтмону саноат, кишоварзӣ, маорифу илм, тандурустӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, фарҳангу варзиш ва монанди инҳо ба таври махсус зикр ва таъкид гардид. Ҳамзамон, тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони варзидаи соҳиблаёқату кӯшо дар ҳама соҳаҳо, ки бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳанд, барои таъмину рушди мамлакат аз вазифаҳои аввалиндараҷа шумурда шуд. Дар воқеъ, бо дастури Пешвои миллат ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба ташаккулу такомули сатҳи маънавии насли наврас ва ҷавонон мусоидат намуда, барои дарёфти истеъдодҳои нав замина мегузорад.
Таҳияи
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»