Дар назди кормандони соҳаи маориф имрӯз вазифаҳои ниҳоят муҳим, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замон, инчунин, ба шароити замона мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таълим дар ҳама муассисаҳои соҳа қарор дорад. Чунонки Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Вақти он расидааст, ки аз нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба сифат гузарем”.
Мактабу маориф аз рукнҳои асосии ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад, ки омили калидии он дар вуҷуди башарият ҷой додани маърифату инсоншиносӣ, дӯстӣ, муҳаббат, якдилӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Маҳз тавассути мактабу маориф мо метавонем, ки давлату миллатро пойдору устувор, оромию осудагӣ ва истиқлолу ваҳдаташро побарҷо нигоҳ дорем.
Баланд бардоштани таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар сиёсати Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шудааст. Дар моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ба таҳсил кафолат дода шудааст.
Тӯли солҳои охир пешрафти илм, ки яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин замина беҳбуд бахшидани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, барои таҷдиду такомул ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаи илм такони ҷиддие бахшид.
Роҳбари давлат зимни аксар суханрониҳояшон ба масъалаҳои вазъи имрӯзаи илм, ташкил ва идораи он, дастовардҳои илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, равияҳои таҳқиқот ва ҳамоҳангсозии онҳо, густариши таҳқиқоти илмӣ вобаста ба истифодаи захираҳои табиии мамлакат дар асоси дастовардҳои илмӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияҳои нав, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ, табиию риёзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар назди кормандони илму маориф вазифаҳои мушаххас пеш мегузоранд.
Дар ҳақиқат, ҷойгоҳи маориф дар сиёсати Пешвои миллат чун ҷавҳари таҳкими аркони давлат ва рушду нигаҳбони миллат маҳсуб меёбад. Мактаби миллии муосири тоҷикӣ ба ҳама хосту ормонҳои муҳассилини тоҷик ҷавобгӯ аст ва барои тай намудани қуллаҳои мақсад сафинаест пурқувват дар муқобили талотуми баҳри ҳаводиси олам. Мо — устодон ва омӯзгоронро мебояд, ки дар тарбия намудани насли наврасу ҷавон ҳамаи неруи зеҳнии хешро сафарбар намоем, то дар зиндагӣ онҳо муваффақу босаодат бошанд.
Президенти кишвар дар тамоми суҳбату вохӯрӣ ва мулоқотҳои худ бо аҳли ҷомеа маорифчиёни кишварро дар таҳкими дастоварду музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ қувваи пешбаранда меҳисобанд ва эътимод доранд, ки «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад».
Дар сиёсати Пешвои миллат соҳаи маориф таҳти парчами ормони халқи тоҷик рушд карда, симои хешро куллан тағйир додааст ва ба низоми муайян даромада, ба дастовардҳои назаррас ва муҳим ноил гардидааст. Ин ҳама аз баракати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар ва заҳматҳои аҳли маорифу шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳалаи сарнавиштсози таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Шех ҶӮРАБЕКОВ,
омӯзгори физикаи МТМУ №2-и
ноҳияи Сангвор