ФАРЗАНДИ БУЗУРГИ МАШРИҚЗАМИН

Фарзанди барӯманди миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров миёни аҳли илму фарҳанг ва мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ соҳиби обрӯю эҳтироми баланде буд. Сабаби асосии ин маҳбубият, бешубҳа, вуҷуди саршор аз эҳсоси ифтихори миллиаш мебошад. Меҳру муҳаббати беандозаи Б.Ғафуров нисбат ба халқу Ватан, дилбохтагӣ ба таъриху фарҳанг ин шахси фозилро сазовори мукофоти олитарин — боварию эҳтиром ва эътирофи халқ гардонид.
Вобаста ба масоили мазкур дар китоби «Чеҳ раҳои мондагор» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намудаанд. Воқеан, яке аз дастовардҳои пурарзиши олим, ки ӯро абадан дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки соли 1972 дар Маскав ба табъ расид. Китоби «Тоҷикон» бо забонҳои ҷопонӣ ва полякӣ тарҷума ва нашр шуда, ҳамчунин, дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» дар баланд гардидани худшиносиву худогоҳии миллии халқи мо хидмати арзанда намуд. Устод Бобоҷон Ғафуров бо таълифи ин шоҳасар тавонист таъриху фарҳанги миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик сарф намудааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Инчунин, созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ буда, яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи устод як қатор донишкадаю донишгоҳҳо таъсис ёфтаанд.
Бо кумаки амалии ӯ гурӯҳи муаллифон бори аввал таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб навишта, солҳои 1963-1965 дар нашриёти «Наука»-и Москва чоп намуданд. Устод ҳамеша дар талошу ҷустуҷӯи захираҳо барои ободии диёри хеш буда, чун шамъ месӯхт, то роҳи дигаронро ба сӯйи ояндаи дурахшон равшан гардонад.
Хизмати ин олими забардаст дар интишори силсилаи осори хаттии халқҳои Шарқ басо бузург буда, бо ташаббуси ӯ аз хазинаи осори классикӣ беҳтарин офаридаҳои олимону шоирон ва нависандагони Шарқи қадим ва асрҳои миёна дастраси ҷаҳониён гаштанд. Фаъолияти илмиву сиёсии академик Бобоҷон Ғафуров нишон медиҳад, ки ӯ дар роҳи ба ҳам наздику ошно намудани тамаддуни халқҳои Шарқу Ғарб саҳми арзанда гузоштааст.
Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун олими дурандеш, пеш аз ҳама, ҳолатҳоеро ҷустуҷӯ мекард, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва иттиҳоду ягонагии миллатҳо мусоидат карда тавонад.
Таърихшиноси машҳури рус Литвинский назари хешро нисбат ба шахсияти устод Б. Ғафуров чунин иброз доштааст: «Замоне мерасад, ки ӯро аз санадҳои кӯҳна ва варақҳои зардшуда мекобанд. Вале ӯ имрӯз дар хотири хешон, дӯстон, шогирдон зинда аст, ба туфайли осори гаронмояаш».
Маҳз хизматҳои софдилона ва бузурги устод Б. Ғафуров буданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати тоҷикро шинохтааст.
Бо мақсади ба таври мукаммал ва ҳамаҷониба аз ҷиҳати илмӣ омӯхтани таърихи пурғановати халқи тоҷик, аллома Б.Ғафуров тавонист, ки заҳмати чунин муаррихони барҷаста аз қабили С. Андреев, А. Семёнов, Ю. Якубовский ва дигаронро ба ин самт равона намояд. Ба туфайли фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятии ӯ дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва махсусан, кишварҳои Шарқ муносибатҳои муътадили ти ҷоратию фарҳангӣ ба амал омаданд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз ҳангоми зиёрати устод Б.Ғафуров чунин иброз намуд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад».
Давлат РАҶАБОВ,
омӯзгор, ноҳияи Рӯдакӣ