ЗИНДАГӢ, ГАР УСТОДИ МО ТУӢ…

Муносибати босалоҳият дар таълим имрӯз мавзуи ҳамешагии гуфтугӯ миёни аҳли маориф аст. Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, иброз намуданд, ки «авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд». Воқеан, низоми таълими анъанавӣ, ки дар замони худ рисолати барҷастаеро ба ҷо оварда буд, ба талаботи асри навин ҷавобгӯ нест.
Зиндагӣ дар ҳамаи давру замонҳо маҷмуи қоидаҳоест, ки одамӣ бояд ба онҳо мутобиқ бошад, то ки инсонвор зиндагӣ намояд. Оид ба фалсафаи ҳастӣ ҳамеша мутафаккирону олимон фарзияҳо пешниҳод мекарданд. Дар умум, асоси ҳамаи тавфиқу пешравӣ ва тавоноии инсон пеши ҳодисаҳои зиндагӣ ба дониш, маҳорату малака, ақидаи солим, соҳиби тафаккури таҳлилӣ будан вобаста будааст.
Олими рус Ф.Р.Бикбаева дар китоби «Бемориҳои дилу рагҳо» менависад: «Вақте шунавандаи (хонандаи) фаъол даст мебардорад, майнаи ӯ фаъолтар ба кор медарояд» (ишора ба фаъолнокии хонанда дар рафти таълим). Олими иқтисодчӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов А. А. Аузан дар китоби «Иқтисоди институтсионалӣ барои навомӯзон» қайд мекунад: «Ниҳод (институт), ишора ба зиндагӣ, ин қавоиду тартиб, роҳу усулҳо, воситаҳо, меъёрҳои рафторӣ ва ҳамкории одамонанд. Қавоид намунаи рафтори дурусти инсонҳост. Дунё маҷмуи одамони ба истилоҳ, «ноогоҳу тасодуфиест», ки ҳамеша дар талоши дарёфти роҳи дурусти зиндагиянд. Зумрае аз ашхосро «homo economikus» меноманд, ки қобилияти таҳлили амиқи масъалаҳоро надоранд, аз ин рӯ, ҳатто ба нархи супермаркетҳо иддао карда наметавонанд».
Назариётчии ғарбӣ Ҷорҷ Аперлоф дар низоми олами тиҷорат модели «Бозори лиму»-ро пешниҳод кардааст: «Лиму» мошинҳои бесифате мебошанд, ки дар Амрико ҳама зоҳиран зебою арзандаанд ва аз харидор интихоби дуруст ва бе каму кост мехоҳанд.
Агар инсон меъёрро дарёфта тавонад, узви ҷомеа, яъне инсон аст, агар не, он ба асбобе шабоҳат меёбад, ки онро ҳама истифода мебаранд.
Ба ҳамин монанд, назариётчӣ Том Шрайтер дар асари худ «Забони махфии ҷазбиятҳо» типи гуногуни шахсиятҳо, Брайан Трейси дар китобаш «Парҳезгориро вогузоред, қурбоққаро қурт диҳед» дар хусуси инсони комилу инкишофёбанда, Флоренс Шан «Чӣ тавр дар 7 рӯз ҳаёти худро тағйир бояд дод?» назарияи бозии зиндагӣ ва чӣ тавр онро бояд бозид, пешниҳод намуданд. Ба андешаи мутафаккир Сенека, «Чаро инсон ба дунё омадааст ва чӣ мехоҳад?».
Ҳамаи ин назарияву фарзияҳо воқеияти ҳаётии давру замонҳоро инъикос менамоянд ва қувваи ҳаракатдиҳандаи низоми маорифи олам мебошанд. Дур намеравем, ҳатто назарияи инсони комил дар адабиёти классикии тоҷик, амиқтар назар андозем, аз «Авес то» сарчашма мегирад. Консепсияи инсони чолоку чораандеш дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ хеле барҷаста ба назар мерасад. Гуфтаҳои боло аз ҷумлаи он манбаъҳое мебошанд, ки муносибати босалоҳият дар таълим аз онҳо сарчашма мегирад.
«Низоми нави маориф — гуфта мешавад дар «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» — мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба хонандагон имконияти аз худ намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди қабули масъулиятноки қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомӯзӣ дар давоми ҳаёт, салоҳияти алоқадорӣ, тайёрии касбӣ, эҳтиёҷоти бозори меҳнат, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои шаҳрвандӣ таъмин намояд». Ин аз омӯзгорони ҳамаи муассисаҳои таҳсилотӣ масъулиятшиносию дуруст ба роҳ мондани таълими салоҳиятнокро тақозо мекунад.
Аммо тавре ки мушоҳида мешавад, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аксарият он салоҳиятҳоеро, ки номбар шудаанд ва мебояду мешояд, надоранд. Ин равиши касбомӯзониро дар муассисаҳои касбии ибтидоӣ, миёна ва олӣ то дараҷае суст мегардонад.
Аз ин рӯ, басо бамаврид мебуд, агар дар давоми таътилҳои зимистонаю тобистона омӯзгорон ба омӯзиши ҳатмӣ ва амиқи таълими салоҳиятнок фаро гирифта шаванд.
Шехмирзо РАҶАБӢ,
сармуаллими Коллеҷи
омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ