ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ — ЗАМИНАИ ИНТИХОБИ КАСБ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати таърихӣ ва ҳидояткунанда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба шумор меравад. Дар он ташаккули марҳалаҳои таърихи миллат ва давлатдории миллӣ, худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва вазифаҳо барои минбаъд равшан ифода гардидааст.
Яке аз самтҳои асосӣ ва муҳимме, ки дар Паём ҳамасола аз ҷониби Президенти кишварамон таваҷҷуҳ мегардад, соҳаи маориф ва илм мебошад. Ин аз сиёсати маорфпарваронаи Пешвои миллатамон шаҳодат медиҳад.
Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат соҳаҳои маориф ва илм ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардид. Сохта ба истифода додани муассисаҳои наву замонавӣ, таҳия ва таҷдиди назар намудани китобҳои дарсӣ, дастовардҳои хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷалб ва иштироки хонандагон ва умуман, тамоми қишри ҷомеа ба китобхонӣ ва иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯз аз рӯз баланд гаштани нуфузи омӯзгор дар ҷомеа шаҳодати ин гуфтаҳост.
Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат садо дод, рушди таҳсилоти иловагӣ мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи насли нави дорои ахлоқи баланд, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобиданд.
Тавре ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» омадааст, таҳсилоти иловагӣ ҳамчун низоми таълиму тарбия муайян гардидааст, ки дар асоси барномаҳои таълимии иловагӣ амалӣ мешавад.
Яъне, инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди таълимгирандагон, қонеъ гардонидани майлу рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва гирифтани касб ҳангоми фориғ будан аз таълим мақсади асосии таҳсилоти иловагӣ ба шумор меравад.
Сол аз сол таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба рушди таҳсилоти иловагӣ бештар шуда истодааст. Сохтмони бинои нави муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар соли 2022 ва ба истифода додани бинои нави муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ (Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон)-и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2023 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мисол шуда метавонад.
Таҳсилоти иловагӣ дар баробари дигар самтҳои таҳсилот яке аз самтҳои асосии соҳаи маориф ва илм ба шумор рафта, таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумии таълимгирандагонро пурра гардонида, барои интихоби касби хонандагон замина мегузорад.
Кӯдакону наврасон дар вақтҳои холӣ, ҳангоми фориғ будан аз дарс ба омӯзиши машғулиятҳои иловагӣ ё худ касбу ҳунаромӯзӣ машғул мешаванд, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кӯмак мерасонад.
Дар робита ба ин, дар 2798 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 37085 маҳфили фаннӣ ва касбомӯзӣ ташкил гардид, ки дар онҳо 382897 нафар хонанда ба машғулиятҳои иловагӣ ҷалб карда шуданд, ки 17%-ро аз шумораи умумии хонандагон ташкил медиҳад.
Инсоният танҳо бо шарофати илму дониш, таҷриба, хираду ҳувият ва ҳунар метавонад ба мақоми баланд бирасад. Аммо насли ҷавону наврасро роҳнамо мебояд буд. Ин нукта яке аз ҳадафҳои асосии истиқлолияти миллист, ки самараи хуб ба бор овардааст. Муассисаи давлатии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз пояҳои устувор ва мустаҳками илму дониш ва касбу ҳунар дар мамлакат ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, моро зарур аст, якҷо бо падару модарон барои таълиму тарбия насли наврас камари ҳиммат баста, фарзандонро дар руҳияи ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва илму маърифтандӯзӣ ба камол расонем, зеро ояндаи давлат аз тарбияи дурусти кӯдакону наврасони ҷомеа вобастагӣ дорад.
Муяссара ДАВЛАТЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои
таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм