ҶОЙГОҲИ ТАРБИЯ ДАР КИТОБҲОИ ДАРСӢ

18 ноябри соли 2023 барномаи «Поле чудес»-ро аз Маскав тамошо мекардам. Баранда кӯдакеро наздаш хонд.
— Дар синфи чанд мехонед?
— Дар синфи 3.
— Мактаб ҷойи хуб аст ё бад?
— Бад, хеле бад.
— Агар шумо калон шаведу хонед ва дар ҳамин мактаб директор шавед, барои такмили фаъолияти мактаб кадом корҳоро анҷом медиҳед?
— Пеш аз ҳама, математикаро аз мактаб «мерондам».
Худоё, ҳуш аз сарам парид. Математика яке аз фанҳои шавқовару судманд аст. Пас, чаро кӯдак то ин андоза дилбазан шудааст?
Бо ҳамин мақсад 20 китоби дарсиро аз диди тарбия таҳлил намудам. Чаро аз диди тарбия? Барои он ки дар назарияи педагогика тарбия мавқеи аввалро ишғол менамояд. Беҳуда яке аз асосгузорони назарияи педагогика И.Песталотси нагуфта: «Тарбия ва боз ҳам тарбия – ин аст мақсади мактаб». Аз байн 400 сол гузашта бошад ҳам, ин ҳикмат аҳамияташро гум накардааст. Баръакс, бо мурури замон дар натиҷаи рӯйи кор омадани зиддиятҳо ва бархӯрди назарияҳо тарбия мавқеяшро мустаҳкам кардааст. Саъдии бузургвор, ки як аср пеш аз Пес талотси умр ба сар бурдааст, таъкид карда буд:
Одамиро ки тарбият накунанд,
То ба садсолагӣ харе бошад.
Ҷой ва макони тарбия пас аз хонаводаю муҳит мактаб аст. Агар хонанда ин тавр посух гӯяд, ба ин танҳо муаллим ва таълими математика дар мактаб гунаҳкор аст. Муаллим, аз афташ, ихтисоси касбӣ надорад. Вай аз усул, тарзу воситаҳои таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ бехабар аст. Математикаро бо ҳаёт, бо зиндагии ҳаррӯзаи талабаҳо алоқаманд карда наметавонад.
Худи муаллифони китобҳои дарсӣ, аз ҷумла, китоби дарсии «Математика» дар синфи 3 низ бегуноҳ нестанд. Онҳо ба таълим каму беш аҳамият дода, ҷойгоҳи тарбияро дар китоб фаромӯш кардаанд. Дар натиҷаи баррасии китобҳои дарсӣ маълум гардид, ки панди дидактикии бузургон оид ба «тарбия ва боз ҳам тарбия, ин аст, мақсади мактаб» кайҳо фаромӯш шудааст. Ҳол он ки Инсон бо тамоми бузургиаш маҳсули тарбия аст.
Муҳаммад Иқбол мефармояд:
Бартар аз гардун мақоми Одам аст,
Асли тазҳиб эҳтироми Одам аст.
«Эҳтироми Одам» пас аз хонаводаю муҳит асосан дар мактаб сурат мегирад. Шояд барои ҳамин аст, ки устод Садриддин Айнӣ мефармоянд:
Бемактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб.
Тарбия дар тамоми китобҳои дарсӣ дар се маврид таъкид карда мешавад: 1) дар муқаддима ё пешгуфтор; 2) дар матн; 3) дар саволу супоришҳо.
Ин дархости умумӣ дар баъзе китобҳои дарсӣ, масалан, силсилаи китобҳои табиию риёзӣ аксаран ба назар гирифта нашудааст. Дар ин мавридҳо муаллимро зарур аст, ки эҷодкорона амал намуда, хулосаҳои тарбиятӣ барорад. Минбаъд ин корро худи талабаҳо давом медиҳанд. Масалан, дар «Математика» барои синфи 6, саҳ.116 масъалаи зерин оварда шудааст: «Барои ба девори хона часпондани коғази гулдор 96 коғази бараш 0,5 лозим буд. Агар бари коғаз 0,4 мебуд, барои девори ҳамон хона чӣ қадар коғаз сарф мешуд? Чӣ тавре мебинем, дар ин масъала мавзуи коғаз ба миён гузошта шудааст. Як силсила корҳои дигар (интихоби коғаз, омода намудани ширеш, часпондан, минбаъд тоза ва озода нигоҳ доштан), ки марбут ба тарбия мебошанд, дар канор мондаанд. Ин корҳоро минбаъд муаллим таъкид мекунад.
Аз маврид истифода бурда ба китоби дарсии «Ботаника» барои синфи 6 муроҷиат менамоем. Муаллифон қайд мекунанд, ки «дар рӯи замин… тақрибан 270 ҳазор намуди растаниҳои гулдор ё пӯшидатухм мавҷуд аст». «Зиёда аз 267 намуди растаниҳо… ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил шудаанд» (саҳ.5). Махсусан, оид ба арча маълумоти зерин пешниҳод гардидааст: «1.Барги арча чӣ гуна сохт дорад? 2.Дар Тоҷикистон кадом намудҳои арча мерӯянд? 3.Барои сабзиши муътадили арча чӣ гуна шароитҳо ҳатман заруранд?»
Саволҳо хубанд, вале ягонтои онҳо ба тарбия нигаронида нашудааст, ҳол он ки омили асосии сабзиши арча дар ду тарафи роҳ ва дигар ҷойҳо нигоҳубин ва тарбия аст.
Дар силсилаи китобҳои дарсӣ китоби «Нақшакашӣ» бобати тарбияи фикр ҷойи махсусро ишғол менамояд. Хуб аст, ки муаллифон нақшакаширо «тарзи ниҳоят муҷази афкори техникӣ» номида, ҳатто аз Абдураҳмони Ҷомӣ мисол меоранд:
Ба тарроҳӣ чу фикр оғоз кардӣ,
Ҳазорон тарзи зебо соз кардӣ.
Вале муаллифон чанд саволи таълимӣ гузошта, боре ҳам таъкид намекунанд, ки донистани нақша дар тарбияи фикр чӣ аҳамият дорад: ҳар гуна нақшаю машқҳои пешакӣ тамрини фикр аст. Ба таври дигар ифода намоем, ҳар гуна нек пиндоштану нек гуфтану нек амал кардан фарҳанги тарбия аст. Фарҳанги тарбия, ки ба воситаи сухан ифода меёбад, дар дастаҷамъии он аст. Ишораи бузургвор Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳамин маънист:
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
Ба ин тариқ, фарҳанги тарбия на дар он аст, ки муаллим:
— тасма нишон медиҳад;
— назди директор мебарад;
— шаппотӣ мезанад;
— гӯши кӯдакро мекашад;
— чанд дақиқа назди тахтаи сиёҳ рост мемонад;
— ҷабр мекунад, балки дар сухани нарму мулоим, табассум, пешонии боз аст, ки муаллимони пуртаҷриба, соҳибмаърифат, бофарҳанг истифода мебаранд.
Чанд сухан дар бораи муаллифи китоби дарсӣ. Муаллифи китоби дарсӣ ягон шахси фавқулода нест. Вай яке аз мутахассис ё муаллимони пешсаф аст, ки:
— фаннашро аъло медонад;
— фикрашро ифода карда, ба дигарон талқин карда метавонад;
— маҳорати касбӣ дорад;
— аз назария ва амалияи педагогика огоҳ аст;
— доираи назари васеъ дорад;
— дар баҳсу талош худаш ва ақидаашро ҳимоя карда метавонад;
— ниқорталаб нест.
Бисёр хуб мешавад, ки: а) Муаллифи китоби дарсӣ дар асоси озмун интихоб шавад; б) Мисли «Омӯзгори сол» ҳар сол «Муаллифи китоби дарсии сол» эълон намоем ва ба қадри заҳмати сазовори муаллифон бирасем.
Муҳаммад ЛУТФУЛЛОЗОДА,
академики Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон