Александр Сергеевич Пушкин асосгузори адабиёти рус эътироф шудааст. Ӯ зодаи шаҳри Москва буда, дар литсейи Сарское Село таҳсил намудааст. Дар 12–солагӣ ба ин муассисаи таълимӣ дохил гардида, шеъри нахус тинашро дар 15–солагӣ ба нашр расондааст, ки «Хотираҳо дар бораи Сарское Село» ном дорад. Минбаъд шеърҳояш «Шаҳрча», «Гул», «Хоб» «Орзу», «Ба дӯстон»… чоп шуда, истеъдоди фавқулодаи ӯро дар ҷодаи шоирӣ муайян намуданд.
Ашъори Пушкин руҳи ватандӯстона дошта, меҳру самимияти ӯро нисбат ба зодгоҳ, Ватан, дӯст доштани инсон ва монанди инҳо ифода мекунад. Дар ашъораш руҳи озодихоҳӣ, омезиши анъана ва навпардозиҳои далеронаи романтикӣ эҳсос мешавад. Чунин руҳия дар шеърҳои «Ба Чаадаев», «Ба Жуковский» хубтар ба назар мерасад. Шоир баъдтар ба таълифи достон пардохт. Нахустин достони ӯ «Руслан ва Людмила», ки ҳангоми таълифи он ҳамагӣ бисту як сол дошт, писанди хонандагон гардид. Шоир тавонистааст, ки дар ин достон тавассути образҳои афсонавӣ руҳи замон ва воқеияти зиндагиро бо маҳорати баланд таҷассум намояд. Достонҳои дигараш низ, аз ҷумла, «Бандии Қафқоз», «Бародарони ғоратгар», «Фаввораи Боғчасарой» аз шоири тавоно будани ӯ гувоҳӣ медиҳанд.
Романи манзуми «Евгений Онегин» ба Пушкин шуҳрати беандоза овард. Шоир ин романро ҳангоми сафар дар Қафқозу Қрим эҷод карда, дар он ишқу муҳаббати инсонӣ, озодӣ ва шахсияти озодипараст ро инъикос намудааст…
А. С. Пушкин бо ҷурми озод андешӣ ба деҳаи Михайловское бадарға мешавад. Маҳз дар ҳамин ҷо асарҳои дигари пурарзиши ӯ – «Граф Нулин», бобҳои асосии «Евгений Онегин», «Тирамоҳи Болдино» таълиф гардидаанд. Пушкин дар ин давра ба шаклҳои нави эҷодиёти бадеӣ рӯ овардааст, ки намунаи барҷастаи он фоҷиаи «Борис Годунов» мебошад. Дар ин асар шоир ба қонуниятҳои инкишофи ҷамъият, масъалаҳои иҷтимоию сиёсии давр дахл намудааст. Адиби шинохта як муддат худро дар бахши танқиди адабӣ низ санҷидааст. Мақолаҳои зиёди таҳлилиаш гувоҳи чирадаст буданаш дар ин соҳа мебошанд.
Қисмате аз асарҳои А. С. Пушкин дар асоси қиссаву ривоятҳои халқӣ офарида шудаанд ва хеле хонданиву ҷолибанд. Ҳикояҳои «Қиссаи поп ва хизматгори ӯ Ландаҳур», «Афсонаи шоҳ Султон», «Қиссаи шоҳдухтари мурда ва ҳафт паҳлавон», «Қиссаи моҳигир ва моҳии тилло» аз ҳамин қабиланд.
Соли 1836 Пушкин маҷаллаи «Современник»-ро таъсис дода, дар он беҳтарин қувваҳои адабиро ҷамъ овард. Вай чанде пеш аз марги фоҷиавии худ шеъри «Кохи ёдгор»-ро навишт, ки ба шеъру манзумаҳои дар ин мазмун офаридаи Фирдавсӣ ва Ҳомер монандӣ дорад. Муҳаққиқони осори ӯ зикр кардаанд, ки Пушкин ба адабиёти классикии форсу тоҷик таваҷҷуҳи хоса доштааст. Таъсири достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гулистон», «Бӯстон»-и Саъдиро дар достонҳои «Руслан ва Людмила», «Фаввораи Боғчасарой» ва ҳамчунин, дар лирикаи пуробуранги ӯ дидан мумкин аст. Шеъри Пушкин «Илҳом аз Ҳофиз» мисли ғазали дилошуб садо медиҳад ва намунаи назми асил аст. Як банди он дар тарҷумаи Лоиқ Шералӣ ин тавр садо медиҳад:
Маҷӯ номи баланд аз корзорон,
Ту, эй зебоҷавони беғаму доғ!
Марав, дар ҷанги хунрезӣ ба майдон
Қатори размхоҳони Қаробоғ.
Тарҷумаи намунаҳои назму насри Пушкин аз ибтидои асри ХХ шуруъ гардида, дар шакли мунтахабу маҷмуа, ҷилдҳои алоҳидаи шеъру достон нашр шудаанд. Адибони тоҷик, устодон А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, С. Улуғзода, М. Раҳимӣ, М. Фарҳат, Лоиқ, Ш. Мастон, С. Ҳалимшо, Гулрухсор, Қ. Киром, С. Маъмур ва дигарон қариб ҳамаи асарҳои Пушкинро ба тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Дар тарҷумаи роману повест ва шеъру достонҳои Пушкин услубҳои шарқию ғарбии нигориш ба ҳам омадааст.
Бештари асарҳои Пушкин ба барномаи дарсии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Бузургии ин шоири шаҳир дар ашъори С. Айнӣ «Ба Пушкин», А. Лоҳутӣ «Халқ ва ғазал», М. Турсунзода «Ба А. С. Пушкин» М. Миршакар «Месуруд аз барои озодӣ», Ҳ. Юсуфӣ «Ба Пушкин», А. Ҳамдӣ «Ба ҳайкали Пушкин» васф шудааст. М. Турсунзода Пушкинро қуллаи тобони назм номида аст. Вай маҳбубияти шоирро дар байни халқи тоҷик ин тавр тасвир кардааст:
Пушкин! Ту улфати пиру ҷавон гардидаӣ,
Узви ҳар як хонадони тоҷикон гардидаӣ.
Александр Сергеевич Пушкин ҳамагӣ 38 сол (1799 – 1837) умр дид, вале тавассути асарҳои безаволаш умри ҷовидона ёфт.
Таҳияи
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
